ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсонҶомеа

МАРГИ ПУРАСРОРИ СОКИНИ ҒАФУРОВ ДАР ШУЪБАИ МИЛИТСИЯ

Бахтиёр Примов, сокини 35-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шуъбаи милитсияи ин ноҳия ҷон додааст. Сабаби марги ӯ рӯшан нест ва дар паси пардаи асрор боқӣ мемонад. Бахтиёр Примов бо пои худ аз Русия омада, ба шуъбаи милитсия рафта буд, то масъалаи парвандаи гӯё саркашӣ карданаш аз пардохти алиментро ҳал кунад, вале аз шуъба ҷасади беҷонашро бароварданд…

Бино ба иттилои як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, санаи 8 апрели соли 2024 корманди оперативии шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКДҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Неъматзода Илҳом ба сокини ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Примов Бахтиëр Музаффарович, соли таваллудаш 1989, ки дар Федератсия Русия дар шаҳри Маскав дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт, занг зада, мегӯяд, ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва барои корашро ҳал кардани масъала ва қатъ кардани парванда ӯ бояд ба Тоҷикистон баргардад. Неъматов, ки Примов риштаи хешовандӣ ҳам дошт, дили Бахтиёрро пур кардааст, ки гӯё вай алакай бо сардор масъалаи ӯро маслиҳат кардааст ва бе ягон хавотир метавонад биёяд.

Примов Бахтиёр, ки 3 фарзанд дошт, ягон 4 сол пеш аз занаш ҷудо шуда буд ва маълум гардид, ки ҳамсари собиқаш барои напардохтани маблағи алимент барои фарзандонаш ба зидди Примов Бахтиёр ариза дода будааст ва дар ин асос нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд.

Бахтиёр Примов ба ваъдаҳои Неъматзода Илҳом, ки ҳам ҳамсоя ва ҳам хешу табораш буд, бовар карда, аз Маскав ба шаҳри Хуҷанд чиптаи ҳавопаймо мехарад. Модари Бахтиëр Примова Мавҷуда хавотир мешавад ва ҳамроҳи Бахтиëр модараш ҳам чипта харида, ба Тоҷикистон бармегардад.

Баъди ба хона омадан Бахтиëр рӯзи 10 апрел ба Илҳом занг зада, хабар медиҳад, ки ба хона омада, расидааст ва якбор бо ҳамдигар вохӯрда, маслиҳатро пазонем мегӯяд. Илҳом ба ӯ мегӯяд, ки ба ҳеҷ куҷо набарояд ва ӯро мунтазир шавад.

Неъматзода Илҳом

Баъди чанде худи Илҳом ва дигар кормандони шӯъбачаи оперативии ШВКД ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада,  Примов Бахтиёрро аз хонааш дастгир карда, ба шуъбаи милитсия бурда, маҳкам кардаанд. Сабаби барои як парвандаи марбут ба баҳси оилавӣ пушти панҷара шинондани ин сокини шаҳраки Ғафуров маълум нест. Аммо баъди ду рӯзи боздошташ Бахтиёр Примов бо сабабҳои то ҳол номаълум дар  тавқифгоҳи шуъбаи милитсияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷон додааст ва кормандони милитсия ҷасади беҷонашро ба дасти модараш додаанд.

Ҷанозаи Бахтиёр Примовро худи ҳамон рӯзи 12 апрел дар намози ҷумъа дар масҷиди Ҳоҷи Назари шаҳраки Ғафуров пешнамоз карданд ва сипас ба хок супурданд.

Сабаби марги ӯ дар боздошт пурасрор боқӣ мемонад, вале ба гуфтаи шоҳидон, модараш дар рӯзи дафни фарзандаш ба Илҳом Неъматов нафрини зиёд хонда, гуфтааст, ки дар бадани Бахтиёр осори зиёди зарбу лат буд. Инро мурдашӯйҳое, ки ҷасади Бахтиёр Примовро  шуста, кафан карда буданд, низ тасдиқ кардаанд.

Қариб ҳар сол аз Тоҷикистон дар бораи ҳалокати боздоштшудагон дар боздоштгоҳҳо хабарҳо ба даст мерасанд. Дар моҳи ноябри соли 2021 марги Гулбуддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа  баъди чанд соати боздошташ боиси эътирозҳои густарда дар Хоруғ шуд.  Ин эътирозҳо то моҳи майи соли 2022 давом кард ва дар ниҳоят бо истифода аз силоҳ фурӯ нишонда шуд. Дар ҷараёни эътирозҳои Бадахшон дар тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 беш аз 30 кас, асосан сокинони Бадахшон, кушта шуданд.

Моҳи январи соли 2023 дар шаҳри Кӯлоб низ дар пайи марги сокини ин шаҳр Абдуқаҳҳор Розиқов баъди дастгир шуданаш мавҷи эътирозҳоро ба бор овард. 25 июли соли 2023 додгоҳи минтақаи Кӯлоб судшавандагон  Ҷамшед Кароматов, Зафар Холов ва Шамшод Шарифзода бар асоси моддаи 143, иловаи 1 қисми 3, банди “б”  дар шиканҷа бо оқибати маргбор гунаҳкор шинохта,  ҳар яки онҳоро ба  14 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Ин се афсари ҳамакнун собиқи милитсия бо ҳукми додгоҳ ҳамчунин барои 12 сол аз ҳаққи ишғоли мансаб дар мақомоти корҳои дохилӣ маҳрум карда шуданд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button