“СОМОН ЭЙР” БА ПАРВОЗҲО АЗ ХУҶАНД БА УРУМЧӢ ОҒОЗ МЕКУНАД
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 2 майи соли 2024 бо нашри як иттилоия аз ифтитоҳи хатсайри мустақими Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд хабар дод. Хадамоти матбуотии “Сомон Эйр” гуфт, сокинони шаҳри Хуҷанд акнун имкон пайдо мекунанд, ки мустақиман ба Урумчӣ парвоз намоянд. Интизор меравад, парвози нахустин дар ин масир 16-уми майи соли 2024 сурат бигирад.
Парвозҳо аз Хуҷанд ба Урумчӣ ҳафтае як маротиба, рӯзҳои панҷшанбе ва дар самти баргашт рӯзҳои ҷумъа тариқи ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 амалӣ мегарданд. Вақти парвоз аз Хуҷанд ба Урумчӣ 21:00 ва аз Урумчӣ самти Хуҷанд 04:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ аз Душанбе ба Урумчӣ ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа парвозҳо анҷом медиҳад. Вақти парвоз аз Душанбе 22:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Парвозҳо аз Урумчӣ ба Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе соати 03:30 сурат мегиранд.
Баъди ба иллати мушкилоти молиявӣ ҳамаи парвозҳояшро қатъ кардани ширкати “Тоҷик Эйр”, “Сомон Эйр” инак 5 сол боз ягона ширкати фаъоли ҳавопаймоии Тоҷикистон ба шумор меравад. “Сомон Эйр” дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ба шаҳрҳои гуногуни Русия парвозҳо анҷом медиҳад.
Парки “Сомон Эйр” аз чанд ҳавопаймои тамғаҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст.