ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатЧеҳраҳо

ҚОНУНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҚАЗОҚИСТОН БЕКОР КАРДА ШУД

Суди конститутсионӣ ё Додгоҳи Қонуни асосии Қазоқистон “Қонун дар бораи Елбасӣ”-ро аз иҷро дар саросари кишвар боз дошта, онро “қонуни кӯҳнашуда ва ғайрифаъол” номид.

Сомонаи расмии Додгоҳи Қонуни асосии Қазоқистон менависад, ки як гурӯҳи вакилон дар робита ба “Қонуни Елбасӣ” ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карда, хостори ислоҳ дар қонунгузории кишвар шуданд. Тибқи ҳукми додгоҳ ин қонун бо такя ба тағйироти воридгардида дар Сарқонуни асосии Қазоқистон дар моҳи  июни соли 2022 мансӯх дониста шуда, аз амал боздошта шуд”.

“Қонун дар бораи аввалин президенти Қазоқистон – Пешвои миллат” 14-уми июни соли 2010 қабул гардида,  ба Нурсултон Назарбоев ба унвони Елбасӣ ё Пешвои миллат ва аҳли оилааш як қатор бартариҳоро медод.  Аз ҷумла:

1. Масуният аз таъқиб.

2. Дахлнопазирии Пешво ва аҳли оилаи Пешво.

3. Кафолати амвол ва дороиҳои аъзои хонаводаи Пешво.

4.Имтиёзҳо ва маблағгузориҳо аз буҷаи кишвар барои харҷи дафтари Назарбоев.

5. Ба таври номаҳдуд дар интихоботи президентӣ иштирок кардан ва то охири умр ин  мансабро ишғол намудани Назарбоев.

6. Ҳаққи суханронии Назарбоев дар парлумони Қазоқистон  дар ҳар вақти барои ӯ мувофиқ ва дар ҳар масъалаи дилхоҳ.

7. Таъмини амнияти мудомулумри ӯ ва аъзои хонаводааш.

8. Ба моликияти онҳо додани ҳамаи қасру, осоишгоҳу хонаю амволи давлатие, ки Назарбоев ва аҳли байташ истифода мекунанд.

9. Таъмини бепули хадамоте, мисли хизматрасониҳои тиббию ҷамъиятӣ.

10. Таъмини нафақа ба ҳар узви оилаи Назарбоев ба андозати 10 нафақаи ҳадди ақал.

Додгоҳи Қонуни асосӣ таъкид кардааст, ки “ин қарор аз рӯзи қабули он ҳукми қонуниро гирифта, дар тамоми қаламрави Қазоқистон иҷрои он ҳатмист ва мавриди баррасию шикоят қарор дода намешавад”.

5-уми июни соли 2022 дар саросари Қазоқистон раъйпурсии умумихалқӣ дар робита ба ворид кардани  тағйирот ба Қонуни асосии кишвар баргузор шуд, ки бар асоси натиҷаҳои он, дар Қазоқистон аз низоми “суперпрезидентӣ” даст кашида, салоҳиятҳои парлумонро қавитар карданд.

 Аз ҷумла  ба Қонуни асосӣ  тағйироте илова карда шуд, ки бар асоси он, президент дар Қазоқистон ҳар 7 сол як маротиба интихоб карда шуда, як шахс ду маротиба пайдарҳам дар курсии президентӣ нишаста наметавонад. Ҳамчунин аъзои оила ва хешовандони наздики президент наметавонад ҳангоми дар сари вазифа будани ӯ мансабҳои баланди давлатиро ишғол кунанд. 

Тирамоҳи соли 2022 дар Қазоқистон “Рӯзи президент”-ро аз рӯйхати идҳои давлатӣ ҳазф намуда, номи пойтахти ҷумҳуриро аз Нурсултон боз ба Остона иваз намуданд.

Нурсултон Назарбоев, ки 82 сол дорад,  аз соли 1989 то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991  ба ҳайси котиби аввали ҳизби коммунист раҳбарии ин ҷумҳурии саршор аз захираҳои нафту газ ва маъданҳои дигарро дар даст дошт ва пас аз пошхӯрии Шӯравӣ аз соли 1991 то соли 2019, боз 28 соли дигар ба ҳайси президент бар Қазоқистон  раҳбарӣ кард. Ӯ соли 2010 ба худ унвони Елбасӣ ё Пешвои миллатро дода буд.

Назарбоев соли 2019 курсии президентиро ба ҚосимЖомарт Тоқаев супурда, худ тавассути одамонаш аз паси парда ҳамчунон бар Қазоқистон ҳукмронӣ мекард. Вале дар пайи ошӯбҳои хунини моҳи январи соли 2022 Тоқаев тавонист қудратро амалан ба дасти худ бигирад ва мавқеи Назарбоев ва одамони ӯро дар арши сиёсии Қазоқистон хеле тангтар кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button