ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ЭЪТИРОЗҲОИ ТАРАФДОРОНИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК ДАР БЕРЛИН (ВИДЕО)

Рӯзи 25 марти соли 2023 гуруҳе аз тарафдорони оппозитсияи тоҷик бо ҷамъе аз шаҳрвандони Олмон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон тазоҳуроти эътирозӣ доир карданд. Тазоҳургарон раҳоии маҳбусони сиёсӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Абдуллоҳи Шамсиддинро, ки 18 январи соли ҷорӣ аз Олмон ихроҷ ва баробари расиданаш ба Душанбе ба ҳабс гирифта шуд,  талаб карданд. Тазоҳуроти аввал дар назди бинои вазорати хориҷаи Олмон сурат гирифт ва сипас тазоҳуроти дуюм дар майдони назди бинои Бундестаг, парлумони ин кишвар.

Ҳарчанд ташкилкунандагонаш шумораи тазоҳургарон аз 100 то 150 нафар мегӯянд, вале дар аксу видеоҳо шумори мардуми ҷамъшуда камтар ба назар мерасад.

Фарҳод Одинаев, яке аз фаъолони оппозитсияи тоҷик бо ирсоли аксҳову видео аз ҷараёни тазоҳурот ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки ташаббускори гирдиҳамоии аввал дар назди вазорати хориҷаи Олмон худи шаҳрвандони ин кишвар аз ҷумлаи онҳое буданд, ки Абдуллоҳи Шамсиддинро мешинохтанд, ва тарафдорони мухолифин онҳоро ҳамроҳӣ карданд. Ба гуфтаи ӯ, ҷамъе аз зодагони Бадахшон, ки баъди саркӯби хунини эътирозҳо дар ин вилоят ба Аврупо паноҳ бурдаанд, низ дар эътирозҳои Берлин иштирок карданд.

Аз роҳбарони мухолифин аз ҷумла раиси Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи дар Тоҷикистон мамнӯи нирӯҳои мухолифин Муҳиддин Кабирӣ, муовини ӯ Алим Шерзамонов, намояндаи дигари ПМТ Маҳмудҷон Файзраҳмон, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо Илҳомҷон Ёқубзода дар тазоҳуроти Берлин иштирок доранд.

Дар шиорҳои иштирокчиён аксҳои зиндониёне, чун Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳаит, Зубайдуллоҳи Розиқ ва писараш, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Саидов, Улфатхоним Мамадшоева ва шавҳари собиқаш генерал Холбаш Холбашев, Манучеҳр Холиқназаров, Чоршанбе Чоршанбиев ва Фаромӯз Иргашов ва дигарон дида мешаванд.

Як рӯз қабл хабар омад, ки касе аз тарафдорони мухолифин дар дари бинои сафорати Тоҷикистон дар Берлин аксҳои танзомези президентҳои Тоҷикистон ва Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путинро овезон кардааст.

Сабаби ин эътирозҳо хабарҳои расман тасдиқношудаест, ки мегуфтанд, Эмомалӣ Раҳмон дар пайи иштирок дар анҷумани оби Созмони Милал дар Ню Йорк аз чанд кишвари Аврупо, аз ҷумла аз Олмон низ боздид мекунад. Вале дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо ягон иттилои расмӣ нашр нашудааст.

Дар баробари талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ, як талаби дигари мухолифини тоҷик аз давлатҳои Аврупо дар ин эътирозҳо ин аст, ки бо даъвати ҳокимони худкома ба сафарҳои расмию ғайрирасмӣ ба ҳукмронии онҳо машрӯият набахшанд.

Мақомоти Тоҷикистон ин эътирозҳои мухолифини тоҷик дар Аврупоро ҳанӯз расман шарҳ надодаанд, вале тарафдорони ҳукумат менависанд, ки оппозитсия дигар дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон нақши чашмгире надорад ва эътирозҳояш низ асаре нахоҳанд дошт. На ба ҳукумати Тоҷикистон ва на ба тасмимгирии ҳукуматҳои давлатҳои дигар, ки оё Эмомалӣ Раҳмонро  ба кишвари худ даъват кунанд ё на?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Оё кабирӣ шоху думи зиётӣ дорад, ки на аксе на шиоре дар даст намебардорад, фардо президент шавад, мисли эмомалӣ худхоҳу худписанду худкома хоҳад шуд? Пас фарқ миёни туву ӯ чист, бигӯ?!

  2. Академик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Шаҳрванди 31-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти “Қаҳрамон”-и ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, Раиси ҳизби навтаъсиси “Тағйири Тоҷикистон” Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффор ду нафарро ба мунозира (дебат) даъват мекунад: Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳиддин Кабириро…бо чаҳор забон: форсӣ (тоҷикӣ), арабӣ, русӣ ва англисӣ дар дилхоҳ мавзӯъ: аз ҷангу сулҳ гирифта, то дину мазҳабу фарҳангу санъату саноату ҳукумату салтанату сиёсати дохилию хориҷиву ғайраву ғайра… дар аввалин дақиқаҳои дебат дилхоҳ рақибро шикаст хоҳам дод. Агар президент шавам, Тоҷикистонро дар 100-рӯз тағйир медиҳам, чаҳор сол дар курсии президентӣ мемонам, авфи умумӣ эълон мекунам, охирин тоҷикистоние, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор дорад, ба ватан бармегардонам, ба ҷойи кори доимию маоши баланд таъмин менамоям, фарзандонамро аз сиёсат, мансаб, ҷоҳу мақом ва бизнесу тиҷорат ҳазорҳо километр дур нигоҳ медорам, интихоботи шаффофу озодро таъмин менамоям, дар рӯзи интиқоли сулҳомези қудрат ба президенти мунтахаб (интихобшуда) тӯйю хурсандӣ барпо мекунам. Қарзи хориҷии Тоҷикистонро дар як сол баробар (расчёт) мекунам, Душанберо метропеч мекунам, мушкилоти марзиро дар 90-дақиқа ҳал мекунам, хизмати ҳарбиро яксола, ихтиёрӣ ва шартномавӣ мекунам, телевизион ва радиоро мардумӣ, халқӣ, оммавӣ, дастрас, озод, мустақил, шаффоф ва хидматгузор мекунам, қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро барҳам медиҳам, қонуни пешво ва шахсиятпарастиро барҳам медиҳам, ибораҳои сиёсии “ҷаноби олӣ”, “муҳтарам”, “падари миллат”, “пешво”, “асосгузор” ва ғайраро экстримистӣ эълон мекунам. Дар ҳамин мавзӯъҳо касе мехоҳад, марҳамат мунозира!!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button