ВидеоҶомеа

КУШТОРИ БЕРАҲМОНАИ ТИФЛИ БЕГУНОҲИ ЧОРСОЛА ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ (СОБИҚ ҶИЛИКӮЛ)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 4 январи соли 2023 аз ошкор шудани боз як куштори тифли хурдсол дар ҷануби ин кишвар хабар дод. ВКД одамкуширо ба сари худ ҷинояти сангин ва куштори ахири тифли сесола дар ҷамоати ба номи Лоҳутии ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл)-и вилояти Хатлонро “фоҷиаи даҳшатангезе номид, ки мардумро ваҳшатзада кард.

Бино ба гузориши полковник Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон, Эсанов Субҳоналӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Дӯстӣ бо худиқрорӣ (явка с повинной) ба шуъбаи милитсияи ин ноҳия ҳозир шуда, хабар додааст, ки қаҳру ғазаби худро идора карда натавониста, дар заминаи муноқиша ва хусумат бо ҳамсараш, писари ноболиғи ӯгаяш Гадоев Самир, соли таваллудаш 2019-ро ба ҳалокат расонидааст.
Кормандони милитсия ва додситонии ноҳия ба ҷойи ҳодиса ҳозир гашта, ҷасади дар хун оғӯштаи тифлаки чорсоларо, ки бо як бераҳмии махсус ба ҳалокат расонида шуда буд, пайдо намуданд.


Худи Эсанов Субҳоналӣ барои шарҳи ҳодиса дастрас нест, вале ВКД мегӯяд, ки ӯ иқрор кардааст, ки тибқи нақшаи таҳрезикардааш, бо баҳонаи ҷамъоварии ҳезум писари ӯгаяшро ба заминҳои хоҷагии деҳқонии Боғистон, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати Лоҳутӣ оварда, ба сараш бо чӯб чанд маротиба зада, кӯдакро беҳуш кардааст.

Офоқи Қодириён давоми ҳодисаро чунин тасвир мекунад: “Баъдан ин марди бадсиришт мебинад, ки ноболиғ Гадоев Самир ҳоло ҳам нафас кашида, дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, бо як бераҳмии махсус пойи худро дар қафаси синаи марҳум гузошта бо тамоми кувват зер менамояд, боз бо чӯби дар даст доштааш чанд маротиба ба сару рӯяш мезанад, ки дар натиҷа, ноболиғ дар ҷойи ходиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расидааст”.
ВКД меафзояд, куштори бераҳмонаи ин кӯдаки ноболиғ бори дигар аҳли ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки дар миёни мо ҳастанд нафароне, ки қадру манзалати инсонҳо назди ин тоифа қиммате надорад.
Нисбат ба Эсанов Субҳоналӣ дар додситонии ноҳияи Дӯстӣ бар асоси моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми куштори тифли ноболиғи оҷиз бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба ӯ барои ин ҷинояти мудҳиш то 25 соли зиндон ваё ҳабси умрбод таҳдид мекунад. Моддаи 104 барои чунин куштор ҳукми қатлро ҳам пешбинӣ мекунад, вале аз соли 2004 дар Тоҷикистон рӯи судур ва иҷрои ҳукми қатл мораторий эълон шудааст.

Вақтҳои охир, дар пасманзари афзоиши ҳодисаҳои кушторҳои даҳшатнок, аз ҷумла куштори кӯдакони хурдсол, дар ҷомиаи Тоҷикистон садоҳое баланд мешаванд, ки ҳукми қатлро нисбат ба қотилон ва онҳое, ки ба номуси кӯдакон таҷовуз мекунанд, барқарор кунанд.

ВКД ахиран хабар дод, ки шаби 28 ноябри соли 2022 Зокир Аъзамов, сокини шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ҳамсар ва писари нӯҳсолаашро кушта, ҷасадҳои онҳоро оташ задааст. Ба ин падари сангилдил низ то 25 соли зиндон ё ҳабси абад таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштори хешовандони наздик, аз ҷумла падару модарон аз ҷониби фарзандони онҳо хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Ин дар ҳолест, ки дар байни мардуми тоҷик эҳтироми падару модар арҷи вижае мегузоранд ва ҳатто сухани баланд задан нисбат ба волидон ё даст бардоштан ба тарафи онҳоро сахт маҳкум мекунанд.

Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангин, ба мисли қатли падару модарро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл меноманд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button