ВидеоҶомеа

МУДИРИ МАКТАБРО БАРОИ МУАЛЛИМАРО ДАШНОМ ДОДАНИ ПИСАРАШ АЗ КОР РОНДАНД

Ахиран  канали ParvizTV дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Инстаграм ва ТикТок навореро нашр кард, ки дар он дар рафти дарс хонанда омӯзгорро дашном медиҳад ва суханони қабеҳ мегӯяд.

Маркази матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод, ки баъд аз нашри мавод бо дастури вазири маориф ва илм Р.Саидзода гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, навори нашршуда мавриди таҳқиқ қарор дода шуда, шахсияти хонанда муайян карда шуд.

Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки “қаҳрамон”-и навори видеоӣ хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Фархор, ҳамзамон фарзанди директори ҳамин муассиса Рустам Иброҳимов буда, ҳолати мазкур 6-уми октябри соли ҷорӣ дар рафти дарси забон ва адабиёти тоҷик (омӯзгори дарсдиҳанда Миҷгона Сафарова) рух додааст.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 бо омӯзгорону хонандагон суҳбат доир гардида, сипас, бо иштироки ҳайати омӯзгорон шурои ғайринавбатии педагогӣ баргузор гардида, масъалаи мазкур мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, бо назардошти таклифу пешниҳодҳои аъзоёни шуро қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар натиҷа бо фармоишҳои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор аз 13 октбяри соли 2022, №46/1, №46/2 директори муассиса Рустам Иброҳимов ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Маҳбуба Фатоҳова аз вазифаи ишғолнамудаашон озод гардиданд.

Вобаста ба рафтори дағалонаи хонанда низ аз ҷониби масъулини хадамоти кор бо ноболиғони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархор мавод тартиб дода шуда, ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдори интизомӣ дар баррасӣ қарор дорад.

Ҳамзамон, нисбат ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати беназоратӣ ва дуруст ба роҳ намондани корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ муҷозоти интизомӣ татбиқ гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button