ВидеоҶомеа

БАЧАҲОЯТОНРО ГӮЕД, АЗ РУСИЯ ОМАДА, БА ХИДМАТ РАВАНД! БОЗДОШТИ ВОЛИДОНИ МУҲОҶИРБАЧАҲО ДАР МОҒИЁН

Сокинони ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент  ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки мақомоти ин минтақа чанд рӯз боз  сокинонеро, ки писарашон дар Русия  дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, барои аз хидмати ҳарбӣ гурезондани фарзандонашон боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, ин боздоштҳо  тақрибан аз 20 ноябр оғоз ёфт ва дар байни як ҳафта тақрибан 15 нафар аз сокинони деҳаҳои Пушти Қӯрғон, Оби Борик, Пули Гирдоб, гузари Фонӣ, майдони Ғезани Болову Ғезани поён ва Сор, асосан падарони ҷавонони синну соли даъватиро бурда, дар шуъбаи милитсияи шаҳри Панҷакент маҳкам кардаанд. Ба онҳо амр додаанд, то ба фарзандони худ дар Русия занг зада, аз боздошти худ хабар бидиҳанд ва фарзандонашонро маҷбур кунанд, ки баргарданд ва ба хидмати ҳарбӣ бираванд.

Ба гуфтаи сокинон, бакавулҳои деҳаҳои ҷамоати Моғиён, ки ин боздоштҳоро ташкил карданд, фарзандони худу хешовандони худро, ки дар ҳамин ҷоянд, ба хидмат намефиристанд ва мехоҳанд, ки фарзандони дигаронро аз Русия оварда, ба хидмат фиристанд ва аз ҳисоби онҳо нақшаро иҷро кунанд. Вале раиси ҷамоати Моғиён бо номи Икром, ба гуфтаи сокинон, иддао доштааст, ки аввал аз ҳама писари худашро ба хидмат фиристодааст. Тасдиқи ин иддао тавассути манобеи дигар ҳанӯз муяссар нашудааст.

Мақомот ин хабари боздошти волидон дар ҷамоати Моғиёнро то ҳол ягон шарҳ надодаанд, вале манобеи огоҳ мегӯянд, ки ин боздоштҳо дар дигар гӯшаҳои Панҷакент ҳам ба назар мерасад ва сабабаш то ҳол нақшаи тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳро иҷро накардани шаҳру ҷамоатҳои ин минтақа аст. Ин дар ҳолест, ки то поёни мавсими тирамоҳӣ ҳамагӣ 4 рӯзи дигар боқӣ мондааст.

Дар поёни моҳи ноябри соли 2021, ки Панҷакент он вақт ҳам нақшаро иҷро накарда буд, кормандони мақомот чанд бор бо либосҳои мулкӣ ба синфхонаҳои коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент зада даромада, ҳамаи писарони донишҷӯро маҷбуран ба мошинҳо бор карда, ба комиссариати ҳарбӣ бурда буданд.   

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: баҳор дар моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ дар моҳҳои октябр ва ноябр сурат мегирад.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон расман мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз ёфт. Даъвати тирамоҳӣ то 30 ноябр давом мекунад.

Вазорати мудофиа ахиран хабар дод, ки нақшаи даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то 15 ноябр алакай 84% иҷро шудааст. Иҷрои нақша дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои водии Рашт ҳанӯз дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ, 1 октябр 100% иҷро шуда, то 15 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (водиҳои Рашту Ҳисор ва шаҳри Норак) иҷрои нақша алакай 94 фоиз, дар вилояти Хатлон 81 фоиз ва дар вилояти Суғд  72 фоизро ташкил дода буд.

То ин шикояти ахир аз ҷамоати Моғиён, ба фарқ аз даъватҳои гузашта, дар ҷараёни ин даъвати тирамоҳӣ шикоятҳои ҷиддӣ аз “облава”, яъне зӯран дар кӯчаву бозорҳо доштану ба артиш бурдани ҷавонони синну соли даъватӣ тақрибан ба гӯш намерасид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button