ВарзишВидео

ДУ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИКРО БАРОИ ДУШАҲРВАНДӢ ҶАЗО ДОДАНД

Федератсияи байналмилалии гуштини дзюдо (IJF) ду паҳлавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев ва Ҷаҳонгир Маҷидовро барои душаҳрвандӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти парчамҳои кишварҳои мухталиф огоҳӣ дода, тамоми холҳои бадастовардаи онҳоро бекор кард. Ин тасмими Федератсия рӯзи 25 ноябри соли 2022 эълон шуд. Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кило қувваозмоӣ мекунанд.

Бар асоси дастури Федератсияи байналмилалии дзюдо, ба варзишгароне, ки душаҳрвандӣ доранд, иштирок дар мусобиқаҳои ин созмон иҷоза дода намешавад.

Гуфта мешавад, ки Муллораҷаб Халифаев қаблан дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти парчами Русия ва Ҷаҳонгир Маҷидов таҳти парчами Озарбойҷон ҳунарнамоӣ мекарданд ва дар низоми Федератсияи байналмилалии гуштини дзюдо (IJF) аз номи ҳамин ду кишвар сабт шуда буданд. Вале ахиран ҳарду дар қувваозмоиҳои байналмилалӣ аз номи Тоҷикистон ба майдон баромадаанд ва ин ҳолатҳоро низоми федератсия ошкор кардааст.

Тибқи қонунҳои варзишӣ, варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бояд таҳти парчами як давлат ба майдон бароянд. Табдили кишварро федератсияҳои байналмилалӣ танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва он ҳам дар сурати ризоияти ҳамаи ҷонибҳо иҷозат медиҳанд.

Дар мисоли Муллораҷаб Халифаев, бино ба иттилои расида, Русия ба гузаштани ин паҳлавон ба ҳайъати Тоҷикистон розӣ набудааст. Он ҳам дар ҳоле ки ба сабаби таҳримҳои байналмилалӣ бисёре аз варзишгароне, ки қаблан аз номи Русия ҳунарнамоӣ мекарданд, ҳоло талош доранд, то аз номи ягон кишвари дигар ба мусобиқаҳо бираванд.

Муллораҷаб Халифаев рӯзи 4 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон  дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Боку 2022” оид ба гуштини дзюдо дар вазни то 66 кило соҳиби медали тилло шуда буд. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Муллораҷаб Халифаев  барои медали нуқраи бадастовардааш 100 ҳазор сомонӣ туҳфа кард.

Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи варзиши Радиои Озодӣ хабар дод, ки  Федератсияи байналмилалии дзюдо ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол карда, ин созмонро аз муҷозоти ду паҳлавони тоҷик барои вайрон кардани дастураш дар ҷараён гузоштааст.

Аммо масъулини гуштини дзюдои Тоҷикистон гуфтаанд, сабаби муҷозоти Муллораҷаб Халифаев ва Ҷаҳонгир Маҷидов танҳо хатои техникӣ дар низоми сабти имтиёзҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо аст ва ин масъаларо дар наздиктарин фурсат ҳал хоҳанд кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button