ВидеоҶомеа

БОЗДОШТИ ЯК ЗАН ДАР ХУҶАНД БАРОИ БА ТАНФУРӮШӢ МАҶБУР КАРДАНИ ЯК ҶАВОНЗАН АЗ ОИЛАИ КАМБИЗОАТ (ВИДЕО)

Мақомоти вилояти Суғд як ҷавонзани 24-сола аз ноҳияи Суғдро ба он айбдор мекунанд, ки  бо баҳонаи гӯё кумак Дилноза ном як духтари ҷавони 21-соларо аз як оилаи камбизоат тобеи худ гардонда, ба танфурӯшӣ дар шаҳри Хуҷанд маҷбур кардааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд рӯзи 14 феврали соли 2023 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад”, хабар дод, ки ин ҷавонзан аз ноҳияи Ғафуров, ки муваққатан дар шаҳри Хуҷанд дар як манзил иҷора менишаст, моҳи октябри соли 2022 бо ҷабрдида шинос шуда, аз вазъи душвори зиндагии ӯ огоҳӣ пайдо кардааст.

Гуфта мешавад, ки зани далла бо баҳонаи кумак бо роҳи фиреб ба боварии ҷабрдида даромада, ӯро ба фоҳишагӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ҷалб кардааст.

Худи ин зани дастгиршуда мегӯяд: “Азбаски хонаи зист надошт, раҳми ман омад ва ӯро гирифта оварда, дар хонаи худам ҷой кардам. Байни мо ягон шарту шурут набуд, вале вақте ки як моҳ гузашт, ман ба Дилноза гуфтам, ки ин хел намешавад, мо бояд пули иҷораро 50 ба 50 ҷамъ карда супорем. Азбаски Дилноза ягон ҷои кор ва маблағе надошт, ба ҳамин кор даст зад ва аз мардҳои муштарияш аз 500 то 1000 сомонӣ мегирифт”.

Акбар Шарифӣ мегӯяд, зани далла Дилнозаро аввал ба рафтан ба марказҳои дилхушии шабона ва машруботу айшу ишрат одат кунонда, дар марҳалаи баъдӣ талқин ва маҷбураш кардааст, ки бо мардҳо ҳамхоба шуда, барои ҳар соати алоқаи ҷинсӣ аз 100 то 200 доллар бигирад. Ба гуфтаи сухангӯи милитсия, ин зан ҷабрдидаро барои бе иҷозати ӯ аз хона берун рафтан ё пайдо накардани мардони муштарӣ ҷазо медодааст. Дар ниҳоят Дилноза маҷбур шудааст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунад.

Мақомот мегӯянд, аз ифшои номи зани далла ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот худдорӣ мекунанд, вале дар кирдори ӯ аломатҳои истисмори шаҳвонии шаҳрванд дида мешавад.

Дар ҷомиаи умдатан муҳофизакори Тоҷикистон назарҳо нисбат ба танфурӯшон мусбат нест ва бисёриҳо инро як амали нангин хонда, маҳкум мекунанд. Бо ин вуҷуд, се сол пеш ВКД Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар кишвар тақрибан 2 ҳазор занеро сабти ном кардаанд, ки аз ҳисоби  танфурӯшӣ рӯз мебаранд. ВКД гуфта буд, ки мутаассифона, дар байни занони танфурӯш даҳҳо ноболиғро низ ошкор ва сабти ном кардаанд.

Дар қонунгузории Тоҷикистон барои танфурӯшӣ ягон ҷазо пешбинӣ нашудааст, вале барои водор кардан ба танфурӯшӣ ҷазо муқаррар шудааст. Аз ҷумла моддаи 130, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои савдои одамон ва истисмори шаҳвонӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.  Ҳамчунин моддаи 238 барои ба танфурӯшӣ ҷалб кардани дигарон ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад. Моддаи 239 бошад барои даллагӣ ва ташкили фоҳишахона ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи  аз 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ваё то 8 соли зиндонро муқаррар кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button