ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ КӮДАКИ 6-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ВА ҚАЛЛОБИИ ЯК ЗАН БА МАБЛАҒИ 135 750 СОМОНӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 16.03.2023

Ба ҳалокат расидани пиёдагарди хурдсол дар натиҷаи ноуҳдабароии ронанда

53

14-уми марти соли 2023, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Саидов Муслиҳиддин Саидович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Истиқлол, ҳангоми ҳаракат аз самти гардиши кӯчаи Б.Ғафуров ба самти бозори шаҳри Истиқлол қоидаҳои бехатарии ҳаракати роҳро риоя карда натавониста, ноболиғ, Саломзода Абдулвайз Абдуқодир, соли таваллудаш 2017, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Саломзода А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Содир гардидани кирдори қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

28

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи апрели соли 2022, дар кӯчаи А.Навоии пойтахт, зани 51-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 135 ҳазору 750 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро бар нагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button