ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУХТАРИ ДОНИШҶӮ АЗ ИСФАРА ДАР ЯК САДАМА ДАР РОҲИ КОНИБОДОМ

Рӯзи 5 январ бар асари чаппа шудани мошини тамғаи «Опел-Зафира» дар роҳи мошингарди Конибодом-Деҳмой, мусофири он Зокирова Манзура, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Исфара, донишҷӯи соли сеюми Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
ххххххххххххххх

Дуздон рӯзи 21 декабр аз хонаи як зани 40-солаи сокини Истаравшан як телефони тамғаи «Айфон-7», 100 доллар, 890 сомонӣ ва сару либоси гуногуни занонаю мардонаро дуздида, шаби Соли нав аз хонаи марди 57-солаи сокини ҳамин шаҳр 2 500 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ба маблағи дар умум 60 000 сомониро ба яғмо бурдаанд.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 06.01.2023

Ҳалокати донишҷӯ дар садамаи нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

5-уми январи соли 2023, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Аҳмадҷонов Амирҷон Амонҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри мазкур ба самти шаҳри Хуҷанд дар роҳи мошингарди Конибодом-Деҳмой, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина, Зокирова Манзура Низомиддиновна, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Исфара, донишҷӯи соли сеюми Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дастгир гардидани ҷавони 21-сола бо ҷурми дуздӣ

041

Ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан бо ариза зани 40-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 21-уми декабри соли 2022 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-7», 100 доллари амрикоӣ, 890 сомонӣ ва сару либоси гуногуни занонаю мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 820 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан аризаи марди 57-солаи сокини ҳамин шаҳр ворид гардид, ки 31-уми декабри соли 2022 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2 ҳазору 500 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 60 000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои дуздии дар боло зикршуда дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button