ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ТАРМАҲО ДАР РӮШОНУ ВАРЗОБ, ДУ СЕЛ ДАР РОШТҚАЛЪА ВА САНГРЕЗ ДАР ШУҒНОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон субҳи 21 феврали соли 2023 хабар дод, ки тайи як шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ чанд ҳолати нави фурӯрезии тармаҳо сел ва сангрез сабт шудааст. Хушбахтона, бар асари ин офатҳои табиӣ касе осеб надидааст.

ВМКБ

Аз ҷумла субҳи 20 феврал, соати 10:20  дар километри 20-уми роҳи Хоруғ -Ишкошим, дар ҳудуди мавзеи Пишпарини ҷамоати ба номи Ғ.Шаҳбозови нрҳияи Шуғнони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари сангрез роҳ баста шуд. Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсуси вазорати нақлиёт ҷалб гардида, соати 13:15 роҳ тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт аз сар гирифта шуд.

Соати 15:40 дар километри 549-уми роҳи Душанбе-Рӯшон- Хоруғ дар ҳудуди деҳаи Пастхуфи ҷамоати Пастхуфи ноҳияи Рӯшон тармаҳо фурӯ рехта, роҳро бастанд. Роҳро соати 16:20 тоза карда, ба ҳаракати нақлиёт аз нав иҷозат доданд.

Соати 16:40 дар роҳи Хоруғ-Роштқалъа дар ҳудуди деҳаи Шикуши ҷамоати ба номи Қурбоншоҳ Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа дар натиҷаи фурӯ рехтани ду сел роҳ муваққатан баста шуд. Бо кумаки техникаи махсус роҳро тоза карданд ва соати 19:45 ҳаракати нақлиёт иҷозат дода шуд.

Ноҳияҳои тобеи марказ

Субҳи 20 феврал, соати 08:50, дар километри 67-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Варзоб  тарма фаромада, роҳро баст. Роҳро бо кумаки техникаи махсуси ширкати IRS соати 12:30 тоза карданд ва ҳаракати нақлиёт аз сар гирифта шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, субҳи 21 феврал, тамоми роҳҳои ҷумҳурӣ тибқи маъмулӣ боз буданд, ба ҷуз аз роҳи Рӯшон – Бартанг, ки дар инҷо бартарафсозии оқибатҳои тарма идома дорад.

Ширкати IRS низ субҳи 21 феврал хабар дод, ки пас аз бартарафсозии пайомади тарма, ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи Душанбе – Хуҷанд иҷозат дода шудааст. Ин ягона роҳи заминист, ки шимоли Тоҷикистонро бо марказаш мепайвандад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button