ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

800 РӮЗИ ҶАНГИ РУСИЯ БО УКРАИНА: КӢ ЧӢ БУРД ВА ЧӢ БОХТ?

800-умин рӯзи ҷанг байни Руссияву Украина замоне фаро расид, ки қариб 61 миллиард доллар кумакҳои Амрико пас аз 6 моҳи кашмакашҳои зиёд дар Конгресс билохира иҷоза дода шуду акнун дар роҳи расидан ба Киев ҳастанд. Вале ба назар мерасад, ки муттаҳиддони Украина барои наҷоти ин кишвари ҷангзадаи аврупоӣ каме таъхир кардаанд. Коршиносони низомӣ кумакҳои Амрикоро ба “нӯшдоруи пеш аз марг” ташбеҳ мекунанд, вале мегӯянд, Украина бо дарёфти ин ёриҳо ҳанӯз ҳам шонс дорад, ки таносубро дар ҷабҳа ба фоидаи худ тағйир диҳад.

Пас аз 4 рӯзи тавофуқи Конгресси Амрико барои кумак ба Украина, фармондеҳи артиши Украина Александр Сирский дар саҳифаи Телеграми худ ба таври муфассал аз таҳаввулоти ахир дар хатҳои ҷабҳа ёдоварӣ карда, аз пешравии тактикии нерӯҳои рус дар баъзе минтақаҳо хабар дод.

Ӯ ҳолати кунунии ҷангро барои артиши Украина ташвишовар  ба қалам дод, вале таъкид кард, ки ба нерӯҳои русӣ иҷоза намедиҳанд, то ба пешравии назаррас ноил гарданд. Аз ҷумла Сирский вазъияти ҷабҳаҳои Донетск ва Кураховоро хеле вазнин гуфт.

Президенти Украина Владимир Зеленский низ дар мусоҳиба бо шабакаи амрикоии CBS News

гуфт, “агар муттаҳидони мо барои фиристодани таслиҳот таъхир кунанд, артиши Украина дар ҳолати вазнин қарор мегирад. Агар рафту Украина суқут кард, артиши Путинро дар Қазоқистону кишварҳои лаби Балтика ва ҳамин тавр, дар Полшаю Олмон мунтазир бошед…”.

Ба гуфтаи ҷониби Русия, ба артиши онҳо муяссар шудааст дар ҷабҳаи Донетск хатти аввали дифоии украиниҳоро дар наздикии минтақаи аҳолинишини Очеретино рахна карда, шаҳраки Очеретиноро ғасб ва то ҳудуди 7 километр пешравӣ кунанд. Ҳамзамон нерӯҳои рус чанд деҳаро дар наздикии минтақаи Маринка тасарруф карда, хатти дифоии артиши Украинаро рахна ва тарафи муқобилро ба ақибнишинӣ водор кардаанд.

Илова бар ин, артиши Русия минтақаҳои аҳолинишини Соловёв, Новобахмутовка, Семёновка ва Бердичиро низ ишғол кардаанд.

Пажӯҳишгоҳи омӯзиши ҷанг (ISW) низ дар гузориши худ зикр кардааст, ки то расидани кумакҳои амрикоӣ эҳтимоли пешравии артиши Русия вуҷуд дорад ва шояд ба русҳо муяссар шавад , то ҳадде боз як қисмати хоки Украинаро ғасб кунанд, вале наметавонанд хатти дифоии украиниҳоро рахна ва минтақаҳои стратегиро зери итоати худ гиранд.

Аммо феълан тавре ба назар мерасад, вазъият дар майдони ҷанг ба нафъи русҳост, чунки ҳоло артиши Украина аз лиҳози таъмини силоҳ танқисӣ мекашад, зеро наздик ба ним сол боз Амрико силоҳи зарурӣ дастраси нерӯҳои Украина накардааст, аз ҷумла мушакҳо барои сомонаҳои дифоии ҳавоӣ.

Баракси ин, артиши Русия дар ин муддат тавонистааст таслиҳоти заруриро ба хатти ҷанг фиристад ва аз заъфи шабакаҳои дифоии зиддиҳавоии Украина истифода барад ва ҳамлаҳои ҳавоии худро афзоиш дода, мавқеъҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва ҳам зербинои иҷтимоиву иқтисодии ин кишваррро зери бомбаборони шадид қарор диҳад.

Расонаҳо менависанд, аз эҳтимол дур нест, ки артиши Русия дар ҷабҳаи Авдеевка хатти дифоии украиниҳоро рахна карда, яке аз пойгоҳи дифоии муҳими Украина, “Часов Яр”-ро ғасб кунад.

Бино ба маълумоти хабаргузории Блумберг,  бо инчи ки артиши Украина таи шаш моҳи гузашта рӯ ба рӯ аст, яъне набуди таслиҳоти зарурӣ ва норасоии нерӯҳои заминӣ, дар тобистон низ вазъият барои онҳо ҳамингуна вазнин боқӣ хоҳад монд. Зеро агарчӣ артиши Русия ба таври ҷиддӣ ҷабҳаҳоро торумор ҳам накунад, вале дар ҳолати рух додани хатоӣ аз тарафи фармондеҳии Украина, ба русҳо муяссар мешавад ба таври қобили мулоҳиза пешравӣ кунанд.

Таҳлилгарони Пажуҳишгоҳи хадамоти муттаҳидаи подшоҳӣ (RUSI) низ бар он назаранд, ки дар тобистони соли 2024 артиши Русия кӯшиш мекунад, то дар сар то сари ҷабҳа амалиётҳои ҷангиро авҷ гиронда, бо ин роҳ нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро фарсудаву заиф ва дар ҳолати бобарор анҷомидани амалиётҳо минтақаи Константиновкаро ғасб кунад.

Агарчи вазъияти артиши Украина дар ҷабҳаҳо ташвишовар ҳам бошад, вале таи ҳафтаи гузашта онҳо тавассути мушакҳои дурпарвози амрикоӣ бо истифодаи аз системаи ATACMS чандин мавзеи муҳимро дар нимҷазираи ишғолшудаи Қрим зери ҳадаф қарор доданд. Аз ҷумла шаби 30-юми апрели соли 2024, артиши Украина фурудгоҳи низомии нерӯҳои ҳавоии Русияро дар минтақаи Ҷанкойи Қрим ва қисми низомии кувваҳои зиддиҳавоии Русияро дар шаҳри Симферопол мушакборон кардаанд.

Гузашта аз ин, аз оғози соли 2024 нерӯҳои мусаллаҳи Украина марказҳои полоиши нафтро дар минтақаҳои гуногуни Русия, аз Брянску Белгород сар карда, то Петербургу Қазон тавассути тайёраҳои бидуни сарнишин ҳадаф қарор доданд.

Русия низ дар ҷавоб бо ҳамлаҳои ҳавоӣ нерӯгоҳҳои барқии Украинаро вайрон кард.

Бино ба иттилои расонаҳои украинӣ,  аз ҷумла РБК-Украина,  тайи 800 рӯзи ҷанг ба артиши Украина муяссар шудааст 470 ҳазору 870 нафар аз нерӯҳои мусаллаҳи Русияро нобуд кунад. Илова бари ин дар ин муддат 348 тайёраи ҷангӣ, 325 чархбол, 7 ҳазору 332 танк, 14 ҳазору 96 мошини зиреҳпӯш ба мисли БТП ва БМП, 12 ҳазору 44  тӯпхона, 784 шабакаи дифои зиддиҳавоӣ, 1053 мушакандози реактивӣ,  9561 тайёраи бидуни сарнишин, 26 киштии низомӣ, 16 ҳазору 224 мошини боркаш ва 2126 фарванд мушаки артиши Русияро аз байн баранд. Вале тафтиши дурустии ин арқом аз тариқи сарчашмаҳои мӯътабару бетараф ғайримумкин аст.

Бахши русии ББС 21-уми феврали соли 2024 хабар дод, ки марги 45 ҳазор афсару аскари артиши Русия дар ҷанг бо Украинаро бо далелҳои шайъӣ тасдиқ кардааст.

Бино ба гуфти вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, артиши Украина дар ин муддат 444 ҳазор нерӯи худро аз даст додааст. Вале коршиносони ҳарбӣ ин рақами овардаи Шойгуро хеле ҳавоӣ мешуморанд. Президенти Украина моҳи феврал гуфта буд, ки артиши Украина дар ду соли ҷанг 31 ҳазор нерӯи худро талаф додааст.

ЮНИСЕФ, Бунёди кӯдакони Созмони Милал  бо такя ба гузоришгарони худ навиштааст, ки аз санаи 24-02-2024 то 31-03-2024 зимни амалиётҳои ҷангӣ дар Украина 545 кӯдак кушта шуда, 1309 кӯдаки дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар умум, то моҳи марти соли 2024 даҳ ҳазору  810 тан аз аҳолии осоиштаи Украина ҷони худро аз даст дода, 20 ҳазору 556 тани дигар аз аҳолии осоишт захмӣ ва ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар Русия бошад танҳо дар вилояти Белгород то санаи 20-уми апрели соли 2024 сӣ тан аз аҳолии осоишта бар асари ҳамлаҳои мушаки Украина ҷони худро аз даст дода, 123 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Такаббур ҷузъи ҳувияти миллии русҳост! гуяд:

    Россия бо ҳеч ваҷҳ бо ягон кишвари узви НАТО намеҷангад, ин бештар ба афсона наздик аст, то воқеъият, чунки мо шоҳиди он будем, ки Туркия узви нато ҳавопаймои низомии россияро зада, суқут дод ва моҳе баъд сафири россия дар анқара дар пахши мустақими бурбинҳои телевизион кушта шуд, россия ҳеч коре накард (ҷуз таҳрими помидор). Россия 10 сол пеш қримро бидуни ҷангу хунрезӣ гирифт, донбасс

  2. Идофам “кишварҳои ғарбӣ” задний ход задестан. Медодаги боши бте охӣ , чӣ иқа резинш мени. И кинои туркияй ба тра Байден ?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button