ИқтисодЧеҳраҳо

ИЛОН МАСК АВВАЛИН ИНСОНЕ ДАР ТАЪРИХ ШУД, КИ 200 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР (!!!) БОИГАРИАШРО АЗ ДАСТ ДОД

Бар асоси ҳисобу китоби агентии Bloomberg, боигарии сармоядори 51-солаи амрикоӣ Илон Маск 200 миллиард доллар камтар шудааст. Ба ин тартиб муассиси ширкатҳои Tesla ва SpaceX ва  соҳиби кунунии Twitter нахустин инсоне дар таърих шуд, ки ин қадар пули зиёдро аз даст дод.

Ба ҳисоби ин нашрияи амрикоӣ, дар давраи авҷаш дар моҳи ноябри соли 2021 сарватҳои Илон Маск ба 340 миллиард доллар расида буд. Ҳоло бошад дороиҳои ӯро бар асоси нархи кунунии саҳмияҳои доштааш ҳамагӣ 137 миллиард доллар баровард мекунанд.

Гуфта мешавад, сабаби чунин башиддати кам шудани ҳаҷми боигариҳои Илон Маскав чанд маротиба пойин рафтани нархи саҳмияҳои Tesla, корхонаи машҳури истеҳсоли мошинҳои барқӣ мебошад. Тайи соли 2022 нархи умумии Tesla, ки асоси дороиҳои Илон Маскро ташкил медиҳад, аз 1 триллону 200 миллиард доллар то ба 290 миллиард доллар пойин рафт.

Дар баробари омилҳои дигар, як сабаби пойин рафтани нархи Tesla  харидории шабакаи иҷтимоии Twitter аз ҷониби Илон Маск шуд: Сармоягузорон дар ташвишанд, ки Маск ба  корҳои марбут ба Twitter  андармон шуда, ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ аҳамияти камтар хоҳад дод. Ва он ҳам дар шароите ки рақобат дар бозори истеҳсоли мошинҳои барқӣ босуръат зиёд мешавад.

Бар асоси рейтинги миллиардерҳо, ки Bloomberg ба сурати зинда бар асоси нархи саҳмияҳои дар даст доштаи сармоядорони бузург ҳисобу китоб мекунад, ба ҳолати 1 январи соли 2023 Илон Маск дар байни бойтаринҳои сайёра бо 137 миллиард доллар дороӣ дар ҷои дуюм қарор дорад.

Ҷои аввалро дар ин рӯйхат ҳоло тоҷири фаронсавӣ Бернар Арно, президенти 73-солаи Louis Vuitton, шабакаи ширкатҳои вижаи истеҳсол ва фурӯши молҳои гаронбаҳо дар даст дорад. Ҷамъи дороиҳои Бернар Арно то 1 январи соли 2023 дуруст 162 миллиард доллар баровард шудааст, ки ин назар ба боигариҳои Маскав 25 миллиард доллар бештар аст.

Дар ҷои сеюм дар рӯйхатти миллиардерҳо баъди Арно ва Маск, сармоядори ҳиндустонӣ Гаутам Адани бо 121 миллиард доллар дороӣ қарор дорад. Дар ҷои чорум бо 109 миллиард доллар боигарӣ муассиси “Майкрософт” Билл Гейтс қарор дорад, ки як вақтҳо бойтарин инсони сайёра шумурда мешуд. Дар ҷойҳои панҷум ва шашум боз ду миллиардери амрикоӣ Уорен Баффет ва Ҷефф Безос ҷойгир шудаанд. Вloomberg ҳардуро ба ҳолати 1 январи соли 2022 яксон: 107- миллиарддолларӣ баровард кардааст.

Ҳоло онҳое, ки боигариашон аз 100 миллиард доллар бештар аст, ҳамин 6 нфар будаанд. Ҷолиб он аст, ки боигариҳои ҳамаи ин 6 мултимиллиардер дар вақтҳои охир кам шудааст. Вале ба фарқ аз Илон Маск, ки 203 миллиард долларашро аз даст дод, талафоти дигарҳо ҳамагӣ аз чандсад миллион доллар то чанд миллиард долларро ташкил додааст, ки ба ҳар ҳол, дарде ба хайр аст.

Рӯйхатти бойтарин одамони сайёра, тибқи фарзияи Вloomberg, ба ҳолати 1 январи соли 2023 чунин аст:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button