ВидеоҲуқуқи инсон

ДОДГОҲИ ДУШАНБЕ ҲУКМИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТИРО БЕТАҒЙИРО БОҚӢ ГУЗОШТ

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷикро бетағйир гузоштааст. Мурофиа рӯзи 16-уми декабри соли 2022 боз ҳам дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ва боз ҳам бидуни ширкати наздикону пайвандони маҳкумшуда ва хабарнигорон баргузор гардидааст.

Яке аз наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба “Азия Плюс” хабар дод, ки дар мурофиа танҳо вакили дифои Ғурбатӣ иштирок дошт.

Додрас ҳукми то 7, 5 сол ҳукми зиндони додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро нисбат ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ бетағйир гузоштааст. Ҳарчанд аз ҷониби вакили дифоъ ваҷҳҳои зарурӣ пешниҳод карда шуд, вале тавре ба назар мерасад, додрас онро ба назар нагирифтааст”, – гуфтааст ҳамсуҳбати “Азия Плюс”.

Бино ба иттилои сомонаи Маркази мустақили ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар шарҳи қарори додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтаст, ки “пас аз қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии додгоҳи шаҳри Душанбе, ҳукм қувваи қонунӣ гирифт ва ба иҷро даромад. Дар рӯзҳои наздиктарин Авазмад Ғурбатов (Абдуллоҳ Ғурбатӣ) ба макони адои ҷазо  (зиндон) интиқол дода мешавад”.

Бо ин вуҷуд, адвокат гуфтааст, ки онҳо ният доранд аз болои қарори додгоҳи Душанбе ба зинаҳои болотари додгоҳӣ шикоят баранд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба журналисти дигари тоҷик Далери Имомалӣ дар таҳияи гузоришҳои видеоӣ пиромуни масоили доғи Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард, рӯзи 15 июни соли ҷорӣ, ҳамагӣ чанд соат баъди Далери Имомалӣ ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро аввал ба таҳқиру латтукӯби корманди милитсияи ноҳияи Шоҳмансур ва баъдан ҳамчунин ба ҳамкорӣ бо мухолифин айбдор карданд. Худи Ғурбатӣ ин иддаоро қотеъона рад карда, гуфтааст, на узви ҳизби наҳзат асту на милисаро ягон чӯртӣ задааст.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ моҳи июн дар пайи нашри чанд гузориши видеоии интиқодӣ нисбат ба прокурори ноҳияи Шоҳмансур дастгир шуданд. Ба бахти бади хабарнигорон, прокурори Шоҳмансур писари вазири адлия ва домоди раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон будааст…

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 4 октябр дар як мурофиаи амалан пушти дарҳои баста, ки дар бинои СИЗО доир шуд, Ғурбатиро ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Баъди ду ҳафтаи ӯ, ҳамин додгоҳ, боз ҳам пушти дарҳои баста дар СИЗО Далери Имомалиро ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Дар моҳҳои охир  дар Тоҷикистон дастикам 10 журналисту блогер, аз ҷумла 6 журналист ва блогери зодаи Бадахшон (Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушом Гулям, Рамзесс Шогунов, Мақсуд Ғаёсов ва Комчек Мирзоев), журналистон Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳабс шуданд. Аз ин шумор Улфатхоним Мамадшоева ба 21 сол, Рамзес Шогунов ба 13 сол, Комчек Мирзоев ба 10 сол ва Хушом Гулям ба 8 соли зиндон маҳкум шуда, Муҳаммади Султон, полковники мустаъфии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (собиқ КГБ) ва журналист, ва Завқибек Саидаминӣ ба 7 соли зиндон, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳ ва Далери Имомалӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот ва ҳуқуқи инсон ҳукми зиндони ин журналистони тоҷикро беасос номида, аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки журналистони дастгиршударо озод карда, дигар монеи фаъолияти озодонаи аҳли матбуот нашаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button