ВарзишВидео

ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ АВРУПО СОҲИБИ МЕДАЛИ НУҚРА ШУД

Темур Раҳимов, яке аз хушномтарин паҳлавонони тоҷик, рӯзи 26 ноябри соли 2022 дар чемпионати Аврупо оид ба гуштини дзюдо миёни бузургсолон дар ҳайати тими “Red Star”-и Сербистон  дар вазни беш аз 100 кило ба майдон баромада, ба гирифтани нишони нуқра мушарраф гардид.

Бошгоҳи “Red Star” то ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо расид ва дар танҳо дар рақобати охирин аз дастаи “Fighter”-и Гурҷистон ноком шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо миёни бузургсолон (European Judo Championships – Champions League (W&M) 2022) 26-уми ноябр дар шаҳри Гории Гурҷистон баргузор гардид. Рақобатҳо аз рӯи 10 вазн (5 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни занон) байни 161 ҷудокор аз 26 кишвари ҷаҳон доир шуданд.

Темур Раҳимов 8 июли соли 1997 дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) ба дунё омада, аз шашсолагӣ бо ҳидояти бобояш Рустам Абдураҳмонов ба машқи гуштин сар кардааст. Темур Раҳимов соли 2020 дар Бозиҳои олимпии Токио Темур Раҳимов парчамбардори тими миллии олимпии Тоҷикистон буд.

Соли ҷорӣ барои Темур Раҳимов бахусус пурмаҳсул ва пурмуваффақият буд. Ӯ аз ҷумла рӯзи 6 ноябри соли 2022 дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон  дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Боку 2022” оид ба гуштини дзюдо дар вазни беш аз 100 кило соҳиби медали тилло шуд. Медали тиллои Темур Раҳимов аввалин медали тиллои гуштингирони тоҷик ба намояндагӣ аз Тоҷикистон дар мусобиқаҳои гуштини дзюдо аз силсилаи “Гранд Слам” аст. Қаблан  паҳлавони тоҷик Маҳмадбек Маҳмадбеков дар солҳои 2021 ва 2022 се маротиба сазовори медалҳои тилло дар мусобиқаҳои “Гранд Слам” шуда буд, вале ӯ ба фарқ аз амакбачааш Сомон Маҳмадбеков дар ҳайъати тими Русия ҳунарнамоӣ мекунад.

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов барои пирӯзӣ дар ин мусобиқаи муътабар ҳамчун нишони қадрдонӣ дар пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор туҳфа кард.

Медали тилло аз Боку алакай чорумин медали Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои Гранд Слам дар соли 2022 буд. Темур Раҳимов рӯзи 23 октябр дар мусобиқаи гуштини дзюдо “Гранд Слами Абу Забӣ” медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Аз он қабл ӯ дар Гранд Слами Тел-Авив ва Гранд Слами Анталия низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин, имсол дар чемпионати ҷаҳонии дзюдо ҷои панҷум, дар Чемпионати Осиё ҷои дуюмро сазовор гардид ва феълан дар радабандии ҷаҳонии дзюдо дар вазни беш аз 100 кг дар зинаи аввал қарор дорад.
https://youtu.be/XAkT0FkV3H4

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button