ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ЯК РӮЗ 7 ТАРМА ДАР БАДАХШОН! ҲАВОШИНОСОН:ТАРМАФАРОӢ ТО 17 ФЕВРАЛ ИДОМА МЕЁБАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 14 феврали соли 2024 хабар дод, ки тайи шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим ва шаҳри Хоруғи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 тарма фаромада, боиси муваққатан баста шудани ҳаракати нақлиёт дар қисматҳои алоҳидаи роҳҳои Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе шудааст.

Аз ҷумла, нимаи дуюми рӯзи 13 феврал, тақрибан соати 14:28, боришоти шадид боиси фурӯ рехтани 3 тарма дар километрҳои 31 ва 32-юми роҳи байналмилалии Хоруғ – Ишкошим, дар мавзеи Баржири ҷамоати ба номи Аскар Зокирови ноҳияи Ишкошим шуд. Шоми 13 феврал дар километри 27-уми ҳамин роҳ дар мавзеи Чух-Парини деҳаи Нишуспи ҷамоати ба номи Ғарибшоҳ Шаҳбозов боз як тармаи дигар фаромад. Барои тоза кардани роҳ техникаи махсуси вазорати нақлиёт ҷалб карда шуда, корҳои бартарафсозӣ идома дорад.

Ҳамчунин шоми 13 феврал, соати 18:14, дар километри 7-уми ҳамин роҳи Хоруғ – Ишкошим, дар мавзеи Ниводаки шаҳри Хоруғ ду тармаи дигар фаромад. Корҳои бартарафсозӣ дар маҳалли тармазада идома дорад.

Бар асари фурӯ рехтани тармаҳо, хушбахтона, касе осеб надидааст.

Дар ҳамин ҳол, ширкати IRS субҳи 14 феврал хабар дод, ки дар пайи боришоти шадиди барф дар километрҳои 52-73-юми шоҳроҳи Душанбе – Худжанд  ҳаракати фураҳо ва нақлиёти ядакдор (бо притсеп) тавассути ин ягона шоҳроҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон муваққатан манъ карда шудааст, вале дигар навъҳои нақлиёт метавонанд озодона равуо кунанд.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, бар асари боришоти ахир ва гармшавии минбаъдаи ҳарорати ҳаво, дар ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи ҷумҳурӣ, қисматҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои ҳисор ва дар қисмати ғарбии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 17 феврали соли 2023 хатари фурӯ рехтани тармаҳо, сангрез ва сел, ҳамчунин эҳтимоли ях бастани роҳҳо хеле зиёд боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо эҳтимоли ҳаворо печондани туман дар водиҳо ва манотиқи кӯҳдоман низ зиёд аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавулодда ба ин далел аз сокинон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои тармазо, ҳамчунин аз рафтан барои ҷамъоварии ҳезуму чаронидани чорво ё ҳшикор дар манотиқи кӯҳдоман ва кӯҳистон ҳадалимкон худдоӣ кунанд. Аз ронандагон низ хоста мешаванд, ки  ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон ва ағбаҳо аз чораҳои бештари амниятӣ кор бигиранд ва ҳаёти худу ҳамсафарони худро зери хатар нагузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button