ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҶомеа

ХАБАРНИГОРИ “СССР” БАҲОДУР УРОҚОВ ДАР СИННИ 42 БА ЗИНДАГӢ ПАДРУД ГУФТ

Баҳодур Уроқов, хабарнигори нашрияи “СССР” дар водии Вахш, рӯзи 11 декабри соли 2022 дар синни 42 аз олам чашм пӯшид. Баҳодур Уроқов чанд ҳафтаи охир дар бемористон таҳти табобат қарор дошт. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ӯ аз бемории ҷигар ранҷ мекашид.

Ба гуфтаи дӯстонаш, Баҳодур Уроқов рӯзи 11 декабр дар бемористони ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар, маъруф ба “беморхонаи Қараболо” даргузашт. Ӯ аз моҳи ноябр дар инҷо таҳти табобат қарор дошт. Аз Баҳодур Уроқов 6 фарзанди хурдсол ятим монд.

Маросими видоъ ва дафни Баҳодур Уроқов рӯзи 12 декабр, соати 10:00 дар шуъбаи чоруми хоҷагии ба номи Ф.Саидови ноҳияи Кӯшониён баргузор мешавад.

Сайёфи Мизроб, муассиси “СССР” хабари даргузашти Баҳодур Уроқовро боварнокарданӣ номида, навишт: “Дареғу дод!!! Дирӯз хабаргириш рафтем, гуфт: Шеф, пагоҳ хона меравам!!! Сиҳҳат шудам. Чақ чақу валвалаи ханда, ҳатто гуселпмон баромад… Оҳ, чӣ донем, ки Баҳодур хона гуфта, хонаи ахираташро дар назар дошта…. Дидор ба қиёмат!!!”.

Худи Баҳодур Уроқов ду ҳафта пеш аз маргаш, дар яке аз охирин матлабҳои дар саҳифааш дар Фейсбук гузоштаи худ зиндагиро ба бумеранг шабоҳат дода навишта буд: “Бумеранг! То синни 40 мо бадани худро азоб медиҳем, баъди синни 40 баданамон моро азоб медиҳад…”

Баҳодур Уроқов 21 сентябри соли 1980 ба дунё омада, риштаи филологияи Донишгоҳи шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм карда буд.

Ӯ ба ҳайси хабарнигори минтақавии ҳафтанома ва сомонаи “СССР” дар водии Вахш кор мекард ва ҳамчунин дар шабакаи Ютуб канали худро дошт. Канали ӯ 21 ҳазор обуначӣ дорад ва бархе видеоҳояш то чандсад ҳазор тамошобин ҷамъ меовард.

Даҳҳо нафар дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ зери хабари марги Баҳодур Уроқов изҳори ҳамдардӣ карда, аз даргузашти ӯ дар чунин синни ҷавон афсӯс хӯрдаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button