ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

САРДОРИ ГЕНШТАБИ АРТИШИ РУСИЯРО БА РАҲБАРИИ ҶАНГИ УКРАИНА ФИРИСТОДАНД

Вазорати мудофиа Русия рӯзи 11-уми январи соли 2023 фармондеҳони артиши Русия дар ҷабҳаи Украинаро иваз кард. Дар  фармони вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу омадааст, ки “генерали армия, сардори Ситоди марказии артиши Русия Валерий Герасимов фармондеҳи гурӯҳҳои муштараки қувваҳои мусаллаҳи Русия дар минтақаи амалиёти махсуси ҳарбӣ таъин карда шавад”. 

Валерий Герасимов аз моҳи ноябри соли 2012, зиёда аз 10 сол боз  сардори Генштаб, Ситоди марказии артиши Русия аст.

Аз 8-уми октябри соли 2022, тайи се моҳ фармондеҳии артиши Русия дар ҷабҳаи Украинаро генерал Сергей Суровикин, ки бо лақаби “қассоби Сурия” маъруф аст, иҷро мекард.

 Лақаби “қассоб”-ро Суровикин ҳангоми гирифт, ки аз соли 2017 то соли 2018 фармондеҳони артиши Русия дар Сурия буд ва шаҳрҳои калони Сурияро бо фармони ӯ тайёраҳои ҷангии Русия ба хок яксон намуданд. Ӯ ин тактикаи ҷангии худро дар Украина низ  ба кор бурда, дар се моҳи фармондеҳиаш 10 маротиба шаҳрҳои Украинаро зери борони мушакҳо ва дронҳои эронӣ қарор дод, ки боиси талафоти бузург дар байни аҳолии осоишта гардид.

Бо фармони ахири Шойгу акнун Суровикин як зина поён рафта, ҷонишини фармондеҳи артиши Русия дар ҷабҳаи Украина таъин гардидааст.

Ҷонишини дигари Герасимов бошад Алексей Ким эълон шуд. Алексей Ким иштирокчии ҷанги Афғонистон буда, ҳамчунин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, вазифаи ҷонишини сардори раёсати қувваҳои зудамали Русия дар Тоҷикистонро иҷро кардааст. Инчунин Ким дар ҷанги Чеченистон низ иштирок карда, ҳамроҳи Суровикин амалиётҳои артиши Русия дар Сурияро низ роҳбарӣ мекард.

Ба гуфтаи коршиносони ҳарбӣ, ин тағйироти кадрӣ аз шикасти артиши Русия дар ҷанг бо Украина дарак медиҳад.

Полковники мустаъфии қӯшунҳои ҳавоии Русия Виктор Алкснис ба пойгоҳи хабарии “The Insider” гуфт: “Гумон мекунам ба роҳбарияти сиёсӣ ва низомии Русия маълум шуд, ки онҳо дар ин ҷанг мағлуб шуда истодаанд. Ҳатто онҳо ба ҳадафҳои дар санаи 24-уми феврали соли 2022 гузоштаи худ нарасиданд. Қотеона мегӯям,  ки дар ояндаи наздик ҳам расида наметавонад. Аз ин лиҳоз тасмим гирифта шуд, ки ба ном “кадрҳо”-ро иваз кунад. Вале аз ивазкунии “кадрҳо” чизе тағйир нахоҳад ёфт, мисли ҳамон қонуни риёзӣ, ки “аз ивазкунии ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад”. Чунки ин нафарон, бо ақлу донишу малакаи хоси худ ба ин вазифаҳо нарасидаанд. Аксарияти онҳо аз рӯи вафодорӣ ба сардори худ ин мансабҳои баланди давлатиро ишғол кардаанд”.

Дар ҳамин ҳол ихтилофоти дохилӣ байни вазорати мудофиаи Русия ва ширкати хусусии ҳарбии “Вагнер”  ҳамчунон идома дорад.  Дар минтақаи Бахмут, ки моҳҳо боз дар ин ҷабҳа зархаридҳои “Вагнер” меҷанганд, пас аз шикастҳои зиёд ва ақибнишинии артиши Русия, дар ин хатти ҷабҳа аз ҷониби шаҳраки Соледар пешравии ночизе дида шуд. Артиши Русия ин пешравиро ба худ мансуб медиҳад вале Евгений Пригожин, молики “Вагнер” инро инкор мекунад. Ӯ мегӯяд дар ин ҷабҳа танҳо   ҷангҷӯёни ӯ меҷанганд.

Санаи 10-уми январи соли 2023 Евгений Пригожин аз ишғоли шаҳраки Соледар аз тарафи зархаридҳои худ хабар дод, вале сухангӯи вазорати мудофиа Русия ин хабарро инкор карда, гуфт, ки “қувваҳои ҳавоии Русия ва қӯшунҳои десантии Русия барои ба даст овардани Соледар ин шаҳрро аз ду тараф иҳота кардаанд”.

Дар ҳамин ҳол Институти омӯзиши ҷанг менависад, ки “то ба ҳол артиши Украина Соледарро ба русҳо таслим накардааст ва ҷангҳои кӯчак дар дохили Соледар идома дорад”. Муовини вазири мудофиаи Украина Анна Маляр низ хабари ба дасти русҳо афтодани Соледарро инкор карда, гуфтааст, “муқовимати шадид барои Соледар идома дорад”.

Соледар шаҳракест бо 10 ҳазор аҳолӣ воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бахмут (собиқ Артёмовск) дар вилояти Донетски Украина. Аз инҷо то Донетск 100 километр роҳ аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button