ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: САДАМАИ МАРГБОР ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД ЯК КУШТА ВА 5 ЗАХМӢ БА ҶО ГУЗОШТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 10 январи соли 2023, соати

12:30 дар километри 53-юми роҳи Душанбе – Варзоб ронандаи мошини  тамғаи «Opel Zafira», ки аз Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд, аз уҳдаи идораи мошин набаромада ва ба як мошини сӯхтбар, ки газ интиқол медод, бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садама 6 мусофири “Опел” маҷруҳ шудаанд. Кормандони бахши наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда онҳоро аз дохили мошини садамадида берун оварда, ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол доданд.

Мутаассифона, як бонуи мусофир бар асари ҷароҳати вазнин дар роҳи итиқол ба беморхона ҷони худро аз даст додааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби ин садамаи мудҳишро тафтиш мекунанд.

Ин садамаи маргбор дар ҳоле рух дод, ки рӯзи 10 январ дар бисёре аз қисматҳои Тоҷикистон барфи зиёд борид ва ин равуои воситаҳои нақлиётро сахт мушкил кард. Дар роҳи Душанбе – Хуҷанд чанд рӯз боз паиҳам тарма мефарояд ва инак чанд дафъа боз равуои нақлиётро барои чандин соат масдуд мекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо нашри хабари садамаи маргбор дар Варзоб бори дигар аз ронандагон хостааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар чунин рӯзҳои барфиву сард ҷиддан қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд.  Бахусус риояи фосила гарави аслии бехатарии ҳам ронандагону соҳибони мошинҳо ва ҳам мусофирон аст.  Ҷони худ ва ҷони ҳамсафаронатонро ҳифз кунед!” – гуфта мешавад дар даъвати Кумита.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳо то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 кас маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button