ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ ДУ МАНСАБДОРИ БАЛАНДПОЯ ДАР ПАНҶАКЕНТ БАРОИ ҶИНОЯТҲОИ КОРРУПСИОНӢ

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар шаҳри Панҷакент рӯзи 3 майи соли 2024 хабар доданд, ки кормандони Агентии мубориза бо коррупсия ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ ду мансабдори баландпоя дар ин минтақаро бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ дастгир кардаанд.

Як манбаи огоҳ аз ҷараёни қазия дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт, раиси кумитаи замини шаҳри Панҷакент Ғолиб Муродзода ва раиси идораи беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон Қурбон Усмонов ҳарду дар ҳоли ҳозир дар СИЗО, ё боздоштгоҳи шаҳри Истаравшан нигоҳ дошта мешаванд.

Як манбаи наздик ба шаҳрдории Панҷакент бо тасдиқи ин хабар гуфт: “Ягон 20 рӯз гузашт аз дастгир шудани Ғолиб Муродзода ва Қурбон Усмонов. Ҳоло дар СИЗОи Истаравшан қарор доранд ҳардуяшон. Инҳоро коррупсия ва амният қапидааст”.

Аммо манобеи “Бомдод” дар бораи ҷузъиёти иттиҳомоти зидди ин ду мансабдори баландпоя эълоншуда изҳори бехабарӣ карданд.

Қурбон Усмонов аз солҳои 90, тақрибан 30 сол боз раҳбарии шабакаҳои обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшонро дар даст дошт ва аз шахсони хеле сарватманд ва пурнуфуз дар Панҷакент ба шумор мерафт. Аммо деҳқонони маҳаллӣ ӯро ба он айбдор мекарданд, ки дар давраи раҳбариаш аксари насосҳои обкашӣ аз кор баромад ваё ба чапи рост фурӯ шуд ва дар натиҷа деҳқонон ҳоло дар таъмини заминҳои кишташон бо об мушкили сахт кашида истодаанд.

Иншооти марбут ба шабакаи обёрӣ дар Панҷакент дар ихтиёри худ заминҳои зиёде ҳам дошт, ки дар солҳои охир қариб ҳамааш ғайриқонунӣ фурӯхта шуданд.

Худи дастгиршудагон ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале гумон меравад, ки боздошти Қурбон Усмонов ҳамроҳ бо раиси кумитаи замини Панҷакент ба ҳамин мавридҳои фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин рабт дода бошад.

Ҷудо кардани қитъаҳои замин, ки ба ҷамоатҳо ва кумитаҳои замин вогузор карда шудааст, дар Тоҷикистони аҳолиаш рӯзафзун ба яке аз арсаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст ва қариб ҳар моҳ дар бораи боздошти чандин мансабдори маҳаллӣ, асосан кормандони масъули ҷамоатҳо ва кумитаҳои замин хабарҳо ба даст мерасанд.

Танҳо дар моҳи апрели соли 2024 мақомоти Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноятӣ бо иттиҳоми заминфурӯшӣ ба зидди раиси Кумитаи замини шаҳри Кӯлоб, раиси кумитаи замин ва раиси ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон, як корманди кумитаи замини шаҳри Ҳисор ва мудири шуъбаи шаҳрдории Исфара хабар доданд.

Ба аксари онҳо барои чунин амал ё ҷарима ваё ҳукми зиндон таҳдид мекунад, вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони барои ҷиноятҳои коррупсионӣ ба даст афтода дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ раҳо ёфта, зиндонӣ намешаванд.  Бовар меравад, ки ин ҳукмҳои сабук дар ивази пораҳои гарон ба даст меоянд. Аммо чунин сурати ҳол, ба ақидаи нозирони умур, мансабдорони дигари дасташон қалбро ба идомаи амалҳои коррупсионӣ ташвиқ карда, ба онҳо эҳсоси боварӣ медиҳад, ки ҳатто дар сурати ба даст афтодан метавонанд мисли дигар мансабдорон “ягон сӯм дода, халос шаванд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button