ВидеоИқтисодТоҷикистон

ИТТИЛОИ РАСМӢ: ЗАМИНЛАРЗА ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ВА РАШТУ НУРОБОД 216 ХОНАРО ВАЙРОН КАРДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 25 марти соли 2023 дар сомонааш натиҷаҳои кори гуруҳҳои кориеро, ки барои ҳисобу китоби ҳаҷми зарари расида бар асари заминларзаи шаби 23 март таъсис дода шудаанд, нашр кард. Матни ин ҳисоботро пурра меорем:

24 марти соли 2023 гурӯҳи кории Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳудуди деҳаҳои Палдорак, Ярм ва Пакшифи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 144 хонаро аз назар гузаронд.

Санҷиш нишон дод, ки дар деҳаи Палдорак 77 хона зарар дидааст, аз ҷумла 2 хонаи истиқоматӣ пурра хароб шудааст ва 20 хонаи дигар қисман рӯ ба харобӣ овардааст.

Дар деҳаи Ярм 18 хонаи аз заминларза зарардида аз назар гузаронида шуд ва комиссия ба хулоса омад, ки аз ин миқдор шаш манзили истиқоматӣ қисман зарар дидааст.

Дар деҳаи Пакшиф заминларза дар умум ба 49 хона зарар расондааст. 

Дар маҷмуъ, дар қаламрами ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар натиҷаи заминларзаи ахир 144 хонаи истиқоматии сокинон зарар дидааст, ки аз ин миқдор ду хона пурра вайрон шудааст, 26 хона қисман зарар дидааст.

Қарор аст Комиссия то охири  имрӯз, 25-уми март ба кори худ поён диҳад.   

Ҳамчунин дар заминларзаи рӯзи 23-уми марти соли равон хонаҳои истиқоматӣ дар ҷамоати Такоба ва Оби Меҳнати ноҳияи Рашт зарар диданд. Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда манзили истиқоматии шаҳрвандонро пурра аз назар гузаронд ва маълум шуд, ки 53 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст, ки аз ин 31 хона қисман хароб шудааст.

Бояд қайд кард, ки аз ин 25 хонаи истиқоматӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Такоба ва 6 хона дар ҷамоати деҳоти Оби Меҳнат мебошад. Комиссияи ноҳиявӣ ҳоло ҳаҷми умумии зарари расидаро ҳисоб мекунад.

Дар натиҷаи заминларзаи рӯзи 23-уми марти соли равон ба як қатор хонаҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасони аҳолии деҳаи Пандовчии ҷамоати деҳоти Меҳробод ва рустои Кабутиёни ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод зарар расид.   

Комиссия ошкор кард, ки дар ҳудуди деҳаи Пандовчӣ 7 хоҷагӣ ва дар деҳаи Кабутиён 12 хоҷагӣ зарар дидаанд. 

Комиссия ба хулоса омад, ки ин хонаҳои зарардида солҳои 70 ва 80-и асри гузашта сохта шудаанд ва ҳангоми бунёди онҳо қоидаҳо ва меъёрҳои сохтмону меъморӣ комилан риоя нашудааст. 

Ҳамаи ин сохтмонҳои зарардида дар ёнаҳо ва теппаҳо сохта шудаву онҳо таҳкурсӣ ҳам надоштанд. Дару девори ин хонаҳо фарсуда шуда ва муҳлати истифодаашон низ гузаштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button