ВидеоСиёсатТаърихЧеҳраҳо

20 СОЛ БОЗ ДАР ЗИНДОН: МУҲАММАДРӮЗӢ ИСКАНДАРОВ БА СИННИ 70 РАСИД

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, собиқ генерал-майор, собиқ фармондеҳи нирӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Тоҷикобод, собиқ раиси ҳизби демократ, собиқ раиси ширкати “Тоҷикгаз”… Рӯзи 3 майи соли 2024 ин сиёсатмадори шинохта ба синни 70 расид. Инак 20 сол боз Искандаров дар пушти панҷара қарор дорад. Ӯ соли 2005 баъди эълони азмаш барои гузоштани номзадиаш дар интихоботи президентӣ ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар баробари Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев яке аз се генерали тоҷик аст, ки дар ҷабҳаҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 ба чунин рутбаи баланди низомӣ расида, вале ба зиндон андохта шуданд. Ёқуб Салимов баъди адои 15 сол ҳукми зиндонаш тобистони соли 2017 аз маҳбас озод шуд, вале Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки ба 23 сол, ва Ғаффор Мирзоев, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, то ҳол дар пушти панҷара қарор доранд.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров 3 майи соли 1954 дар деҳаи Мулло Темурии ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омада, баъди хатми синфи 8 дар соли 1969 ба техникуми сохтмони Душанбе дохил шуд. Ӯ соли 1973 ин техникум ва соли 1999, алакай баъди ҷанги шаҳрвандӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар даврони Шӯравӣ дар риштаи сохтмон кор мекард ва то ба мақоми сардори раёсати РМУ-и вазорати тандурустии Тоҷикистон расида буд.

Искандаров соли 1990, баъди таъсиси ҳизби демократ – нахустин ҳизби алтернативӣ дар муқобили ҳизби дар тамоми тӯли даврони Шӯравӣ яккатози коммунист – ба узвияти ин созмони сиёсии таҳти роҳбарии Шодмон Юсуф пайваст.

Дар поёни соли 1992, дар пайи тасарруфи Душанбе аз ҷониби нирӯҳои Фронти халқӣ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба зодгоҳаш – Тоҷикобод рафт ва онҷо роҳбарии ҷанговарони мухолифинро ба ӯҳда гирифт.

Соли 1997, вақте созишномаи сулҳ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин ба имзо расид, ноҳияи Тоҷикобод ва атрофи он алакай таҳти назорати нирӯҳои Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва дигар фармондеҳони оппозитсия қарор дошт.

Искандаров 3 августи соли 1998, бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин ибтидо раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон таъйин шуд. Аммо соли 1999 ин мақомро барои қаноат додани фармондеҳони аз тақсимоти қудрат норозии оппозитсия ба Мирзо Зиёев (Мирзо-Ҷага) доданд ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бо фармони президент аз 6 июли соли 1999 раиси ширкати “Тоҷиккоммунсервис” таъйин шуд. Искандаров ҳамин тавр дар ҳамони соли 1999 баъди сабти номи дубораи ҳизби демократ раиси ин ташаккули сиёсӣ интихоб шуд.

17 апрели соли 2001 ширкати “Тоҷиккомунсервис” бар асоси ислоҳоти сохторӣ барҳам хӯрд ва Искандаров раиси ширкати давлатии “Тоҷикгаз” таъйин шуд.

Искандаров дар соли 2003 аз ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки ба президент Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи пешбарии номзадиаш барои боз ду давраи ҳафтсолаи президентиро фароҳам меовард, ба шиддат интиқод кард. Ӯ роҳбарони Иттиҳоди нирӯҳои мухолифинро ба “фурӯхтан”-и дастовардҳои созишномаи сулҳ айбдор кард ва ҳамчунин эълон кард, ки номзадиашро дар интихоботи оянда хоҳад гузошт. Искандаров ҳамчунин барои ташкили як Эътилофи фармондеҳони собиқ аз ҳарду ҷабҳаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон азм кард, ки нахустин ҷаласааш дар Ҷиргатол, дар манзили Шоҳ Искандаров баргузор шуд.

Чунин мавқеъгириҳои ошкоро оппозитсионии Искандаров боис шуд, ки ҳукумат дар паяш шавад. Рӯзи 28 ноябри соли 2003 дар ҷаласаи ҳукумат раиси ширкати “Тоҷикгаз” Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро ба “мунтазам иҷро накардани дастуру супоришҳои ҳукумат дар мавриди ислоҳоти соҳаи энергетика”, ҳамчунин ба “бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ, ки боиси коҳиши нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхонаҳо шудааст” ва “камбудиҳо дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо” айбдор карда, аз вазифа гирифтанд.

Искандаров баъди барканориаш аз мақом тарки Тоҷикистон кард. Додситонии кулли Тоҷикистон ба зидди роҳбари ҳизби демократ бо иттиҳомоти сангине, чун даст доштан дар амалҳои террористӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа, ташкили гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва аз худ кардани маблағҳои давлатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушод ва Искандаровро рӯзи 2 декабри соли 2004 таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд.

Искандаров алакай 9 декабри соли 2004 дар Маскав дастгир шуд. Мақомоти Русия ӯро рӯзи 15 апрели соли 2005 ҷавоб доданд, вале алакай ҳафтае баъд Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба таври то ҳол пурасрор дар шаҳри Королёви вилояти Маскав рабуда шуда, ба дунбол дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Душанбе пайдо шуд.

Худи Искандаров ва тарафдоронаш мегуфтанд, ки ӯро мақомоти Тоҷикистон рабуда, маҷбуран ба Тоҷикистон овардаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 5 октябри соли 2005 Искандаровро бар асоси 6 моддаи Кодекси ҷиноятӣ – терроризм, бандитизм, дуздии моликияти давлатӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани муҳофизон, сӯиистифода аз мансаб, ташкили гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ – гунаҳкор шинохта, ба 23 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи молумулк маҳкум кард.

 Бо ҳукми додгоҳ, Искандаровро ҳамчунин аз рутбаи низомии генерал-майор ва ордени “Спитамен” маҳрум карданд. Ӯ ҳамчунин муваззаф шуд, ки 1,5 миллион сомонӣ (қариб ним миллион доллар – бо қурби он солҳо) зарари расондаашро ба ширкати давлатии “Тоҷикгаз” ҷуброн кунад.

Искандаров ва тарафдоронаш ҳукми додгоҳро як ҳукми комилан сиёсӣ номида, мегуфтанд, азми ӯ барои гузоштани номзадиаш дар интихоботи президентӣ сабаб шуд, ки ин раҳбари шинохтаи мухолифинро таҳти таъқиб қарор бидиҳанд.

Искандаров то соли 2015 дар як маҳбаси Душанбе адои ҳукм мекард. Вале баъди як мусоҳиба бо радиои “Озодӣ” дар бораи шароити зиндон ӯро ба маҳбаси пӯшидаи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), ки бо қоидаҳои хеле шадиди бархӯрд нисбат ба зиндониён ном баровардааст, интиқол доданд.

Дар поин иқтибосҳо аз матни суханони охирини Искандаров дар судро, ки дар расонаҳо чоп нашудаанд, пешкаш менамоем:

М. Искандаров: «Гунаҳкор будан ё набудани ҳар киро таърих баҳо медиҳад!»

(Иқтибосҳо аз сухани охирини М. Искандаров дар суд, 2. 11.05)

«Дар айбномаи Прокуратураи генералӣ омадааст, ки гўё бачаҳои гурўҳи маро ( ӯ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ қумандони як гурӯҳи ҷонибдорони мухолифин буд. – РМ) дар Афгонистон дарс дода бошанд. Ин дурўғи маҳз аст. Ман мисли кормандони прокуратура гапҳои ҳавоӣ намезанам….
Аз бачаҳои гурўҳи ман касе ба ғоратгариву дуздӣ ҳам даст назадааст. Зеро ҳанўз соли 1994 яке аз хешовандонам бо кадом ҷинояте ба дасти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афтид. Ҳама гумон карданд, ки ман ба кормандони ин мақомот фишор меоваранд, то хешамро аз дасти онҳо халос намоям, аммо ман ин корро накардам. Гуфтам, ки агар ҷиноят содир кардааст, бигзор дар назди қонун ҷавоб бидиҳад. Фикр мекунам, ин барои дигарон дарс шуд, ки агар ман хешованди худро тарафдорӣ барои ҷинояти кардааш намекунам, пас ба ҳеҷ каси дигар низ ин амалро раво намебинам. Биноан, касе аз бачаҳои гурўҳ ба дуздиву ғорат даст назад. Ин гапи умумӣ нест, ин факт аст! Марҳамат касе мехоҳад, онро мавриди санҷиш қарор диҳад. …
Пас аз имзои Созишномаи сулҳ мо ба Душанбе омадем ва ба корҳои давлатӣ оғоз намудем. Аммо агар он солҳо ҳам, ки вазъият ҳанўз пурра ба эътидол наомада буд ва гурўҳҳои норозӣ боқӣ монда буданд, кўмаки низомии мо лозим мешуд, мерафтем ва масъалаҳоро ба манфиати ҳукумат ҳал мекардем. Барои мисол метавонам аз ҳолатҳое ном бубарам, ки ба қазияҳои баамаловардаи Мулло Абдулло, Шайх ва дигарон марбут буданд. Ё проблемаи Раҳмон – гитлер ва Мансур Мукааловро дар соли 2001 мисол меорам. Дигар гурўҳҳои собиқ мухолифин ба ҳамроҳ шудан ва ҳал кардани ин қазия ба манфиати ҷомеа ва ҳукумат розӣ нашуданд. Боз ману Салам ба ин қазия худро ҳамроҳ намудем. Бо ин гурўҳҳо гуфтушунид гузаронидем ва ҳатто ба онҳо ултиматум гузоштем, ки он нафаронеро, ки дар қатл намудани нерўҳои интизомии мамлакат даст доранд, ба ихтиёри қонун ва ниҳодҳои марбута гузоранд.
Ин гуна мисолҳо зиёданд. Аз ин хотир, ман бо дили пур гуфта метавонам, ки аз ман ҳар қадар, ки кўшиш намоянд, террорист ва бандит сохта намешавад!…
Акнун мехоҳам дар бораи норасоиҳое, ки дар вақти тафтишот ба онҳо роҳ дода шудааст, ҳарф занам. Давлат Сақоваров –собиқ ронандаи ман, ки моҳи августи соли 2004, модар ва ҷиянамро ба зодгоҳам – Тоҷикобод мебурду айни ҳол барои амалиёти террористии бинои прокуратура ва шўъбаи корҳои дохилаи ин ноҳия гумонбар дониста мешавад, баёнот дод, ки замони ба минтақаи Рашт сафар намуданашон як мошини ГАЗ-24 дар роҳ ба онҳо чанд маротиба халал расондааст. Аммо ин факт дар тафтишот умуман қайд нагардидааст. Аз шоҳидии ронандаи прокурори Тоҷикобод бармеояд, ки мошини кории прокурор танҳо ҳамон рўзи ин ҳодиса дар ҷои исти доимиаш- назди бинои прокуратура монда нашудааст. Ҳол он ки мошин ҳамаи рўзҳои дигар дар ин ҷо монда мешуд. Пас маълум мешавад, ки прокурори ноҳия ба вуҷуд омадани ин ҳодисаро медонист ва аз ин хотир мошинро аз ҷои ҳодиса дур бурд то ба он зарар расонида нашавад. Илова бар ин, ҳангоми сар задани ин воқеа ронандаи прокурор, ки мехост аз ҷояш хеста гурезад, прокурор ба ў мегўяд, ки «нахез, ҳозир тамом мешавад». Ин суханони прокурорро чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст?
Дарвоқеъ, агар мақсад аз ташкили ин ҳодиса амали террористӣ ва қасд гирифтан аз касе мебуд, чаро нафаре аз ҳамлагарон ба бинои прокуратура ва ШКД надаромад? Ҳол он ки ба онҳо касе муқобилат накард, яъне агар мақсад анҷом додани як амали террористӣ мебуд, чизе ба онҳо монеъ намешуд, ки ин корро то охир ба анҷом расонанд…
Ба ҳамагон аз навори пешниҳодкардаи тафтишот маълум гардид, баёноти шахсони гумонбар ба ҳодиса бо чӣ роҳҳое гирифта шудааст ва Туйчӣ Назиров ( ӯ баъдан боздошт ва маҳбас шуд, писари адиб ва депутати собиқ Усмон Назир – Р. М) – корманди ВКД, ки ба ин тафтишот аз рўи ҳуҷҷатҳо тамоман дахл надошт, дар ин тафтишот даст доштааст. Яке аз ҳамроҳони ў, ки низ дар маҳбас аст, ба ман ҳамаашро нақл намуд ва иқрор шуд, ки кӣ ин гуна ба онҳо фармон додааст…
Нисбати айбномаи прокуратура дар бораи муҳофизон ва ғайриқонунӣ будани онҳо. Чаро барои доштани муҳофизони ғайриқонунӣ танҳо бояд М. Искандаров ҷавоб диҳад ва нисбати ў парванда боз гардад? Магар қумондонҳои дигар муҳофиз надоштанд? Аз рўи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамуда маълум мегардад, ки муҳофизони ман то ҷое иҷозати расмӣ доштаанд, аммо дигар қумандонҳо чӣ? Бовар дорам, онҳо ҳам ягон намуд иҷозатнома надоштанд ва барои қонунӣ кардани муҳофизонашон кўшиш ҳам накардаанд. Вале ба онҳо ин гуна айбномаҳо гузошта намешавад…. 
Баъдан, чаро супориши Президенти мамлакат дар бораи қонунӣ намудани муҳофизони ман аз ҷониби вазири амнияти кишвар иҷро нагардиду ў ҷазо нагирифт?..
Манро барои он ба бемасъулиятӣ ҳангоми иҷрои вазифаи давлатӣ айбдор мекунанд, ки бинобар ин сабаб аҳолӣ ва корхонаҳо аз ҳисоби истифодаи газ маблағи онро пардохт накардаанд. Вале ҳамон замон қарзи аҳолӣ ва корхонаҳо аз ин ҳисоб дар корхонаи «Барқи тоҷик» аз мо бамаротиб зиёд буд. Раиси ин корхона на танҳо мисли ман ҷазо нагирифт, балки ба вазифаи баландтар –вазири энергетика таъин шуд. Ин бори дигар шањодат аз он медиҳад, ки тамоми айбмониҳо ба фаъолияти сиёсии ман дахл дорад… 
Дар бораи қарзҳои «Тоҷикгаз» низ ба ман айб мондаанд. Аммо то таъин шудани ман низ ҳамин гуна қарзҳо дар корхона мавҷуд буданд. Пас чаро роҳбарони собиқ ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд? 
Дар масъалаи гум шудани се вагон алюминий. Дар ҷараёни тафтишот аз баёноти Искандар Саидов маълум гардид, ки дар ин кор чанд нафар кормандони воломақоми ҳукуматӣ даст доштаанд. Аммо ба ман мўҳри айби бемасъулиятӣ задаанду он нафароне, ки дар ин қазия даст доштаанд, беташвиш кору фаъолият доранд…
Дар масъалаи айбномаи дигар – нодуруст хусусӣ гардонида шудани хонаи ман. Дар рафти тафтишоти судӣ аз баёноти шоҳидони масъул маълум гардид, ки айнан бо ҳамин тартиб чанд вазири дигар низ хонаҳои аз ҷониби ҳукумат гирифтаашонро хусусӣ намудаанд, аммо чаро барои ин ҳам танҳо бояд ман ҷазо гирам?..
Ва масъалаи наҳваи аз Маскав ба Душанбе интиқол додани ман. Чаро кормандони амният ва умури дохиларо, ки шоҳидони аслии ин воқеа буданд, нагузоштанд, ки омада дар тафтишоти судӣ баёнот диҳанд? Ман ҳоло далелҳое дорам, ки онҳоро маҳз нагузоштанд, ки омада баёнот диҳанд ва ин ҳама суханоне, ки гўё онҳо дар рухсатианд ё ба сафари корӣ рафтаанд, баҳонае беш нест. Онҳоро барои он нагузоштанд, ки бисёр чизҳо дар ин қазия рўшан мешуд…
Маро бо мансабталошӣ имрўз айбдор мекунанд, аммо дар ҷаласае, ки маро аз кори ҳукуматӣ озод карданд, Президент ба ман як моҳ мўҳлат дод, ки рафта дам бигирам ва баъд ба кори дигар гузаронад. Баъд аз он ки аз Тоҷикобод омадам ва бо Президент сўҳбати тўлонӣ доштам, ў дар ин бора сухан кушод. Аммо ман гуфтам, ки то замони мавҷудияти коррупсия дар мақомоти ҳукумат ман аз гирифтани мансаби ҳукуматӣ даст мекашам. …
Дар айбнома омадааст, ки муҳофизони ман бесалоҳиятона дар «Тоҷикгаз» ба кор гирифта шудаанд. Кӣ инро санҷидааст? Шояд тафтишот намедонад ё донистан намехоҳад, ки баъзе аз муҳофизони ман соҳиби ду диплом буданд. Пас чӣ гуна мешавад, ки ба ин амал бесалоҳиятӣ айб монда шавад?…
Дар бораи гурўҳҳои ҷиноии Тоҷикобод, ки бо силоҳ таъмин будаанду гўё бо ман доим дар алоқа. Тавре аз рафти тафтишот бармеояд, ҳеч кас дар ин бора баёнот надодааст. Пас ин айбномаро бо чӣ асоснок намудан мумкин аст? Кӣ баёнот дод, ки ман ба Тоҷикобод зуд-зуд рафтуомад доштааму бо ин гурўҳҳо вохўриҳо мегузаронидаам? Дар рафти тафтишот мо шоҳиди ин гуна баёнот нашудем. Пас ин хабар аз куҷо расид ва он бо чӣ тасдиқ кунонида мешавад?…
Дар айбнома боз омадааст, ки бо Шайх мо гўё чандин амалиёти якҷоя гузаронидаем. Тавре ман шоҳидӣ додам ва Шайх низ инро тасдиқ намуд, мо ба ғайр аз амалиёти муовини сардори ШКД ноҳияи Тоҷикобод дар соли 1994 бо Шайх ягон амалиёти якҷоя нагузаронидаем. Баръакс Шайх, ки аз гуруҳҳои наздик ба ҲНИТ буд, дар минтақа бар зидди мо ташвиқот мебурд, ки онҳо демократ ҳастанд ва гўё моро Амрико дастгирӣ мекарда бошад. Ў ба ман то андозае ҳисси бадбинӣ дошт, ки ҳатто аз болои купрўки сохтаи ман дар Тоҷикобод намегузашт…. 
Ман дар бораи он ки чӣ тавр ва барои чӣ дар тафтишоти пешакӣ ман нишондод дода будам, дар мурофиаи судӣ ботафсил сухан карда будам. Имрўз мехоҳам ин мавзўъро давом бидиҳам то мардум сабабҳои ин ду нишондоди мухолифи ҳамро дарк намоянд. Воқеан ҳам, пас аз он ки маро ба таври ғайриқонунӣ ба Душанбе оварданд ва он мушкилотеро, ки аз сар гузарондам, як рўз чанд нафар омаданду аз ман нишондод гирифтанд. Дар байни онҳо Аъзам ва Ширинмоҳро ҳамчун адвокатҳои ман муаррифӣ намуданд. Аммо ман пас аз ҳолати нақлкардаам ба воқеияти ин гуфтаҳо бовар накардам. Яъне, бовар накардам, ки онҳо дар ҳақиқат адвокатҳои мананд, балки хаёл мекардам, ин боз як санҷиши муфаттишон аст, ки мехоҳанд аниқ намоянд, ки ман гуфтаҳои қаблии онҳоро такрор мекунам ё не. Аз ин рў, аз Аъзам хоҳиш намудам, ки агар воқеан ў адвокати ман бошад, ба хешу таборам расонад, Кимсановро ба ман адвокат бигиранд. Зеро аз адвокатҳои Тоҷикистон ман танҳо ўро мешинохтам. Намедонам бо кадом сабаб ин хоҳиши ман иҷро нагардид. Аммо баъдтар ман мусоҳибаҳои Аъзамро дар матбуот хондаму бовар кардам, ки ў дар ҳақиқат адвокати ман будааст. Пас ба ў гуфтам, ки тамоми нишондодҳои додаи ман дурўғанду танҳо барои зинда монданам гуфта шудаанд….
Чизи дигаре, ки мехоҳам ин ҷо зикр намоям, ин аст, ки маро дар тамоми ҳаёти 52-солаам танҳо ду кас- мулло Абдулло як бор нофаҳмида ва муфаттиши прокуратура Баҳодур Ҳомидов дар назди зан- адвокати ман Ширинмоҳ таҳқир намудаанд…
Дар Маскав аз собиқ ронандаам Давлат Сақоваров мактуб гирифтам, ки аз боздоштгоҳи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон навиштааст. Дар ин мактуб ў аз ман бахшиш пурсидааст, ки дар натиҷаи шиканҷаи зиёди мақомот ў бар зидди ман баёноти дурўғ додааст…
Чизи дигаре, ки мехоҳам ба он рўшанӣ андозам, ин аст, ки ман дар ҳақиқат 9 декабри соли 2004 аз Маскав ба Душанбе билет доштам, на 17 апрели соли 2005, он тавр, ки дар айбномаи прокуратура омадааст. Вале 9 декабри соли 2004 маро дар Маскав мақомоти интизомии рус доштанд ва ман гумон кардам, ки аз билет доштан ва ба Душанбе баргаштани ман дар Душанбе огоҳ гаштаанду ин боздошт барои пешгирӣ ва аз тарси мақомот аст, ки ман ба Душанбе барнагардам. Яъне он чи ки дар айбнома омадаасту тибқи он ман гўё 17 апрел ба Душанбе омада бошам, комилан дурўғ аст. Аз рўи мантиқ, агар ман 17 апрел ба Душанбе омаданӣ мешудам, бояд ақаллан чанд ёру дўст ва хешовандони худро дар бораи ин сафарам хабардор мекардам. Оё ягон хешу табор ё ёру дўсти ман баёнот додааст, ки ман ба онҳо гуфта бошам, ки ҳамон рўз ба Душанбе меоям? Ё ягон кас гуфт, ки Искандаров 17 апрел ба Душанбе омад ва то 22 апрел ман ўро дида будам? Набуд!…
Фикр мекунам, гунаҳкор будан ё набудани ҳар киро таърих баҳо медиҳад. Дар ин замина мисолҳои зиёде вуҷуд доранд, аммо мехоҳам ба мисолҳои фаъолияти худ дар «Тоҷикгаз» рў биёрам. Имрўз ҳамаи мушкилоти соҳаи газро ба сари ман бор карданӣ мешаванд, аммо касе намегўяд, ки масъалаҳои мавҷуда вобаста ба меъёри газ, нархи он ва лимити муқарраргардида аз ҷониби Искандаров не, аз ҷониби Ҳукумат сурат гирифтаанд….
Чизи дигар ин аст, ки Прокуратураи генералӣ айбномаи худро нисбати ман чор маротиба дар матбуот чоп кард. Ҳол он ки мурофиаи судӣ идома дошт. Оё инро фишор ба суд гуфтан мумкин нест?….
Дар охир, мақолаву мусоҳибаҳои худро, ки таи солҳои охир дар матбуот чоп шудаанд ва дар онҳо дар бораи мушкилоти Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи коррупсия сухан меравад, ба суд пешниҳод менамоям. Шояд дар онҳо чизе гуфта бошам, ки ба Прокуратураи генералӣ хуш наомадаанд….

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button