ВидеоНомаҳо ба президентСиёсат

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОДГОҲҲО, ДОНИШГОҲИ ДАНҒАРА, “ТОҶИКСТАНДАРТ” ВА ЧАНД ИДОРАИ ДИГАР

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 марти соли 2023 дар ҳайъати идораҳои давлатӣ як силсила тағйироти кадрӣ анҷом дод. Аз ҷумла бо фармони президент, Ҷалилзода Хусрав Раҷабалӣ бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шуда, Мирзозода Парвиз Таваккал раиси суди иқтисодии вилояти Суғд таъин карда шуд. Ҳамчунин бо амри президент, Назарзода Зарина Нарзиқул муовини мудири Агентии омор таъйин гардида,  бо қарорҳои ҳукумат, Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, ки то имрӯз муовини вазири маориф ва илм буд, аз ин вазифа озод ва билофила ректори Донишгоҳи давлатии Данғара таъин карда шуд. Хайрзода дар ин мақом Шоҳиён Нуралӣ Наботро иваз кард. Шоҳиён “бо сабаби ба нафақа баромадан” аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Данғара озод карда шудааст.

Ҳамин тавр, бо қарорҳои ҳукумат, Шерзода Ситора Ҷалол “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини мудири “Тоҷикстандарт” (Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҶТ) озод карда шуда, ба ҷои Рустамзода Малоҳат Рустам муовини раҳбари ин идора таъйин гардидааст.

Аламзода Исроил Бобо  “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини якум ва муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ озод карда шуда, ва  Мирзозода Ардашери Абдуғаффор, ки то имрӯз муовини оддии раҳбари ин ниҳод буд, муовини якум ва Азиззода Табассум Баҳром муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ таъйин шуданд.

Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат, Ҷумазода Сабур Ҷамол “бо сабаби ба нафақа баромадан” аз вазифаи муовини мудири Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ озод карда шуда, Зарифзода Хуршед Зариф муовини якум ва Сафарзода Алим муовини раҳбари ин агентӣ таъйин карда шуданд. Ҳамчунин бо қарори ҳукумат аз 16 март, Каримзода Раъно Алиҷон муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукуматии ҶТ  таъин карда шудааст.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҷалилзода Хусрав Раҷабалӣ бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шавад.

2. Мирзозода Парвиз Таваккал раиси суди иқтисодии вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 марти соли 2023
№542

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Назарзода Зарина Нарзиқул муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 марти соли 2023
№АП-348

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 марти соли 2023 №98
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Хайрзода Ш.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 марти соли 2023 №99
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Данғара
озод намудани Шоҳиён Н.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шоҳиён Нуралӣ Набот бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Данғара озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 марти соли 2023 №100
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини директори Агентии
стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти
савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Шерзода С.Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шерзода Ситора Ҷалол бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 марти соли 2023 №101
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми сардори Хадамоти назорати
давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Аламзода И.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Аламзода Исроил Бобо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 марти соли 2023 №102
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини сардори Хадамоти назорати
давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Мирзозода А.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мирзозода Ардашери Абдуғаффор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 марти соли 2023 №103
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини директори Агентии беҳдошти замин
ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҷумазода С.Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҷумазода Сабур Ҷамол бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

аз 16 марти соли 2023 №104
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишгоҳи давлатии Данғара
таъин намудани Хайрзода Ш.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ректори Донишгоҳи давлатии Данғара таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 марти соли 2023 №105
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин
ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Зарифзода Х.З.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Зарифзода Хуршед Зариф муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 марти соли 2023 №106
ш. Душанбе

Дар бораи муовини директори Агентии беҳдошти замин
ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сафарзода А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сафарзода Алим муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 марти соли 2023 №107
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Кумитаи бехатарии
озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Каримзода Р.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Каримзода Раъно Алиҷон муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 марти соли 2023 №108
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми сардори Хадамоти назорати
давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Мирзозода А.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мирзозода Ардашери Абдуғаффор муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 марти соли 2023 №109
ш. Душанбе

Дар бораи муовини сардори Хадамоти назорати
давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Азиззода Т.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Азиззода Табассум Баҳром муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 марти соли 2023 №110
ш. Душанбе

Дар бораи муовини директори Агентии стандартизатсия,
метрология, сертификатсия ва нозироти савдои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Рустамзода М.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Рустамзода Малоҳат Рустам муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button