ВидеоКоррупсияҲодисаҶомеа

КОТИБИ СУДИ ҒАФУРОВ АЗИЗА ҲАЙДАРОВА БАРОИ ЧӢ 10 СОЛ ҲУКМ ГИРИФТ? ШАРҲИ ДОДСИТОНИИ КУЛ

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 6 январи соли 2023 бо нашри як иттилоия ба 10 соли зиндон маҳкум шудани Азиза Ҳайдарова, собиқ котиби суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро расман тасдиқ кард, вале гуфт,  “маълумоти  дар сомонаи интернетии Радиои Озодӣ  пахшгардида дар хусуси гӯё оғозу тафтиш гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳайдарова А.А. барои таъсир расонидан ба Сайдаҳмадзода Р.С. сурат гирифта бошад, асли воқеъӣ надорад”.

Маркази матбуоти Додситонии кул гуфт, “ҷиноятҳои содирнамудаи Ҳайдарова А.А. ба парвандаи ҷиноятӣ ва лаҳзаҳои айби эълонгардида нисбати собиқ судяи суди ноҳияи Б.Ғафуров Сайдаҳмадзода Р.С. ягон алоқамандӣ надорад”.

Дар гузориши Радиои Озодӣ, ки рӯзи 4 январ нашр шуд, бо истинод ба як суҳбати қаблии Барно Ҳайдарова, модари Азиза Ҳайдарова гуфта мешуд, ки фарзанди ӯ манзили баҳсиро бо маблағи се сол пеш дар Русия кор кардаи ӯ харидааст. Озодӣ ҳамчунин бо нақли қавл аз суҳбатҳои қаблии Азиза Ҳайдарова навишта буд, ки муфаттишон мехоҳанд духтари ӯро ба зидди собиқ судяи суди ноҳияи Б.Ғафуров Рустам Сайдаҳмадзода, ки ӯ ҳам чанд моҳ боз дар ҳабс қарор дорад,  истифода баранд ва баҳси хона танҳо як баҳона мебошад.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон ин иддаои модари Азиза Ҳайдароваро беасос номида, навиштааст: “Дар асл, бо ҳукми суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 16 декабри соли 2022 собиқ котиби суди ноҳияи Б.Ғафуров Ҳайдарова А.А. барои содир намудани ҷиноятҳои азонихудкунии молу мулки ғайр, қаллобӣ ва сохтакории далелҳои парвандаи гражданӣ гунаҳгор дониста шуда, бо дарназардошти талофӣ накардани маблағи зарари расонидашуда, вазнинии ҷиноятҳои содиршуда, хавфи ҷамъиятии онҳо, шахсияти судшаванда, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунанда аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол маҳкум карда шудааст”.

Бино ба гузориши додситонӣ, “дар мурофиаи судӣ ҳолати аз ҷониби Ҳайдарова А.А. бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намудани манзили истиқоматии шаҳрванд Ҳайдарова М.М. дар шаҳри Хуҷанд ва бо роҳи қаллобӣ аз худ намудани маблағҳои шаҳрванд Маҳмудӣ А. ба пуррагӣ исбот гардида, суд дар ин асос нисбаташ ҳукми айбдоркунанда қабул намудааст”.

Азиза Ҳайдарова, котибаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 10-уми июни соли 2022 ба гумони қаллобӣ дастгир шуд. Дертар муфаттишон “исрофкорӣ” ва “сохтакории далелҳо”-ро ба парвандааш изофа карданд.

Рустам Саидаҳмадзода рӯзи 29-уми июни соли 2022 дастгир шуда, ба “додани хабари дурӯғ” ва “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” гумонбар мешавад. Номи ӯ ду сол пеш, пас аз онки як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард, дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъоланд. Дар 10 соли охир беш аз 30 додрасро бо ҷурми порахӯрӣ, ё ба истилоҳи расмӣ, “барои кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум кардаанд. Танҳо дар дар ду моҳи охир дар Тоҷикистон дастикам се додрасро аз ду то панҷ сол аз озодӣ маҳрум кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button