ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

“ЗОЛОТАЯ КОРОНА” БА ТОҶИКИСТОН БАРГАШТ. НИМ СОЛ БАЪДИ АЗ КОР РАФТАНИ Ҷ.НУРАЛИЕВ

Шабакаи пулфиристии “Золотая корона”, бузургтарин шабакаи пулфиристии Русия ва Шӯравии собиқ баъди се сол дигарбора дар Тоҷикистон барои 5 соли оянда иҷозати фаъолият ба даст овард. Бозгашти “Золотая корона” ба бозори Тоҷикистон ним сол баъди барканории Ҷамолиддин Нуралиев, домоди президенти Тоҷикистон аз мақоми муовини аввали раиси Бонки миллӣ сурат гирифт. Манобеи огоҳ мегуфтанд, дар поёни соли 2019 маҳз бо Ҷамолиддин Нуралиев забон наёфтани “Золотая корона” сабабгори аз ҳаққи интиқоли пул ба Тоҷикистон маҳрум шудани он гардида буд. Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, барканории Нуралиев дар моҳи июни соли 2022 низ метавонад бо фишори Русия сурат гирифта бошад ва як заминаи норозигии Маскав аз Нуралиев ҳам метавонист аз бозори Тоҷикистон берун кардани “Золотая корона” бошад. “Золотая корона” се сол пеш дар ҳоле тарки бозори Тоҷикистон кард, ки беш аз 80 дарсади интиқоли пулҳо, аз ҷумла пулҳои муҳоҷирони тоҷик, аз Русия ба Тоҷикистон, тавассути ҳамин шабака сурат мегирифт.

Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки “бо қарори навбатии раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2023, таҳти №2 мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платёжный Центр” (ҶДММ), ки мутобиқи қонунгузории Русия таъсис ёфта, амал менамояд, барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Золотая Корона” ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд”.
Тибқи қарори мазкур идораи низоми пардохт уҳдадор гардидааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.

Бонки миллӣ дар ин бора тафсилоти дигар надод ва маълум нест, ки “Золотая корона” оё таҳти чӣ шароите ба бозори Тоҷикистон бармегардад. Дар поёни соли 2019, дар пайи таъсиси Маркази миллии протсессингӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон “Золотая корона” ягона шабакаи пулфиристие буд, ки шарту шурути ин ниҳоди навро напазируфт ва пойфишорӣ кард, ки бар асоси қонунҳои Русия амал мекунад.

Ёдовар мешавем, он вақт Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳамаи шабакаҳои пулфиристӣ хоста буд, ки дар ин бонк суратҳисоб кушода, маблағи муайянеро ҳамчун замонат дар он депозит бигузоранд.

Ҳанӯз маълум нест, ки “Золотая корона” билохира баъди се соли баҳсҳо ва маҳрумият аз бозори интиқоли пул ба Тоҷикистон ин шартро пазируфтааст ё дар ин замина байни Маскаву Душанбе гузаштҳое сурат гирифтааст?

Бонки миллӣ дар иттилоияш ишорае ба он дорад, ки “ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платёжный Центр” (ҶДММ) мутобиқи қонунгузории Русия таъсис ёфта, амал менамояд.” Вале ҳанӯз маълум нест, ки манзур аз таъкиди ин ҷумла чист?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button