ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ШУМОРИ ҚУРБОНИЁНИ ТАРМА ДАР ХОРУҒ БА 13 НАФАР РАСИД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки бар асари тармаи бузургу маргборе, ки субҳи 15 феврали соли 2023, тақрибан соати 09:50 болои маҳаллаи Носири Хусрав (собиқ Шошхоруғ) дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон фурӯ рехт,  13 нафар ба ҳалокат расида, 12 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда шуданд. Бар асари ин офат 4 хонаи истиқоматӣ пурра, 35 хона ва 5 иншооти хоҷагӣ қисман хароб шудаанд. Қаблан гузориш шуда буд, ки дар баробари даҳҳо хонаҳои мардум, бинои консулгарии Афғонистон Хоруғ ва ду нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ низ зери тарма мондаанд.

Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулода ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

Ҳамин рӯзи 15 феврал, тахминан соати 12:08 миёни деҳаҳои Садвад ва Седи ҷамоати деҳоти Техаври ноҳияи Ванҷи ВМКБ як сокини 30-солаи ин деҳа зери тарма монд ва ҷон бохт. Сокини деҳа ҷасади ӯро берун оварданд ва ба соҳибонаш супурданд. Аммо фоҷиа бо ҳамин тамом нашуд: Соати 17:10 ду сокини деҳаи  ҳамсояи Хаспои ноҳияи Ванҷ, ки мехостанд ба Садвад ба намози ҷанозаи қурбонии тарма бираванд, худ дар роҳ зери тарма монданд. Якеро наҷот доданд, вале дуюмӣ ҳамоно дар банд дар зери ғарами барф қарор дорад ва ҷустуҷӯи ӯ идома дорад.

Ҳамчунин, рӯзи 15 феврали соли 2023, тахминан соати 12:00 дар киломатри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб тарма як ронандаи 47-соларо ба ҳалокат расонд. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ӯро аз дохили мошини зеритармамонда берун оварданд. 

Ба иттилои КҲФ , аз  13 то 15 феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ алакай 27 ҳолати фурӯрезии тармаҳо сабт шуда, дар ноҳияи Ванҷ 11 оила, дар ноҳияи Рӯшон 335 оила, дар ноҳияи Шуғнон 10 оила, дар ноҳияи Роштқалъа 39 оила ва дар шаҳри Хоруғ 17 оиларо аз минтақаҳои хатарноки тармазо ба маконҳои амн кӯчондаанд. Гуфта мешавад, ҳоло ғафсии қабати барф дар Хоруғ 95 см, дар Дарвоз 35, дар Сағирдашт 90 см, дар маркази ноҳияи Ванҷ 60 см, дар деҳаҳои кӯҳистонаш то 1 метру 20 см, дар ноҳияи Рӯшон 35 см, дар ноҳияи Шуғнон 60 см, дар ноҳияи Роштқалъа 35 см, дар деҳаҳои кӯҳистонии ноҳияи Ишкошим то 90 сантиметр шудааст.

Бино ба пешгӯии ҳавошиносон, боришоти шадид ва хатари фурӯрезии тармаҳо дар роҳҳои кӯҳистони Тоҷикистон камаш то 19-уми феврал боқӣ мемонад. 

Дар иртибот ба рӯйдодҳои охир Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз аҳолӣ хост, ки аз сафарҳои бидуни зарурат ба минтақаҳои пурбориши кӯҳӣ ва тармахез худдорӣ кунанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 15 феврал дар як иқдоми қариб бесобиқа дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардид, ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори тасаллияти амиқ кард. Хадамоти матбуоти президент гуфт, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби шахсони масъули ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали як қатор вазорату кумитаҳо Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.

Аъзои Комиссияи давлатӣ вазифадор шудаанд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин оқибатҳои офати табииро бартараф карда, ба оилаҳои зарардида кумаки моддии ҳукуматро, аз қабили маводи хӯрока, сару либоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор дастрас намоянд.

Хадамоти матбуоти президент таъкид кард, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорати шахсии Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button