ВидеоМуҳоҷирон

МУНОҚИШАИ ҶАВОНИ ТОҶИК БО ДУ ӮЗБЕК ДАР ЯК ТАРАБХОНАИ ПЕТЕРБУРГ БО КУШТОР АНҶОМ ЁФТ

Шаби 24 ба 25 ноябри соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон муноқишаи хунине сурат гирифт, ки бо куштор анҷом ёфт.  Шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон ба ду муҳоҷири ӯзбек ҳамла оварда, якеро бо корд ва дуюмиро бо туфангчаи травматикӣ захмӣ кард. Марде, ки корд хӯрд, дар бемористон ҷон дод. Барои боздошти гумонбаршаванда, пули амалиёти “Перехват”-ро ба роҳ андохта, ҷавони тоҷикро, ки чанд дафъа мошинашро иваз кард, танҳо дар деҳаи Новое Девяткино, 14 километр дуртар аз ҷои ҳодиса  тавонист дастгир кунад.

Бино ба иттилои пулиси Петербург,  тахминан соати яки шаби 24 ба 25 ноябр, дар як тарабхона дар гулгашти Котелников, байни се муҳоҷир муноқиша ба амал омадааст. Дар рафти муноқиша як ҷавони 19-сола аз Тоҷикистон бо корд як шаҳрванди 28-солаи Ӯзбекистонро аз ноҳияи қафаси сина ва рони пояш чанд зарба зада, муҳоҷири 33-солаи низ зодаи Ӯзбекистонро бо туфангчаи травматикӣ ба рӯяш паррондааст.

Баъди ин ҷавони тоҷик  ба мошини тамғаи “Ҳюндай Соната”, ки аз ширкати  каршеринг иҷора гирифта буд, нишаста, кӯшиши фирор кардааст. Ӯ ин мошинро дар парковкаи маркази савдои “Индустриалний” дар хиёбони Индустриалний партофта, ба мошини тамғаи “Киа Серато” нишаста, аз онҷо фирор кардааст. Ҷавони тоҷикро кормандони ДПС танҳо дар посгоҳи назди деҳаи Новое Девяткинои ноҳияи Всеволожский, 14 километр дуртар аз маҳалли ҳодиса: гулгашти Котелников дастгир карда, барои ду рӯз ба ҳабс гирифтаанд. Маълум шуда, ки ӯ дар Петербург бидуни сабти ном дар идораҳои муҳоҷират ба сар мебурд.

Ҳарду ҷабрдидаро аз тарабхона ба бемористон бурдаанд. Муҳоҷири 33-соларо, ки аз туфангчаи травматикӣ тир хӯрда буд, табибон баъди дору кардану бастани захмаш ҷавоб додаанд, вале ҷабрдидаи дуюмии 28-сола, ки аз қафаси сина, рони пой ва шушаш зарбаи корд хӯрда буд, дар ҳолати вазнин бистарӣ карда шуд ва соати 7:30 субҳи 25 ноябр ҷон дод.

Нисбат ба ҷавони тоҷик бар асоси қисми чоруми моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки боиси ҳалокати ҷабрдида шудааст, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва мақомоти тафтишотӣ ҳоло масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани ӯро баррасӣ мекунанд. Ба ин ҷавони тоҷик бар асоси ин банди қонун то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Сабаби ин муноқишаи хунин байни ҷавони тоҷик ва зодагони Ӯзбекистон, ки ба одамкушӣ печид, ҳанӯз маълум нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button