ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЗАНИ ПИЁДАГАРД ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ РОҲГУЗАР ДАР САНГПАРИ КӮЛОБ ВА ДУЗДӢ АЗ ЯК МАҒОЗА ДАР ОШОБА

Шоми 20 декабр, тахминан соати 18:00, як зани 37-сола дар ҳудуди деҳаи Сангпар дар канори шаҳри Кӯлоб зери чархи мошини “Тойота Камри” монда, дар бемористон ҷон додааст.

ххххххххххххххххх

Як ноболиғи 15-сола дар ноҳияи Ашт ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 21 декабр аз як мағоза дар деҳаи Ошоба 6 ҳазор сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 22.12.2022

Пахши пиёдагард

016

20-уми декабри соли 2022, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, Юсуфов Нуралӣ Муҳаммадшарифович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи мазкур ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Сангпари шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Олимова Ҳафизамо Корчаевна, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Олимова Ҳ.К. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Боздошти ноболиғи 15-сола бо ҷурми дуздӣ

vor-0504

Ба ШВКД дар ноҳияи Ашт бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 21-уми декабри соли 2022 шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба мағозаи фурӯши хӯроквориаш, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ошоба даромада, аз он ҷо 6 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button