ВидеоҲодиса

ҲАВОПАЙМОИ “СОМОН ЭЙР” ТО ХУҶАНД ПАРВОЗ КАРДА НАТАВОНИСТ ВА АЗ НИМИ РОҲ БА ДУШАНБЕ БАРГАШТ (ВИДЕО)

Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шоми 11 январи соли 2023 тасдиқ кард, ки ҳавопаймое, ки овозхонҳои шинохта Ҷонибек Муродов ва Зулайхо Мамадшоева дар он дучори мушкил доштанд, ба “Сомон Эйр” тааллуқ дошт ва аз Душанбе бояд ба Хуҷанд парвоз мекард. Вале ба сабаби пайдо шудни мушкил дар шабакаи ҳавокашиаш ин ҳавопаймо маҷбур шудааст парвозро дар ними роҳ қатъ кунад ва боз ба фурудгоҳи Душанбе баргардад.

Дар иттилоияи “Сомон Эйр” чунин гуфта шудааст: “Шоми имрӯз дар ҳавопаймои Боинг 737-800-и ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки аз Душанбе самти Хуҷанд парвоз дошт, индикаторҳои низоми  мӯътадилкунандаи ҳаво чароғон шуданд. Ҳайати парвозӣ мутобиқи тартиботи марбута бобати баргаштан ба фурудгоҳи парвоз қарор қабул намуд ва Ҳавопаймо бо 183 нафар мусофир бенуқс дар фурудгоҳи Душанбе фуруд омад. Кулли мусофирон баъдан тариқи ҳавопаймои дигар ба Хуҷанд таҳвил дода шуданд. Ёдрас мешавем, бехатарии мусофирон барои ширкат аҷзалияти аввалиндараҷа мебошад ва ширкат барои нороҳатии бамиёномада аз мусофирони хатсайр маъзарат мехоҳад. Дар айни замон сабабҳои ҳолати бавуқӯъ омада муайян карда мешаванд”.

Қабл аз ин, овозхони шинохтаи тоҷик  Ҷонибек Муродов шоми 11 январи соли 2023 дар саҳифааш дар Инстаграм бо нашри як видеои кӯтоҳ аз дохили ҳавопаймо хабар дод, ки ҳавопаймои онҳо дучори як ҳолати фавқулодда шудааст. Дар видео дида мешавад, ки ӯ ва овозхони дигари шинохтаи тоҷик Зулайхо Мамадшоева дар як қатор нишастаанд ва ҳарду ба рӯи ниқоби нафаскашӣ доранд. Аксари мусофирони ин ҳавопаймо, тавре дар ин видеои даҳсониягӣ дида мешавад, дар рӯ чунин ниқоби нафаскашӣ доранд.

Ин ниқобҳои нафаскаширо мусофирони ҳавопаймоҳо  бояд дар ҳолатҳои фавқулоддаи хеле ҷиддӣ ба рӯ бикашанд ва бо он нафас бигиранд.

Маълум набуд, ки ин ҳавопаймои кадом ширкат буд ва дар кадом хатсайр парвоз мекард? Вале Ҷонибек Муродов дар зери видео навишт,  ки ҳамааш ба хубӣ пасисар шуд: “Худочон, раҳмат барои зиндагии нав)) Ба тамоми Пилотҳоо ва экипаж низ раҳмат! Ба мусофирон тамоман гап нест: ягон кас паника накард! Бошем!”
Зулайхо Мамадшоева
низ баъди чанде бо нашри як аксаш аз дохили ҳавопаймо хабар дод, ки онҳо сиҳату саломат фаромаданд ва ба хона расиданд.

“Худоро шукр, омадем зиндаву саломат ба хона, вале фикр кардам, ман дигар нестам дар ин дунё. Алҳамдилуллоҳ! Илтимос, парвоз накунед ба ҳеҷ ҷои хатарнок дар ин ҳавои сард… Намедонам, чаро ман як эҳсоси бад доштам пеш аз парвоз, мисле ки медонистам ҳамин ҳолатро. Оҳҳҳ, Худоҷон, шукр!”  – навиштааст Зулайхо. Ӯ ҳамчунин ба Ҷонибек Муродов изҳори сипос кардааст, ки “дӯсти азиз, раҳмат, дар канорам будӣ”.

Даҳҳо тан аз мухлисон ва ҳамчунин овозхонҳои шинохтае, чун Нигина Амонқулова, Валиҷон Азизов ва Юлдуз Турдиева дар зери видеои гузоштаи Ҷонибек Муродов дуо кардаанд, ки Худо дар панохаш нигах дорад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button