ВидеоДин ва боварҳоТаърихФарҳанг

ЯК ВИДЕОИ ТАЪРИХИИ ҲОҶӢ АКБАРИ ТӮРАҶОНЗОДА АЗ СОЛИ 1989

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеоеро фиристоданд, ки соли 1989 сабт шудааст ва дар он Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, ки он вақт ҳамагӣ 35 сол дошт ва ҳанӯз риш надошт, дар бораи Наврӯз ва то куҷо ҷоиз будани таҷлили ин ид аз сӯи мусалмонон суҳбат мекунад. Ба эҳтимоли ғолиб, ин видео баъди хатми таҳсил дар Донишгоҳи Урдун ба Душанбе баргаштану дар идораи қозиёти мусалмонони Тоҷикистон ба кор пардохтани Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода сабт шудааст.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаи ҷавон дар ин навор дар ҳоле, ки ба фавҷи беисти намозгузорон салому алейк мекард, дар мавриди иди Наврӯз мегӯяд: “Дар ҳақиқат, иди Наврӯз ин як иди пешазисломӣ аст. Албатта, он одатҳову анъанаҳояш, ки ба ҷоҳилият, ба оташпарастӣ ва бутпарастӣ дошт, онҳоро Ислом қабул намекунад, аммо ҳамчун иди соли нави ҳиҷрии шамсӣ ва ҳамчун иди баҳор дар Ислом истиқболаш машрӯъ аст. Яъне манъ нест. Мушрикҳо то дини Ислом дар рӯзи ин ид барои бутҳову худоҳои худ қурбонӣ мекарданд. Қурбониаш дар Ислом мамнӯъ ва ҳаром аст. Мусулмонон иди Наврӯзро ҳамчун иди соли нави ҳиҷрии шамсӣ, ҳамчун иди баҳор ва ҳамчун иде, ки тамоми табиат ба қудрати Илоҳӣ аз сари нав зинда мешавад, ид мекунанд. Ин барои мусалмонон боз ибрат аст, ки бо омадани баҳор ба мусалмонон тазаккур медиҳад ба рӯзи қиёмат. Ҳадисҳои бисёре ҳаст, Аллоҳ Таъоло ҳам дар Қуръони азимушшаън овардааст, ки чуноне ки табиати мурдаро Парвардигор қудрат дорад ва зинда мекунад, рӯзи Қиёмат ҳам барпо шуданаш барҳақ аст. Бино бар ин, ин ҳам ид аст, ҳам ибрат аст  иди Наврӯз. Аз ин сабаб аҷдоди мо пеш аз Ислом ҳам ҷашн мегирифтанд ва баъди омадани Ислом ҳам то имрӯз ҷашн гирифта, омада истодаанд”.

Ин суханони Тӯраҷонзода дар бораи ҷоиз будани таҷлили Наврӯз барои мусалмонон дар ҳолест, ки солҳои охир бархе воизони, ба истилоҳ, “навбаромад” кӯшиш доранд, то иди Наврӯзро ҳамчун “бидъат” ҳукм кунанд ва мусалмононро аз таҷлили он манъ кунанд. Ҷунбиши тундрави Толибон, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст, имсол таҷлили Наврӯзро манъ кард.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, яке аз чеҳраҳои дурахшони арсаҳои динию сиёсии поёни асри бистум ва аввали асри кунунии Тоҷикистон, 69 сол дорад. Ӯ 16 феврали соли 1954 дар деҳаи Туркобод (ҳоло Ваҳдатобод)-и ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) дар хонаводаи рӯҳонии шинохта Эшони Тӯраҷон ба дунё омадааст. Эшони Тӯраҷон яке аз пешвоёни равияи Қодирияи тариқати тасаввуф дар Тоҷикистон шумурда мешуд ва дар Узбекистону Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ ҳазорон мурид дошт.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода таҳсилоти диниро аввал пеши падараш гирифта, соли 1972 ба мадрасаи “Мири Араб”-и Бухоро дохил шуд. Ӯ соли 1977 ин мадрасаро ба поён расонда, шомили Донишгоҳи исломии ба номи Имом Бухории шаҳри Тошканд, танҳо мактаби олии мазҳабӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ шуд ва соли 1980 ин донишгоҳро хатм кард.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода солҳои 1980-1982 дар шӯъбаи равобити хориҷии Идораи динии мусалмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон, маъруф ба САДУМ, кор карда, соли 1982 барои идома таҳсил ба Урдун рафт ва соли 1987 факултаи Шариати Донишгоҳи Урдунро хатм кард.

Баъди бозгашт аз Урдун Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ду сол – солҳои 1987-1988 – дар Донишгоҳи исломии Тошканд устоди фанҳои фиқҳ ва ҳадис буд.

Соли 1988 Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки ҳамагӣ 34 сол дошт, раҳбари Идораи мусалмонони Тоҷикистон интихоб шуд. Ин идора дар он даврон бо номи Қозиёт маъруф буд ва Тӯраҷонзодаро ба ин далел қозии мусалмонони Тоҷикистон ном мебурданд.

Исми Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ибтидои соли 1990, ҳангоми миёнаравиаш байни тазоҳургарон ва ҳукумат дар рӯзҳои гирдиҳамоиҳои хунини моҳи феврал дар Душанбе расонаӣ шуд. Ӯ дар поёни моҳи феврали соли 1990 аз ҳавзаи Карим Исмоилови ноҳияи Орҷоникидзеобод вакили Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон интихоб шуд.

Солҳои 1990- 1992 даврони пуршӯре дар таърихи ҳаракатҳои милливу озодихоҳӣ ва мазҳабӣ дар Тоҷикистон буд ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ин ҳодисот дар сафи пеш қарор дошта, дар гирдиҳамоиҳои тирамоҳи соли 1991 ва баҳори соли 1992 аз мухолифин ҳимоят кард ва аз тарафдорони Ҳукумати муросои миллӣ, ки моҳи майи соли 1992 дар пайи пирӯзии тазоҳургарони майдони Шаҳидон бар тазоҳургарон аз майдони Озодӣ рӯи кор омад, ба шумор мерафт.

Аммо Ҳукумати муросои миллӣ дар ҷанги шаҳрвандие, ки тобистони соли 1992 оғоз ёфт, шикаст хӯрд ва моҳи ноябри соли 1992, Шӯрои олӣ ин ҳукуматро ба истеъфо фиристода, Эмомалӣ Раҳмонро ба намояндагӣ аз Фронти халқӣ – ҷониби дигари ҷанги шаҳрвандӣ раҳбари аввали кишвар интихоб кард. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баъди ин аз кишвар фирор кард ва муддате дар Афғонистон ва сипас то соли 1998 дар Эрон паноҳ бурд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар солҳои ҳиҷрат ба ҳайси муовини раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик раёсати ҳайъати мухолифин дар музокироти сулҳ бо ҳукуматро бар дӯш дошт.

27 июни соли 1997 дар Маскав байни ҳукумат ва мухолифин Созишномаи сулҳ ба имзо расид, ки бар асоси он 30 дарсади мансабҳои ҳукуматӣ ба мухолифин бояд дода мешуд. Тӯраҷонзода бар асолси ин саҳмияи 30-фоиза муовини сарвазири Тоҷикистон дар умури равобит бо кишварҳои СНГ таъйин шуд ва соли 1998 ба Тоҷикистон баргашт.

Ӯ то поёни соли 2006 дар ин мақом кор кард ва баъди барканориаш то соли 2010 узви Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буд.

Баъди тарки мақомҳои давлатӣ 13 соли охир Тӯраҷонзода асосан дар зодгоҳаш – деҳаи Ваҳдатобод ба сар мебарад.

Соли 2012 масҷиди “Муҳаммадия”, ки Тӯраҷонзодаҳо дар Ваҳдатобод сохта буданду имомаш Эшони Нуриддинҷон, бародари Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода буд, бо баҳонаи баргузории маросими Ошӯро баста шуд. Ин масҷид то баста шуданаш яке аз пуртарафдортарин масҷидҳои кишвар ба шумор мерафт ва ҳар рӯзи ҷумъа барои адои намоз ва шунидани мавъизаҳои Эшони Нуриддинҷону бародари хурдиаш Эшони Маҳмудҷон ҳазорон нафар ба инҷо меомаданд.

Бори охир Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар соли 2013, қабл аз интихоботи президентӣ аз худ дарак дод. Ӯ аз номзади ягонаи мухолифин Ойниҳол Бобоназарова ҳимоят кард, вале ситоди Бобоназарова 200 ҳазор имзои лозим барои сабти номзадии ӯро ҷамъ оварда натавонист.

Бародарон Тӯраҷонзодаҳо баъди танг шуданашон аз минбари масҷидҳои расмӣ дар Интернет барои ҳифзи тамос бо пайравони худ сомонаи “Тӯраҷон”-ро боз карда буданд. Вале дастрасӣ ба ин сомонаро низ чанд сол боз масдуд кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Нахуст ташаккури зиёд ба Бомдод барои бознашри ин видео ва макола. Мехостам изофа кунам ки унвони Кози не Козикалонро доштанд.Дигар ин ки бори охир баъди чанги киргизу точик дар бахори соли 2021 мусохибаи устод Турачонзода бо Пирмухаммадзода ки ходо зиндони аст низ манзури ом гашта буд.

  2. Исломшинос Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    Паёмбар (с) фармуданд: “في الإسلام عيدان” (“дар ислом ду аст”).

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button