ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

БА ШАҲРВАНДОНИ ҚИРҒИЗИСТОН ҲАМ МАШВАРАТ ДОДАНД, КИ БА РУСИЯ САФАР НАКУНАНД

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ машварат додааст, ки муваққатан аз сафарҳои бидуни зарурати ҷиддӣ ба Русия худдорӣ кунанд.

Вазорат дар посух ба гузоришҳои расонаҳо дар мавриди ба Русия роҳ надодани шаҳрвандони қирғиз гуфт, “то 2 майи соли 2024 хабаре дар бораи ба таври оммавӣ ба қаламрави Русия роҳ надодани шаҳрвандони Қирғизистон ба сафорат ва консулшариҳои Қирғизистон дар Русия нарасидааст, вале вазорат  вазъ дар Русия ва таъсири он ба вазъияти ҳуқуқии шаҳрвандони Қирғизистонро пайгирӣ мекунад”.

Дар айни замон, гуфта мешавад дар хабар, “вазорат бори дигар ба шаҳрвандоне, ки барои сафар ба Русия зарурати ҷиддӣ надоранд, машварат медиҳад, ки то аз байн бардоштани чораҳои иловагии амниятӣ ва режими назорати шадид дар марзҳо аз сафар ба қаламрави ин кишвар худдорӣ кунанд ва дар сурати зарурати сафар дҳам бояд аз қабл вуҷуди маҳдудиятҳо дар роҳи сафарашон ба Русияро тафтиш кунанд”.

Дар сурати дучор шудани ба ҳолатҳои пешбининашуда ё пайдо шудани суолҳо, ба шаҳрвандони Қирғизистон машварат медиҳанд, ки бо рақами +7 925 115 50 47 ба сафорати Қирғизистон дар Русия ваё бо рақами +996 999 312 002 ба департаменти консулии вазорати хориҷаи Қирғизистон муроҷиат кунанд.

Валентина Чупик

Рӯзи 2 майи соли 2024 Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, дар суҳбат бо хабаргузории русии “Агентство” хабар дод, ки агар қаблан танҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро ба сурати оммавӣ ба Русия роҳ намедоданд, ҳоло муҳоҷирон аз Қирғизистону Ӯзбекистон низ ба чунин ҳол дучор шудаанд ва  муҳоҷиронро нафақат дар фурудгоҳҳо, балки дар гузаргоҳҳои заминӣ низ ба Русия роҳ намедиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, аз байни мардон бештар онҳоеро, ки риш доранду бурут надоранд ва аз байни занҳо ҳиҷобпӯшҳоро ҷудо карда, ба Русия роҳ намедиҳанд.

“Ин маъракаи боздоштҳои оммавии муҳоҷирон дар марзҳои Русия 24 апрел оғоз ёфт ва то 1 май дар фурудгоҳҳои Русия наздики 4500 нафар ва тақрибан ҳамин теъдоди дигар дар гузаргоҳҳои заминӣ дармонда буданд. Чунин мавҷи густардаи ихроҷ аз Русия то ҳол дида нашуда буд. Қаблан мешуд, ки мусофирон як ё ду ҳавопайморо роҳ намедоданд, вале ҳоло ҳамаро гардонда истодаанд”, — нақл кардааст ҳомии ҳуқуқ, ки худаш низ се сол пеш аз Русия ихроҷ шуда буд ва ҳоло дар Амрико паноҳ бурдааст.

Ба ҳисоби Чупик, тақрибан чоряки муҳоҷирони дар марзи Русия дармонда аз Тоҷикистон, нисфаш аз Ӯзбекистон ва боқимондааш ағлаб аз Қирғизистонанд.

Ихроҷи радшудаҳо метавонад чанд рӯзро дар бар бигирад ва мардум шикоят доранд, ки ин ҳама муддат дар фурудгоҳ ё хатти марз бе обу хӯрок ба сар мебаранд ва касе ҳам ба онҳо намефаҳмонад, ки сабаби роҳ надоданашон ба Русия чист?

Қирғизистон инак дуюмин кишвари Осиёи Марказист, ки ба шаҳрвандонаш худдорӣ аз сафарҳо ба Русияро то замони расидани рӯзҳои хубтар маслиҳат дод.

Ёдовар мешавем, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар охирин соатҳои шаби 27 апрели соли 2024 бо нашри як тавсияи таъҷилӣ аз шаҳрвандони ин кишвар хост, ки муваққатан аз сафарҳои “бе зарурат” ба Русия  тавассути ҳама гуна воситаҳои нақлиёт худдорӣ кунанд.

Рӯзи 29 апрел ҳатто сафири Русия дар Душанберо ба як гунаи хеле камсобиқа дар таърихи равобити дипломатии Тоҷикистону Русия ба вазорати хориҷа даъват карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супурданд, ки дар он аз “муносибати дағалона нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо, ки ба таври оммавӣ дар Федератсияи Русия сурат мегирад” изҳори нигаронии ҷиддӣ шуда, таъкид шуда буд, ки “ин гуна амалҳо танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ шуда, ба рӯҳия ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест”.

Дар пайи ин нота, рӯзи 30 апрел вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин занг зада, фаҳмонданӣ шуд, ки гӯё  тафтишҳои шаҳрвандони хориҷӣ дар пайи ҳамлаи хунини “Крокус” бо мақсади “пешгирӣ аз терроризм” амалӣ мешаванд ва “табиати муваққатӣ дошта, ба зидди ягон миллат ё дини мушаххас нигаронида нашудаанд”.

Аммо Сироҷиддин Муҳриддин дар робита ба  изҳороти Лавров дар бораи гӯё “алайҳи ягон миллат ё дини мушаххас равона нашудани тадбирҳои андешидашуда”, вазири тоҷик таъкид кардааст, ки “ин бо вазъи воқеӣ мувофиқ нест ва амалҳои манфӣ танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд”.

Тоҷикони дармонда дар фурудгоҳи Внуково

Ба фарқ аз Қирғизистон, ки мегӯяд, то ҳол шикояте дар бораи ба таври оммавӣ ба Русия роҳ надодани шаҳрвандонаш шикояте нагирифтааст, вазорати хориҷаи Тоҷикистон алакай то поёни рӯзи 27 апрел танҳо дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав 954 шаҳрванди дармондаи тоҷикро баршумурд ва баъдан хабар дод, ки аз беш аз 3 ҳазор тоҷикистонии аз 26 то 30 апрел ба фурудгоҳи Внуково воридшуда 643 нафарашро ихроҷ кардаанд ва 127 тани дигар ҳукми ихроҷ гирифтаву мунтазиранд, ки кай онҳоро ба Ватан бозпас мефиристанд.

Фишорҳо ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия баъди ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав афзоиш ёфт. Ин ҳамла 145 кушта ба ҷо гузошт ва 17 нафар аз 19 нафари бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла дастгиршуда зодагони Тоҷикистонанд.

Аз 22 апрели соли 2024 дар марзҳои Русия тафтиши мӯшикофонаи шаҳрвандони Тоҷикистон оғоз ёфт. Муҳоҷирон мегӯянд, мақомоти Русия ҳатто телефонҳои онҳоро гирифта, тафтиш мекунанд.

Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон се кишвари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ аз таъминкунандагони асосии бозори кори Русия бо нирӯи корӣ дониста мешаванд. Ҳар сол тақрибан 5 миллион аз аҳолии қобили кори ин кишварҳо барои таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳудуди 10 миллиард доллар пуле, ки муҳоҷирон ҳар сол аз Русия ба Ватан мефиристанд, як манбаи умдаи таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистону Қирғизистону Ӯзбекистон ва ҳамчунин як омили муҳими таъмини рушди иқтисодӣ савдо дар ин 3 кишвари пасошӯравӣ дониста мешавад.

Ихроҷи ҳар муҳоҷир аз Русия ба маънои аз як манбаи муҳими даромадаш маҳрум шудани дастикам як оила дар ин 3 кишвар аст.

Аммо хабарҳо дар бораи банд мондани садҳо нафар дар марзҳо ва фурудгоҳҳои Русия бисёре аз муҳоҷиронро нигарон кардааст ва онҳо намедонанд, ки имсол ҳам ба муҳоҷират бираванд ё то беҳтар шудани вазъият сабр кунанд? Ин дар ҳолест, ки ин шабу рӯз маъмулан рӯзҳои авҷи мавсими муҳоҷират аз Осиёи Марказӣ ба Русия ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button