ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

УФТИ БАШИДДАТИ ҚУРБИ РУБЛ ДАР ТОҶИКИСТОН МУҲОҶИРОНРО НИГАРОН КАРДААСТ

Инак чанд рӯз боз қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон башиддат поён меравад ва ин тамоюл садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро, ки маошу даромадашон дар Русия асосан бо рубл аст, хеле нигарон кардааст.  Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 22 декабри соли 2022 қурби расмии  1000 рублро 144 сомонӣ муқаррар кардааст.  Барои муқоиса, як рӯз қабл қурби расмии 1000 рубл 147,6 сомонӣ, рӯзи 20 декабр 151 сомонӣ ва рӯзи 19 декабр 156 сомонӣ буд.

 Хотиррасон мекунем, ки дар аввали моҳи декабр қурби расмии рубл дар Тоҷикистон 163 сомониро ташкил медод. Ба ин тартиб, аз аввали моҳи декабр қурби 1000 рубл нисбат ба сомонӣ ба андозаи 19 сомонӣ, ё қариб 14 фоиз пойин рафтааст.

Дар пайи афтидани қурби расмии рубл, бонкҳои Тоҷикистон низ қурби мубодилаи пули Русияро иваз кардаанд. “Ориёнбонк” рӯзи 22 декабр 1000 рублро бо қимати 140 сомонӣ иваз мекард. “Эсхата” барои 1000 рубл ба муштариёнаш 141 сомонӣ, вале “Спитаменбонк” ҳамагӣ 135 сомонӣ медиҳад. Бонки “Ҳумо” бошад қурби қаблии рублро иваз накардааст ва тибқи маълумоти сомонааш то ҳол барои 1000 рубл 147,5 сомонӣ пешниҳод мекунад.

Дар муқоиса бо рубл, қурби дигар асъори муҳими хориҷӣ нисбат ба сомонӣ тақрибан бетағйир боқӣ мондааст. Қурби расмии як доллар рӯзи 22 декабр ҳамчунон 10 сомонию наздики 21 дирам буд. Рӯзи якуми декабр низ як доллар 10 сомонию 21 дирам арзиш дошт. Қурби евро ҳатто болотар ҳам рафтааст ва агар рӯзи 1 декабр як евро 10 сомонию 59 дирам буд, рӯзи 22 декабр қурби расмии ин воҳиди пули аксари кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 10 сомонию 83 дирам барои як евро муқаррар кардааст.

Уфти башиддати қурби рубл сокинони Тоҷикистон, бахусус хонаводаҳоеро, ки манбаи асосии таъмини зиндагиашон пули фиристодаи муҳоҷирон аз Русия аст, сахт нигарон кардааст. Уфти қурби рубл ба сатҳи даромади ин хонаводаҳо ҷиддан зарба мезанад, чунки қарори маълум, маошу даромади аксарияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо рубл аст ва беш аз 90 дарсади пулҳое, ки аз Русия ба Тоҷикистон асосан бо шарофати муҳоҷирон интиқол медиҳанд, низ бо рубл аст. Соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан бо шарофати муҳоҷирон 2,5 миллиард доллар пул омада буд, ки қариб баробари буҷаи солонаи ин кишвар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button