ВидеоНуқтаи назарҶомеа

10 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ ДУХТАРИ ТОҶИКИ БЛОГЕР БО ТАХАЛЛУСИ “СНИКЕРС” БАРОИ НАВОРҲОИ “ШАҲВОНӢ” (ВИДЕО)

Милитсияи Душанбе рӯзи 25 ноябри соли 2022 хабар дод, ки блогер Қурбонова Фотима Амирхоновна, соли таваллудаш 22.05.2004, зода ва сокини шаҳри Бӯстонро барои дар Интернет паҳн намудани наворҳои хусусияти шаҳвонидошта ва истифодаи ибораҳои таҳқиромез ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кардаанд. Маркази матбуоти РВКД Душанбе гуфт, Фотима Қурбонова “бо мақсади зиёд кардани обуначиёни худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” даст ба чунин амали , ба ақидаи милитсия, “ғайриахлоқӣ” ва “ба урфу одати мардуми тоҷик тамоман бегона” задааст. Худи Фотима Қурбонова, ки бо тахаллуси “Сникерс” (_to_snikers4a_) видео нашр мекард ва дар Инстаграм наздики 6 ҳазор обуначӣ дорад, рӯзи 25 ноябр дар пайи нашри хабари ҳабсаш танҳо ҳамин қадар навиштааст, ки “сабр меваи биҳишт аст, камтараки дигар монд, ҳамаашро мефаҳмед.” Ӯ шарҳи аз ин бештар надодааст, ки манзураш аз “камтараки дигар монд” чист?

Маркази матбуоти РВКД Душанбе менависад, дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ  неиз блогероне пайдо шудаанд, ки бо мақсади ҳарчи зиёд кардани обуначиён (подписчикҳои)-и худ наворҳои хусусияти шаҳвонидошта ва ё бо  истифода аз суханҳои қабеҳи хусусияти ғайриинсониро, ки ба урфу одати мардуми тоҷик тамоман бегона аст, ба навор гирифта, тавассути саҳифаҳои худ дар фазои иттилоотӣ паҳн менамоянд.

Аз ҷумла, меафзояд милитсияи пойтахти Тоҷикистон, “муайян карда шуд, ки яке аз чунин блогерон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонова Фотима Амирхоновна, соли таваллудаш 22.05.2004, зода ва сокини шаҳри Бӯстон буда, бо мақсади зиёд кардани обуначиёни худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳн намудани наворҳои хусусияти шаҳвонидошта ва истифодаи ибораҳои таҳқиромез машғул аст. Бо мақсади пешгирии паҳншавии чунин наворҳои ғайриахлоқӣ, шаҳрванд Қурбонова Ф.А. ба ҷазои маъмурӣ ҷалб карда шуда, ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд”.

Милитсияи Душанбе дар пайи нашри хабари ҳабси ин блогер аз шаҳрвандон, алалхусус блогерон хоҳиш кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз истифодаи ибораҳои таҳқиромез худдорӣ намоянд.

https://www.facebook.com/groups/httpdushanbepolice.tj/posts/517815746922248/

Мақомот дар бораи ин қазия ва мушаххасан барои кадом видеоҳояш ҷазо гирифтани блогер “Сникерс” тафсилот надодаанд. Худи ин блогер  рӯзи 25 ноябр, алакай баъди нашри хабари 10 шабонарӯз ҳабсаш дар Инстаграм навиштааст, ки сабр меваи биҳишт аст, камтараки дигар монд, ҳамаашро мефаҳмед.”

Вале аз шарҳҳои зери ин фокуниши Фотима Қурбонова ва ҳам дар зери хабари ҳабси ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, ки бисёриҳо аз тасмими мақомот барои ҷазо додани ӯ пуштибонӣ карда, навиштаанд, ки баъзе блогерҳо аз паси обуначӣ ё “подписчик” давида, меъёрҳои ахлоқии мардуми тоҷикро зери по мекунанд.

“Сникерс” (Фотима Қурбонова), тавре аз аксу видеоҳои нашркардааш дар саҳифааш дар Инстаграм бармеояд, бо чеҳраи фотошопшуда зери ягон мусиқӣ мерақсид ваё бо ягон ибораи, ба қавли маъруф, “сексӣ” кӯшиш мекард, ки таваҷҷуҳи тамошобинонашро ба худ ҷалб кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button