ВарзишТоҷикистонЧеҳраҳо

ПРЕЗИДЕНТИ ИТТИҲОДИЯИ ҶАҲОНИИ БОКС УМАР КРЕМЛЁВ АЗ ҲИСОР ВА ПИСАРИ БОБОИ НАЗАР БУДААСТ (8 АКС)

Ватани падарии Умар Кремлёв, президенти Иттиҳодияи Ассосиатсияи байналмилалии бокс (AIBA), ки соли 2020 дар ин мақом Ғафур Раҳимов, маъруф ба Ғафурбойбача, як чеҳраи пурсарусадо аз Ӯзбекистонро иваз кард,  деҳаи  Гулдара (собиқ Ҷиндара) дар дараи Алмосӣ дар канори шаҳри Ҳисор будааст ва ахиран ҳамроҳи падараш Назар Сафаров аз Ҳисор боздид кардааст.

Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Ҳисор дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри чанд акс хабар дод, ки рӯзи 22 марти соли 2023 раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо иштироки чеҳраи шинохтаи диёр Муродалӣ Алимардонов шаҳрванди Русия Назар Сафаровро, ки зодаи деҳаи Гулдара (собиқ Ҷиндара)-и ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ мебошад, ҳамроҳи фарзандаш Кремлёв Умар Назарович (Лутфуллоев) ба ҳузур пазируфт.

Кремлёв Умар Назарович – писари бобои Назар аз асосгузорони Хазинаи умумиҷаҳонии боксёрон рафта, роҳбарии  ин Хазина ва вазифаи президенти Иттиҳодияи байналмилалии боксро бар дӯш дорад.

Умар  Кремлёв дар суҳбат бо раиси шаҳр иброз дошт, ки бо хоҳиши падар тасмим гирифтааст,  як гӯшаи Тоҷикистонро дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, ки зодгоҳи падару бобоёнаш маҳсуб меёбад, обод намояд. Кремлёв бо зикри ин ки бо мавзеъ шинос аст, ба раиси шаҳри Ҳисор чанд тарҳеро, мехоҳад амалӣ намояд, аз ҷумла азнавсозии 20 километр роҳи дараи Алмосӣ аз гардиши шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ва бунёди марказҳои бузурги савдою хизматрасониро дар маркази ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ пешниҳод кардааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Ҳисор, Умар Кремлёв бо пешниҳоди шаҳрдори Ҳисор Қосим Раҳбар ҳамчунин бунёди Мактаби варзишӣ дар риштаи боксро дар водии Ҳисор низ низ ба уҳда гирифтааст ва Қосим Раҳбар ба навбати худ пешниҳоди ба номи Назар Сафаров, падари Умар Кремлёв, президенти Иттиҳодияи умумиҷаҳонии бокс номгузорӣ шудани ин мактаби варзиширо бо хушнудӣ истиқбол кардааст.

Умар Кремлёв ваъда додааст, ки  роҳи дараи Алмосӣ бо сифати баланд, мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо ҷалби ширкатҳои маъруфи роҳсозии кишвар азнавсозӣ гардида, то охири тобистони соли равон, дар арафаи таҷлили Истиқлолияти Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Кремлёв Умар Назарович 1 ноябри соли 1982 дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав дар оилаи Назар Сафаров ва Олга Кремлёва ба дунё омадааст. Ӯ Академияи давлатии хидматрасониҳои коммуналӣ ва сохтмони Маскавро хатм кардааст.  Умар Кремлёв дар ҷавонӣ машқи бокс мекард, вале бештар ҳамчун промоутер ном бароварда буд.

Соли 2017 президенти Федератсияи бокси Русия ва соли 2018 узви Кумитаи иҷроияи Иттиҳодияи байналмилалии бокс интихоб шуд. Соли 2020 вақте боксро ба далели раҳбарии ин Иттиҳодияро ба дӯш доштани Ғафурбойбача аз Бозиҳои олимпии Токио хориҷ карданӣ шуданд, Ғафурбойбача аз президентӣ истеъфо дод ва ба ҷои Умар Кремлёв президенти Иттиҳодияи байналмилалии бокс (AIBA) интихоб шуд.

Умар Кремлёв нахустин нафаре бо решаҳои тоҷикист, ки ба мақоми раҳбарии як созмони муътабари ҷаҳонӣ дар риштаи варзиш расидааст.

https://www.facebook.com/groups/240938064894855/posts/523279153327410/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Аз ду миллион муҳоҷири тоҷик касе, ки муваффақу комёб шуд, фарзанди ин диёру ин ватан гуфта, ифтихор мекунанд, бақия мардум ғуломвор кор мекунанд, ҳеҷ ифтихоре насибашон нест!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button