ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

МУСОДИРАИ ҚАРИБ 20 КИЛО АФЮН ДАР МАРЗИ ПАНҶАКЕНТ БО УРГУТИ ӮЗБЕКИСТОН (ВИДЕО)

дод, ки кормандони идораи ин ниҳод дар вилояти Самарқанд якҷо бо марзбонон аз як кӯшиши қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир тавассути марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон пешгирӣ кардаанд. Бино ба иттилои расмӣ, аз як сокини 26-солаи ноҳияи Ургут дар марзи ин ноҳия бо Тоҷикистон 19 килою 799 грамм маводи мухаддири навъи афюн ёфт ва мусодира кардаанд.

Ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбекистон бо ҷамоатҳои атрофи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз мебошад. Дар ин қисмати марз барои равуои мардум гузаргоҳҳои Ҷартеппа ва Саразм.

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки як мард бо халтаи пур аз маводи мухаддир талош дошт, ки марзро дар як макони пурсанги камодам убур кунад, вале афроди либоси ҳарбӣ дар тан ӯро дар рӯи сангҳо ба замин афтонда, ба пушт хобонданд ва дастҳояшро тоб дода, бастанд.

Нисбат ба ин сокини Ургут бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон: моддаи 246 (қочоқ) ва 273 (муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Бар асоси ҳарду банди қонун ба ӯ ҳамчун ҷазо аз 10 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст. Як қисми аъзами ин маводи мухаддир аз ҷониби қочоқбарон аз ҷумла бо истифода аз қаламрави Ӯзбекистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, интиқол дода мешавад.

Моҳи феврали соли 2022 Кумитаи давлатии боҷхона ё гумруки Ӯзбекистон хабар дод, ки кормандонаш дар боҷхонаи “Ойбек” дар марзи вилояти Тошканд бо вилояти Суғди Тоҷикистон аз як пинҳонгоҳ дар дохили як мошини боркаш, ки аз Тоҷикистон тавассути Ӯзбекистон ба Русия сафар дошт,  232 бастаи вазни умумиашон 229 килоро пайдо кардаанд. Ташхис нишон дод, ки дар ҳар як баста 719 грамм маводи мухаддири навъи ҳероинро ҷой карда будаанд. Нархи ин миқдори ҳероин дар бозори чиёҳи Аврупо аз 12 то 14 миллион доллар баровард мешавад.

Ҳамин тавр, моҳи ноябри соли 2021 кормандони ҳамин боҷхонаи “Ойбек” аз як пинҳонгоҳ дар дохили як мошини боркаш, ки аз Тоҷикистон ба Русия қариб 21 тонна ангур мебурд, дар умум 156 кило маводи мухаддири “афғонӣ”, аз ҷумла наздики 150 кило кило ҳашиш (чарс), қарим чоруним кило афюн ва беш аз якуним кило ҳероин пайдо карда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button