ВидеоДин ва боварҳо

ОҒОЗИ РАМАЗОН – 23 МАРТ, ФИТРИ РӮЗА – 7 СОМОНӢ, НИСОБИ ЗАКОТ – 32 ҲАЗОРУ 300 СОМОНӢ

Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи расмии Кумитаи дин ва танзими анъанаҳои Тоҷикистон, рӯзи 16 марти соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки 23 март дар ҷумҳурӣ расман ҳамчун рӯзи шурӯи моҳи шарифи Рамазон эълон шудааст.

Бино ба ин манбаъ, фитри рӯза 7 сомонӣ ва фидяи савм  барои онҳое, ки бо як далели узрнок рӯза гирифта наметавонанд, барои 30 рӯзи моҳи Рамазон 420 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Ҳамин тавр, мусалмононе, ки дороияшон аз 32 ҳазору 300 сомонӣ, ё тақрибан 3 ҳазор доллар бештар аст, бояд закот бисупоранд. Закот аз 32 ҳазору 300 сомонӣ дар ҳадди 800 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Дар умум, ба ҳисобҳои ҳозира, закоти мол тақрибан 2,5 фоиз аз ҷамъи дороиҳои воҷибулзакотро ташкил медиҳад.

Мусулмонон бояд ҳар сол як маротиба барои тоза кардани моли худ аз дороиҳояшон закот бисупоранд. Закот асосан ба мардуми нодор ва эҳтиёҷманд супорида мешавад.

Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” тафсилоти дигар надодааст, вале маъмулан рӯзи шурӯи моҳи шарифи Рамазон ва ҳамин тавр, рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбонро Шӯрои уламои Маркази исломӣ, собиқ муфтиёти Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Аз 10 миллион аҳолии Тоҷикистон тақрибан 98 фоизашро мусалмонон: аксаран пайравони равияи Ҳанафияи мазҳаби суннӣ ва як қисм пайравони равияи Исмоилияи мазҳаби шиъа, ки асосан дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебаранд, ташкил медиҳанд.

Моҳи Рамазон барои мусалмонон моҳи муқаддас ва моҳи тавбаву ибодат ба шумор меравад. Мусалмонон дар тӯли ин моҳ, ки гоҳо 29 ва гоҳо 30 рӯз давом мекунад, бояд аз лаҳзаи дамидани субҳ то расидани шом аз хӯрдану нӯшидан парҳез кунанд. Ҳамчунин аз мусалмонон хоста мешавад, ки дар ин моҳи шариф аз ҳар навъ амалҳои ғайришаръӣ, аз ҷумла гуфтору рафтори бад ва ғайбату дигар амалҳои манфӣ ҳадалимкон худдорӣ кунанд ва шабу рӯзу худро бештар сарфи тоату ибодат ва тавба бо талаби истиғфори гуноҳҳо кунанд.

Соли гузашта Шӯрои уламо 2 апрелро рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон эълон карда, фитри рӯзаро барои мардуми оддӣ ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва барои мардуми нисбатан доро ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ ва ҳамчунин фидяи савмро барои соҳибони узри шаръӣ барои 30 рӯзи моҳи шарифи Рамазон 420 сомонӣ муқаррар карда буд. Аммо як сол пеш нисоби закот барои мардуми воҷибулзакот 35 000 сомонӣ муқаррар  шуда буд ва онҳо аз ин маблағ мебоист 875 сомонӣ закот пардохт мекарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ман сокини нохияи мастчох чамоати Оббурдон кучаи Фирдавси хонаи 59 мебошам дар бари хонаи мо захбур мебошад муддати 10 сол аст истикоматкунандагони ду махалла дар он партовхояшонро мепартоянд ва мо бошем рузхои тобистон дар хавли нишастан наметавонам аз буйи бади партов аз шумо хохиш менамоям ки агар тавонед ин суханони маро баболо расонед

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button