АфғонистонВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ҲАЙЪАТИ ТОЛИБОН БОРИ АВВАЛ АЗ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД КАРДААСТ

Вазорати корҳои хориҷии “Толибон” хабар дод, ки “ҳайате аз ин  вазорат аз консулгарии Афғонистон дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон дидан кардааст.

Абдулаҳҳор Балхӣ, сухангӯи ин вазоратхонаи “Толибон” дар Твиттер  навишт, ки ин сафар рӯзи шанбеи 5-уми ҳамал (баробар ба 25-уми марти соли 2023)  сурат гирифт ва Ҳоҷӣ Муҳаммадмӯсо Амирӣ, раиси молӣ ва идории вазорат умури хориҷӣ раёсати ин ҳайатро ба ӯҳда дошт.

Ҳамчунин Балхӣ афзуд, ки “ин ҳайат афзун бар арзёбии умри консулӣ, хисороти расида ба таъмири консулгариро низ баррасӣ намуда, арзёбии худро ба вазорати хориҷии “Толибон” дар миён гузоштааст”.

Бино ба гуфтаи “Толибон”,  “консулгарии Афғонистон дар Хоруғи Тоҷикистон дар паи сарозер шудани барфкӯч (тарма) осеб дида аст”. Вале ҳукумати “Толибон” акс ва ё видиоеро аз ҷараёни сафари худ ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон нашр накардаанд.

Сафорати Афғонистон дар Душанбе, ки то ҳол ба “Толибон вогузор нашудааст, ҳанӯз дар мавриди ин иддаои “Толибон” дар бораи боздидашон аз консулхонаи Афғонистон дар Хоруғ чизе нагуфтааст. Дар сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ чизе дар ин маврид нашр нашудааст ва ягон мақоми расмии Тоҷикистон низ дар бораи сафари Толибон  изҳори назар накардааст.

Аммо дар ҳамин ҳол, бино ба навиштаи шабакаи Afghanistan international , сафири ҳукумати пешини Афғонистон Муҳаммадзоҳир Ағбар ба ин расона гуфтааст, ки “ин консулгарӣ аз якуним сол қабл фаъолият надорад ва тамомии равобити дипломатӣ аз тариқи сафорати Афғонистон дар Душанбе анҷом мешавад”.

Бар асари тармаи пурқурбоние, ки рӯзи 15 феврали соли 2023 ба маҳаллаи Носири Хусрав (собиқ Шошхоруғ), дар канори шаҳри Хоруғ фурӯ рехт, 15 нафар ба ҳалокат расида, чандин бино, аз ҷумла бинои консулгарии Афғонистон низ зери тарма монда буд.

Тоҷикистон то кунун ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият нашинохтааст ва бар хилофи дигар кишварҳои минтақа дипломатҳои “Толибон”-ро низ напазируфтааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора мухолифати худро ба сиёсатҳои “Толибон” эълом мекунад. Ӯ аз ҷумла моҳи сентябри соли 2022 дар 76-умин иҷлосияи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, ки “бояд дар Афғонистон интихобот баргузор шавад, то ҳама ақвом дар идораи давлат ҳузур дошта бошанд”. Эмомалӣ Раҳмон чандин бор гуфтааст, бояд дар Афғонистон ҳукумати фарогире рӯи кор биояд, ки дар о намояндагони ақвоми мухталиф, бахусус ба тоҷикҳои он сӯи Омӯ, ки ба гуфтаи Раҳмон, 46 фоизи аҳолии  Афғонистонро ташкил медиҳанд, ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд.

Вале ҷониби”Толибон” Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Тоҷикистонро ба  “дахолат ба умури дохилии Афғонистон” ва ҳамчунин дар қаламрави худ паноҳ додан ба раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки ба зидди Толибон меҷангад, айбдор мекунанд ва чандин бор таҳдид кардаанд, ки метавонанд дар посух ба паноҳ додани Душанбе ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ онҳо ҳам дар Афғонистон ба мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Тоҷикистон паноҳгоҳ ва ҷои по бидиҳанд. Чанд мақоми Толибон ҳатто таҳдид карда буданд, ки нирӯҳояшон қодиранд Тоҷикистонро дар байни як шабонарӯз тасарруф кунанд.

Ва аммо бо вуҷуди сардии муносибатҳо, тиҷорат байни Тоҷикистону Афғонистон дар аҳди Толибон рӯ ба афзоиш овардааст ва ширкати “Барқи Тоҷик” моҳи январ шартномаи интиқоли нирӯи барқ ба Афғонистонро бо намояндагони Толибон боз як соли дигар тамдид кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳамсоя ва ҳамҷавор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Ё ба расмият мешиносед ё бо як ҳамлаи густурда афғонистонро аз дасташон мегиред, роҳи сеюм вуҷуд надорад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button