ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДОШТИ “АБУ МАЙМУН“ АЗ ТОҶИКИСТОН ВА ШАРИКАШ АЗ ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ҚАСДИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ШАБИ СОЛИ НАВ ДАР ИСТАНБУЛ (ВИДЕО)

Пулиси зиддитеррор дар шаҳри Истанбули Туркия ду ҷангҷӯеро дастгир кардааст, ки қасди дар шаби Соли нав анҷом додани ҳамлаи хунини террористиро дар сар доштанд. Бовар меравад, ки онҳо аъзои созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ҳастанд. Матбуоти Туркия аз қавли пулис хабар дод, ки дастгиршудагон – ду шаҳрванди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон К.З.И. ва А.М. мебошанд.

Бино ба хабарҳо, кормандони пулис мошини онҳоро шаби шанбе, 31 декабри соли 2022, ҳамагӣ чанд соат пеш аз расидани Соли нав дар ҳудуди ноҳияи Башакшеҳир дарёб кардаанд. Ҷангҷӯён талош кардаанд, ки аз кормандони пулис фирор кунанд, вале дар ҷараёни таъқиб кормандони пулис тавонистаанд ба чархҳои мошини ҷангҷӯён чанд тир бизананд ва онро манъу ҳардуро дастгир кунанд.

Шаҳрванди Тоҷикистон К.З.И., ки дар байни ҷангҷӯёни ДОИШ бо лақаби “Абу Маймун” маъруф будааст, ба ҳабс гирифта шудааст. Нисбат ба шаҳварнди Ӯзбекистон А.М. раванди ихроҷ аз Туркияро шурӯъ кардаанд.

Дар бораи шахсияти “Абу Маймун” то ин лаҳза маълумоти зиёде дастрас нест. Бино ба маълумоти бадастовардаи пулиси Туркия, “Абу Маймун” дар сохторҳои ДОИШ дар Афғонистон мутахассис оид ба маводи тарканда ба шумор мерафтааст.

 Пулиси Туркия мегӯяд, ин ду ҷангҷӯ аз сохторҳои ДОИШ дар Афғонистон дастур мегирифтанд ва қасд доштанд, ки шаби Соли нав ба яке аз марказҳои тафреҳӣ дар шаҳри Истанбул, ки маъмулан барои таҷлили соли нав дар онҷо мардуми зиёд гирд меоянд,  бо истифода аз маводи тарканда ҳамлаи хунини террористӣ анҷом бидиҳанд.

Пулис гуфт, тибқи нақшаи ҷангҷӯён, ин ҳамла мебоист монандаи ҳамлаи шаби 1 нвари соли 2017 ба як маркази тафреҳии маъруфи Истанбул мешуд, ки 39 кушта ба ҷо гузошта буд. Он ҳамларо аз номи ДОИШ як ҷангҷӯи зодаи Ӯзбекистон анҷом дода буд.

Вақтҳои охир дар бораи даст доштани ҷангҷӯёни зодаи Тоҷиктстон дар ҳамлаи террористӣ аз номи ДОИШ дар кишварҳои гуногун хабарҳои зиёд ба даст мерасанд.

Дар чанд ҳамла ба масҷидҳои шиаҳо дар Афғонистон исми ҷангҷӯёни тоҷик бурда шуд. Ҳамин тавр, сиёсатмадори баҳсбарангези афғон Гулбуддин Ҳикматёр низ сӯиқасд ба ҷонаш дар моҳи декабрро кори дасти ду ҷангҷӯи тоҷикистонӣ номида буд.

Ҳамчунин, мақомоти Эрон ду шаҳрванди Тоҷикистонро аз омилони ҳамлаи хунини моҳи октябр ба як мазори муқаддаси шиаҳо дар шаҳри Шероз ном бурданд. Дар он ҳамла 15 кас кушта шуд.

Yılbaşında saldırı hazırlığında olduğu öne sürülen DEAŞlılar araçlarına ateş edilerek yakalandı

Yılbaşında saldırı hazırlığında olduğu öne sürülen DEAŞlılar araçlarına ateş edilerek yakalandı
Yılbaşında saldırı hazırlığında olduğu öne sürülen DEAŞlılar araçlarına ateş edilerek yakalandı

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button