ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҶАСАДИ РОНАНДАИ “МЕРСЕДЕС”-РО АЗ КАНАЛИ СТАЛИН БАЪДИ ЯК РӮЗ ЁФТАНД

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  рӯзи 25 марти соли 2023 хабар дод, ки ҷасади ронандаеро, ки нимаи дуюми рӯзи 23 март дар ноҳияи Ваъш бо мошинаш ба канали ба номи Сталин  ғарқ шуда буд, баъди соатҳои ҷустуҷӯ дуюним километр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо кардаанд.

Нимаи дуюми рӯзи 23 марти соли 2023 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар расид, ки дар ҳудуди деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш як мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, ки аз ҷониби як сокини 27-сола идора мешуд, бо сабабҳои номаълум ба канали ба номи Сталин сарозер шудаву ғарқ гаштааст.

Навбатдорони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ мошини садамадида ва як зани мусофирро аз дохили он берун оварданд. Зани мусофир бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ карда шуд, аммо ҷустуҷӯи ронанда дар он рӯз бенатиҷа анҷом ёфт.

Рӯзи 24-уми марти соли равон, соати 10:55, билохира наҷотдиҳандагон ва ғаввосон ҷасади ронандаро дар масофаи 2,5 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса, дар қаламрави деҳаи Гулисанги ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷомӣ пайдо карда ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки 23-юми марти соли 2023, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Раҷабов Маҳмадзоир Ҳамроевич, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Левакант, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ҷамоати деҳоти Ваҳдат ба самти шаҳри Левакант, аз уҳдаи идора кардани воситаи наклиёт набаромада ба канори тарафи рости роҳ баромада, ба канали обгузар автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина, Рустамова Хуршеда Ҳусейновна, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Вахш, аз дохили об мебарояд ва худи ронанда, Раҷабов М.Ҳ. дар об ғарқ шуд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button