Ҳуқуқи инсон

ФОНДИ СОРОС БАЪДИ 26 СОЛИ ФАЪОЛИЯТ ТАРКИ ТОҶИКИСТОН МЕКУНАД

Фонди миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос “Институти ҷомиаи боз” (Open Society Foundation, ё Фонди Сорос) баъди 26 соли кор аз қатъи фаъолияти худ дар Тоҷикистон ва бастани шуъбааш “Фонди мусоидат дар Тоҷикистон  хабар дод. Дар изҳороти нашршуда дар сомонам Фонди Сорос гуфта мешавад, ки ин тасмим “ҳамчун натиҷаи ислоҳоти фарогир ва гузариш, ки соли 2021 бо мақсади бознигарии авлавиятҳои фаъолият ва бозсозии беш аз 20 фондҳои миллии нимамухтор дар саросари олам бо истифода аз бархӯрди нави минтақавӣ” гирифта шуд.

Фонди Сорос дар бораи сабабҳои рафтанаш аз Тоҷикистон тафсилоти аз ин бештар надода, танҳо гуфтааст, ки он уҳдадориҳои молиявии худ дар мавриди грантҳои мавҷударо саривақт иҷро мекунад, вале Фонди мусоидат дар тоҷикистон аз ин ба баъд гирифтани дархостҳо барои грантҳои навро қатъ мекунад.

Институти “Ҷомиаи боз” фаъолияти худро дар Тоҷикистон ҳанӯз дар поёни соли 1996, ки дар ин ҷумҳурии собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ ҷанги хунини шаҳрвандӣ идома дошт, оғоз карда буд. Танҳо дар соли 2021 Фонди Сорос ба созмонҳои ғайридавлатӣ ва нафарони алоҳида дар Тоҷикистон ба маблағи 3 миллиону 300 ҳазор доллар кумак расондааст. Бино ба ҳисоботи расмии Фонди мусоидат дар Тоҷикистон, аз ин маблағҳо 34%, ё беш аз 1 миллион доллараш барои кумак ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон сарф шуда,  22 фоизаро барои тарҳҳои марбут ба рушди демократия, 18% барои таълимоти томактабӣ, 12% барои таъмини адолат ва баробарии иқтисодӣ, 9 фоиз барои тарҳҳои марбут ба тандурустӣ ва ҳуқуқ ва 3 фоизаш барои пуштибонӣ аз журналистони тоҷик сарф шудааст.

Миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос солҳои зиёде боз дар саросари дунё аз тарҳҳои рушди демркратия, ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва арзишҳои умумибашарӣ ва таъмини шароити беҳтари зиндагии мардум пуштибонл мекунад. Сорос тавассути сохторҳои “Институти Ҷомиаи боз” барои ин тарҳҳо аз ҳисоби худ танҳо дар соли 2020 1,4 миллиард доллар ва дар умум 18 миллиард доллар харҷ кардааст.

Фонди Сорос дар беш аз 40 кишвари ҷаҳон шуъбаҳои худро дорад. Қаблан шуъбаҳои Фонди Сорос дар Русия, Беларус, Туркия ва Венгрия, ватани худи Ҷорҷ Сорос баста шуданд. Дар Русия соли 2015 Фонди Соросро ба рӯйхатти якуми созмонҳои “нохоҳам” шомил карданд. Фонди Сорос дар Русия аз ҷумла фаъолияти чунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, чун “Мемориал” ва Кумитаи зидди шиканҷаро пуштибонӣ мекард. Вазорати адлияи Русия ин ду созмонро аввал ба рӯйхатти созмонҳои “агенти хориҷӣ” шомил кард ва сипас баст.

Ҷорҷ Сорос

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button