ВидеоИқтисод

“БАРҚИ ТОҶИК” ЛИМИТИ БАРҚРО БАРДОШТ. ВАЛЕ НАГУФТ, КИ ТАМОМАН Ё ФАҚАТ БАРОИ ЧАНД РӮЗ

Ширкати “Барқи Тоҷик”, ки бозори нирӯи барқи Тоҷикистонро тақрибан ба сурати инҳисорӣ ё монополӣ (ба истиснои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) дар даст дорад, рӯзи 12 январи соли 2023 хабар дод, ки ба далели сардиҳои дар Тоҷикистон ҳукмфармо бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон аз 11 январ дар саросари кишвар “маҳдудият дар таъмини неруи барқ аз байн бардошта шуда, “Барқи тоҷик” вазифадор гардидааст, ки бо истифода аз тамоми захираву имконият неруи барқро дар тамоми қаламрави мамлакат бемаҳдудият таъмин намояд.”

“Барқи Тоҷик” бардоштани лимитро “ғамхории ҳукумат”номида, аз муштариёнаш хостаст, ки “ҷавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат неруи барқро сарфакорона ва мақсаднок истифода намоянд”.

“Маҳз истифодаи сарфакоронаи неруи барқ аз тарафи ҳар як муштарӣ имкон медиҳад, ки таъминоти тамоми соҳаҳои мамлакат ва аҳолӣ бо неруи барқ беҳтар гардад”, таъкид шудааст дар иттилоияи “Барқи Тоҷик”. Ин ширкат аммо нагуфтааст, ки оё лимити барқ комилан бардошта шуд ё танҳо муваққатан барои чанд рӯзи сард?

“Барқи Тоҷик” эътироф кардаст, ки то кунун “бо сабаби норасоии мавсимии захираҳои обу энергетикӣ, ки аз рӯи ҳисоби мутахассисони мо дар давраи тирамоҳу зимистон ба қадри зиёда аз 1 милиард квт. соат пешгӯӣ шудааст, таъмини барқ дар баъзе минтақаҳои мамлакат танҳо шабона аз соати 22:00 то 05:00 маҳдуд карда мешуд”.

Ин ширкат ҳамзамон аз он изҳори ташвиш кардаст, ки “интиқоли бемаҳдудияти неруи барқ бо назардошти афзоиши талабот дар рӯзҳои сард аз як тараф боиси хароҷоти иловагии оби обанбори НБО “Норак” гашта, аз тарафи дигар дар ҳолати риоя нагардидани тадбирҳои сарфаҷӯии неруи барқ ба сербории шабакаҳои барқӣ, трансформаторҳо ва садамаҳо дар системаи энергетикаи ҷумҳурӣ оварда мерасонад”. “Барқи Тоҷик” ба ин далел аз сокинон хостааст, ки нирӯи барқро “сарфакорона ва мақсаднок” истифода баранд.

Тоҷикистон инак чанд даҳсола боз дар ҳар фасли тирамоҳ ва зимистон ба камбуди шадиди нирӯи барқ гирифтор мешавад ва аз моҳи октябр то апрел ба сокинони манотиқи деҳоти ин кишвар дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ медиҳанд. Мақомот мардумро умедвор карда буданд, ки баъди ба кор андохтани чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун лимити барқ дар кишвар тамом мешавад. Соли 2018 дар пайи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали Роғун президент Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамаро итминони хотир дода буд, ки афсонаи лимити барқ дар Тоҷикистон бо ҳамин моли таърих шуд. Вале бо вуҷуди ба кор даромадани алакай ду чархаи нирӯгоҳи Роғун  камбуди нирӯи барқ дар кишвар ҳамчунон эҳсос мешавад. Бахусус дар фасли сармо.

Дар ҳоле ки мақомот дар лимити имсола афзоиши талабот ба нирӯи барқро муқассир медонанд, бисёриҳо бар инанд, ки сабабгори камбуди нирӯи барқ дар фасли зимистон ба хориҷ, аз ҷумла ба Афғонистон фурӯхтани он аст. Рӯзи 10 январ “Барқи Тоҷик” қарордоди фурӯши барқ ба Афғонистонро боз барои як соли дигар тамдид кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button