ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

3 АКС АЗ МАРОСИМИ ДАФН: РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХИРО БА ХОК СУПУРДАНД

Убайдулло Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, рӯзи 10 декабри соли 2022 дар ноҳияи Кӯшониён вилояти Хатлон ба хок супурда шуд.  Бино ба иттилои дарёфтӣ,  Убайдулло Файзулло, ки 59 сол дошт ва аз соли 2015, инак 7 сол боз бар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон роҳбарӣ мекард, чанд рӯзи охир аз як бемории монанд ба зукому варами шуш ва сурфаи зиёд шикоят мекард. Ӯ рӯзи 9 декабр дар ҳоле ки ӯро барои идомаи табобат ба шаҳри Душанбе мебурданд, дар роҳ ҷон додааст.

Убайдулло Файзулло бародари Исматулло Абдуллозода, мудири фурудгоҳи Душанбе ва аз хешовандон ва афроди наздик ба Ҳасани Асадуллоҳзода,  раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд.

Убайдулло Файзулло ба фарқ аз мансабдорони дигар ҳамеша барои хабарнигорон боз буд ва ба суолҳои онҳо бидуни ҳавола кардан ба зердастонаш мустақиман худаш  посух медод.

“Азия Плюс” бо нашри чанд акс хабар дод, ки рӯзи 10 декабр дар маросими видоъ ва дафни Убайдулло Файзулло дар ноҳияи Кӯшониён садҳо нафар, аз ҷумла шумори зиёде аз мансабдорони баландпоя иштирок кардаанд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ин маросим аз марҳум ба унвони яке аз мансабдорони донишманд ва муваффақи ин вилоят ном бурда, гуфт: “Убайдулло Файзулло беш аз 40 соли умри худро сарфи хидмат ба кишвар ва мардуми худ кард. Ӯ собиқаи кориашро аз як механики оддӣ сар кард ва то ба мақоми раиси яке аз бузургтарин ноҳияҳои вилояти Хатлон расид. Мо имрӯз як роҳбари пуртаҷриба ва як дӯсти меҳрубонро аз даст додем. Ӯ ҳар куҷое, ки кор мекард,  кӯшиш мекард, ки бо аҳли корхона ва мардум забон биёбад. Мо ҳамеша ӯро ҳамчун нафаре, ки умри худро ба мардуми худ бахшид, дар ёд нигоҳ хоҳем дошт”.

Убайдулло Файзулло соли 1963 ба дунё омадааст. Ӯ соли 2015 бо фармони президент раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъйин шуд. Аз он пеш марҳум раҳбарии ноҳияи Хуросон, яке дигар аз ноҳияҳои бузурги вилояти Хатлонро бар ӯҳда дошт.

Хабари марги раиси ноҳияи Балхӣ аз бемории монанд ба зуком (грипп) дар ҳолест, ки ҳоло дар Тоҷикистон авҷи мавсими гирифторӣ ба ин беморӣ мушоҳида мешавад. Сокинон мегӯянд, ин навъи зуком хеле ба сахтӣ паси сар мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button