Минтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

WSJ: ПУТИН БА РАМАЗОН ҚОДИРОВ ФАРМОНИ ҚАТЛИ ЗЕЛЕНСКИЙРО ДОДА БУД

The Wall Street Journal такя ба манобеи худ менависад, ки дар оғози ҳамлаи мусаллаҳонаи Русия ба хоки Украина, президенти Русия Влодимир Путин ба роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров амр додааст, ки “ӯ бояд дар рӯзҳои аввали ҷанг бо ҳамроҳони чеченаш ба маҳали зисти раисҷумҳури Украина Владимир Заленский ҳамла карда, ӯро ба қатл расонанд”.

Ин нашрия меафзояд, ки “Путин се ҳафта пеш аз саршавии ҷанг, Рамазон Қодировро ба Маскав даъват намуда, ҳамроҳ бо ӯ тарҳи ҳамла ба хоки Украинаро кашидаанд. Зимни ин вохӯрӣ Путин масъулияти тасарруфи пойтахти Украина, шаҳри Киев ва қатли Заленскийро бевосита ба ӯҳдаи Қодиров гузоштааст”.

Бино ба гуфтаи котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Алексей Данилов, фармони қатли президенти Украина ба дасти Рамазон Қодиров ҷоизае аз тарафи Путин барои Қодиров аст”.

Қодиров аз ин фармони ба ӯ додаи Путин ҳатто хеле рӯҳбаланд гашта, ба одамонаш, ки дар Белорус амалиёти тасарруфи Киевро машқ мекарданд, ваъдаҳои калон додааст. Зимнан, 14-уми феврали соли 2022, ҳамагӣ 10 рӯз пеш аз шурӯи  ҷанги Украина, Қодиров барои бардоштани рӯҳияи аскаронаш ва тарсонидани роҳбарияти Украина, хитоб ба Заленский дар саҳифаи телеграмми худ навиштааст, ки “замони масхарабозиат ба поён расид”.

Ҷангҷӯёни Қодиров санаи 25-уми феврали соли 2022 пас аз як рӯзи саршавии ҷанг бо мақсади тасарруфи Киев бо 3 корвони бузурги мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ вориди хоки Украина шуда буданд. Аммо аз ин 3 корвон ё колонна, яктоаш пурра аз тарафи низомиёни украинӣ нобуд карда шуд ва ду корвони дигар ҳамин тавр бо аз даст додани миқдори зиёди техника ва ҳайъати шахсӣ то ба пойтахти Украина рафта  расида натавонист.

The Wall Street Journal менависад, ки онҳо ба маводе даст ёфтаанд, ки  дар ин аснод ҷангҷӯёни Қодиров ба ӯ аз оғози амалиёти худ хабар медиҳанд: “Соат расо 00:00 аст. Мо бо 1500 низомии коркушта ва беҳтарин афсарон  ҳаракатро ба сӯи Киев оғоз кардем”.

Вале пас аз ин лашкаркашии бебарор ва аз даст додани нафарони зиёде, Қодиров бо норасоии чашмрасе дар ҳайати шахсии ҷангҷӯёнаш рӯ ба рӯ гардида, ба басиҷкунӣ ва ё ҳамон мобилизатсяи тагакӣ оғоз намуд.

Рӯзнома менависад, ки “Қодиров ба ин кор на танҳо ҳукумати Чеченистонро ҷалб кард, балки рӯҳониҳо низ ба толорҳои варзишӣ, салонҳои бозиҳои компютерӣ ва масҷидҳо рафта, ҷавононро барои  рафтан ба ҷанги Украина таблиғ мекарданд”.

Манбаи рӯзнома хабар додааст, ки “аслан қишри осебпазири аҳолӣ, камбағалон, нодорон, қарздорон, шахсони доғи судидошта ва ҳамҷинсгароёнро маҷбуран ба ҷанг фиристоданд”.

Аммо сухангӯи Путин Дмитрий Песков иддаои нашрияи амрикоиро рад мекунад ва мегӯяд, ки ин дурӯғи маҳз аст”.  Ба гуфтаи Песков, Путин ба Рамазон Қодиров дар мавриди нест кардани Зеленский ҳеҷ гуна фармоне надодааст.

Президенти Украина ҳанӯз дар оғози ҷанг гуфта буд, ки “аз рӯи маълумоти истихбороти мо душман маро ҳадафи аввал ва оилаамро ҳадафи дуюм қарор додааст. Мехоҳанд Украинаро ба таври сиёсӣ нобуд кунанд. Вале ман ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, то ҷон дар бадан дорам, дар Украина боқӣ хоҳам монд”. 

Дар ҳақиқат, бо вуҷуди онки дар рӯзҳои аввали ҷанг чандин кишвар ба Зеленский паноҳгоҳ пешниҳод кард, ӯ Украинаро тарк нагуфт.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс ба Украина ҳамла оварда, дар рӯзҳову ҳафтаҳои аввали ҷанг қисмати зиёде аз қаламрави Украинаро ишғол кард. Вале артиши Украина тавонист ба тадриҷ таносуби нирӯҳоро дар ҷабҳаҳои ҷанг тағйир дода, тақрибан нисфи қаламравҳои аз сӯи Русия ишғолшудаи ин кишварро баргардонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button