Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ТОҶИКИСТОН НИЗ БИЛОХИРА МАҲДУДИЯТҲОИ ВОБАСТА БА КОРОНАВИРУСРО БЕКОР КАРД

Тоҷикистон низ билохира маҳдудиятҳои 3 сол пеш дар марзҳои кишвар барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҷоришударо бекор кард. Бо онки инак як сол боз дар Тоҷикистон расман ягон мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашудааст, мақомот ба кадом далели танҳо барои худашон маълум то кунун маҳдудиятҳои вобаста ба пандемияи коронавирусро нигоҳ дошта буданд ва ин барои мусофироне, ки азми сафар ба Тоҷикистон доштанд, мушкилоти зиёд эҷод мекард ва аз ҷумла бисёре аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ мусофирони роҳии Тоҷикистонро бидуни санади ташхиси коронавирус ба парвоз роҳ намедоданд. Тоҷикистон яке аз охирин кишварҳои дунё буд, ки чунин маҳдудиятҳоро то ҳол нигоҳ дошта буд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 11 феврали соли 2023 хабар дод, ки шурӯъ аз 8 феврал маҳдудиятҳо вобаста ба пешгирӣ аз интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бекор карда шуданд. Дар робита ба ин қарори дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 ба тасвиб расидааст.

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ, аз 8 феврали соли 2023 маҳдудияти зидди коронавирус дар тамоми нуқтаҳои карантинию санитарии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ дар назди гузаргоҳҳои сарҳадӣ бекор карда шуданд.

Гуфта мешавад, “ин қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ бо назардошти баҳодии муътадил оид ба вазъи эпидемиологии сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи баланди ваксинатсияи дар байни аҳолии гурӯҳҳои мақсадноки мамлакат, ба эътидол омадани вазъи вобаста ба ин беморӣ дар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ва аз байн бурдани маҳдудияти интиқоли мусофирон ва молу маҳсулот тавассути нақлиёти ҳавоӣ, заминӣ ва обӣ, ба танзим даромадани гардиши электронии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи вазъи саломатии мусофирон ва бо мақсади таъмини пурраи фаъолияти соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини рушди иқтисодиёт, авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон қабул карда шудааст”.

Вазорати тандурустӣ муваззаф гардидааст, ки фаъолияти нуқтаҳои карантинию санитарии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологиро дар назди гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо тартиби «муқаррарӣ» гузаронида, дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ҳолати умумии солимии шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷиро ба инобат гирад.

Ҳамчунин тибқи ин қарор, Вазорати тандурустӣ вазифадор карда шудааст, ки минбаъд ваксинатсияи гурӯҳҳои мақсадноки аҳолии ҷумҳуриро тибқи дархост ва муроҷиат анҷом диҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button