ВидеоҶомеа

ОВОЗХОН РАФОАТИ ҶАМШЕД ВА РАҚҚОСА СУМАН ҚАМБАРОВА БАРОИ РАФТОРИ НОШОИСТААШОН АЗ ХАЛҚИ ТОҶИК УЗР ПУРСИДАНД (ВИДЕО)

Дар Интернет сабтҳои видеоии алоҳидаи овозхони ҷавон Рафоати Ҷамшед ва раққоса Суман Қамбарова нашр шудааст, ки дар ин видеоҳо ҳарду барои рафтори ношоистаи худ аз мардуми тоҷик узр мепурсанд ва бо изҳори сипос ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои аз роҳи бад баргардондани онҳо ваъда медиҳанд, ки аз ин ба баъд ба либоси миллӣ ва ахлоқу арзишҳои миллӣ арҷу эҳтиром гузошта, даст ба рафторе нахоҳанд зад, ки духтари тоҷикро бадном кунад.

Рафоати Ҷамшед, ки ба фарқ аз видеоҳои дигараш дар тан як либоси оддӣ дорад, эътироф мекунад, ки солҳои пеш, ки ҷавонтар буд, дар баъзе видеоҳо гапҳои ноҷо зада ва ҳатто дашномҳоеро ба забон овардааст. Ӯ гуфт, ин видеоҳоро ҳоло аз номи вай дар Интернет нашр кардаанд ва ӯ барои ин аз мардум узр мехоҳад ва ваъда медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба номи духтари тоҷик доғ намеорад ва бо либоси миллии тоҷикӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Суман Қамбарова дар нашри видеоҳои рақсҳои  берун аз ҳадди одобаш овозхон Равшан Аннаев (бародари Пенҷӣ Аннаев)ро гунаҳкор мекунад ва мегӯяд, дар саҳифаи худаш ҳеҷ гоҳ чунин видеоҳоро намегузошт. Ӯ ҳам ваъда додааст, ки аз ин ба баъд рафтораш ва сару либосашро дуруст карда, бо либоси миллии тоҷикӣ рӯи саҳна хоҳад омад ва ба номи духтари тоҷик дигар доғ нахоҳад овард.

Ҳам Рафоати Ҷамшед ва ҳам Суман Қамбарова дар видеоҳои худ барои онҳоро аз роҳи бад баргардондану ба роҳи дуруст ҳидоят кардан  ба мақомоти милитсия изҳори сипос мекунанд.

Вале то кунун ягон ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи ба мақомот барои суҳбат даъват шудани ин ҳунармандон ягон хабари расмӣ нашр накардааст. Маркази матбуоти ВКД аз сабти ин видеоҳо аз ҷониби ниҳодҳои зирабти ин вазорат изҳори бехабарӣ кардааст.

Вале ҳафтае пеш  раёсати милитсияи шаҳри Душанбе хабар дода буд, ки як духтари блогер бо лақаби Сникерси тоҷикиро барои истифодаи лаҳни пурдашном дар видеоҳояш барои 10 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.  Ин блогер, ки Фотима Ашӯрова, сокини шаҳри Бӯстон будааст, бо истифода аз дашномҳои сирф “мардона” мехост таваҷҷуҳи тамошобинонро ба видеоҳои худ ҷалб кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. ОФАРИН МАКОМОТ!!!

    ЧИЛАВИ ЧУНИН НОХАЛАФОНРО КАШИДАН ДАРКОР, КИ ТАЪСИРИ БАД БА ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ БОТАРБИЯ НАРАСОНАНД!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button