ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ БОХТАР ПУЛИ 10 МОШИНРО НАДОДААСТ, СОКИНИ ИСТАРАВШАН – ПУЛИ 295 ХАЛТА ЧОЙИ ХУШКРО

Сокини 34-солаи шаҳри Бохтар ба силсилаи қаллобиҳо айбдор мешавад. ВКД гуфт, ки ӯ дар 10 ҳолат аз шаҳрвандон 10 мошини аксаран гаронбаҳоро барои фурӯш гирифта,  то ҳол пули ягон нафарро надодааст. Ҷамъи зарари ба соҳибони ин мошинҳо расондаи сокини Бохтар беш аз 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, ё наздики 110 ҳазор доллар баровард мешавад.

ххххххххххх

Сокини 46-солаи шаҳри Истаравшан моҳи майи соли 2022 аз як сокини Хуҷанд тариқи насия 295 халта ё қариб 6 тонна чойи хушкро нася гирифта, аз 151 ҳазор сомонӣ пули ин мол то ҳол 131 ҳазорашро барнагардондааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 16.02.2023

Ошкор гардидани силсилақаллобиҳо

088

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Бохтар муайян ва дастгир карда шуд.
Номбурда, 13-уми декабри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён, даромада, 1-адад автомашинаи тамғаи “Хундай Соната” ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, ки арзиши умумиашон 220 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, қабул намуда ваъда додааст, ки маблағҳояшонро дар мудати 2 моҳ бармегардонад аммо номбурда автомобилҳоро фурӯхта, маблағи онҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида зарари махсусан калон расонидааст.
Номбурда, моҳи июни соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 27-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота Камри-2”-ро, ки арзишаш 120 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, қабул намуда ваъда додааст, ки дар муддати 5 моҳ маблағашро бармегардонад, аммо автомашинаи мазкурро фурӯхта, маблағи автомашинаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, номбурда 15-уми ноябри соли 2022 ба боварии марди 28-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён даромада, 1-адад автомобили тамғаи “Опел-Астра”, тариқи ғайринақдӣ ба маблағи 82 ҳазор сомонӣ қабул намуда, ба ӯ ваъда додааст, ки дар мӯҳлати 2 моҳ маблағи онро бармегардонад. Аммо, номбурда автомобили мазкурро фурӯхта маблағи онро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Номбурда, 26-уми ноябри соли 2022 ба боварии марди 35-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ даромада, аз ӯ 1-адад автомобили тамғаи “Тойота-Кемри-2”-ро ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ қабул намуда, ба ӯ ваъдаи бардӯруғ додааст, ки дар муҳлати 2 моҳ маблағи онро бармегардонад, аммо автомобили мазкурро фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Бо ҳамин роҳ санаи 25-августи соли 2022, ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ 1-адад автомобили тамғаи “Мерседес ДЕС БЕНЦ Е320”-ро тариқи ғайринақдӣ ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ қабул намуда, ба ӯ ваъда додааст, ки дар мӯҳлати 4 моҳ маблағи онро бармегардонад. Аммо, номбурда автомобили мазкурро фурӯхта маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамчунин, номбурда 16-ноябри соли 2022, ба боварии марди 38-солаи сокини ноҳияи Вахш даромада, аз ӯ 1-адад автомобили тамғаи “Хундай Соната”-ро тариқи ғайринақдӣ ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ қабул намуда, ба ӯ ваъда додааст, ки маблағи онро дар мӯҳлати 2 моҳ бармегардонад. Аммо, номбурда автомобили мазкурро фурӯхта, маблағи онро бошад, пурра ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Номбурда, ҳамин тариқ санаи 10-уми ноябри соли 2022, ба боварии марди 47-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ 1-адад автомобили тамғаи “Опел-Астра”-ро тариқи ғайринақдӣ ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ қабул намуда, ба ӯ ваъда додааст, ки маблағи онро дар мӯҳлати 2 моҳ бармегардонад. Аммо, автомобили мазкурро фурӯхта, маблағи онро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин бо ҳамин роҳ, санаи 27-ноябри соли 2022, ба боварии марди 33-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён даромада, аз ӯ 1-адад автомобили тамғаи “Тойота-Каролла-3”-ро тариқи ғайринақдӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ қабул намуда, ба ӯ ваъда додааст, ки маблағи онро дар мӯҳлати 2 моҳ бармегардонад. Аммо, автомобили мазкурро фурӯхта, маблағи онро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Номбурда ба ин қаноат накарда, ба боварии марди 26-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, худашро корманди яке аз ширкатҳои сохтмонӣ муаррифӣ намуда, аз ӯ ба баҳонаи оне, ки дар сохтмони мазкур масолеҳи сохтмонӣ лозим шудааст, 1-адад автомобили тамғаи “Лексус RX-350”-ро ба маблағи 125 ҳазор сомонӣ ба мӯҳлати 15 шабонарӯз қабул намуда, онро бурда фурӯхта маблағи автомобили мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи декабри соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаҳои «Мерседес Бенс-211» ва «Мерседес-Бенс-210»-ро ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш 155 ҳазору 555-дона хишти пухтаи сохтмонӣ медиҳад.
Номбурда, 13 ҳазору 500-дона хиштро ба маблағи 12 ҳазору 150 сомонӣ дода, такроран моҳи феврали соли 2022 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ҷабрдида 1-адад автомашинаи тамғаи «Инфинити», арзишаш 150 ҳазор сомонӣ, савдо карда гирифта, ҷамъ дар умум 210 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини шаҳри Истаравшан, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда аз санаи 17 то 30-юми майи соли 2022, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба боварии марди 48-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, тариқи насия маҳсулоти чойи хушкро ба миқдори умумии 295 халта ё 5900 кг ба маблағи умумии 151 ҳазору 925 сомонӣ гирифта, аз он 20 ҳазору 925 сомониашро дода, боқимонда 131 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани дуздони телефонҳои мобилӣ

080

Ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон бо ариза зани 32-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми декабри соли 2022, тахминан соати 07:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-12 Промакс»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 17 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 26-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аризаи зани 27-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 200-сомонӣ ва 1-адад компютери тамғаи “Самсунг”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 950 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро мардони 32 ва 31-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Бӯстон, шаби 4 ба 5-уми январи соли 2023, 1-адад телефони мобилиаш тамғаи «Реадми С-30», 2-адад симкорти ширкатҳои «Вавилон” ва “Мегафон» ва як ҷуфт гӯшвори тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 20 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбаршаванда дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button