ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТО 27 ОКТЯБР ДАР ВОДИҲОИ ТОҶИКИСТОН БОРОН МЕБОРАД, ДАР КӮҲҲО – БАРФИ ТАР

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 24 октябри соли 2022  сокинон ва меҳмонони ҷумҳуриро огоҳ кард, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон, то 27 октябр дар кишвар обуҳаво номусоид шуда, дар водиҳо борон ва дар кғҳистон (сар аз баландии 1500 метр аз сатҳи баҳр) барфи тар мезанад. Ҳамчунин дар манотиқи кӯҳистон ва доманакӯҳ ях задани қабати хок низ пешбинӣ карда мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин робита ба сокинони манотиқи кӯҳистону доманакӯҳ муроҷиат карда, ҳушдор додааст, ки сардиҳо метавонад ба ҳосили кишоварзиашон хатар эҷод кунад ва аз ин рӯ, онҳо бояд ҳосили алакай пухтаву расидаро сари вақт ҷамъоварӣ кунанд ва ҳосили боқимондаро бо плёнка, матоъ ваё бо алаф бор кунанд, ки сард назанад.

Кумита ҳамчунин аз чорводорон хостааст, ки ҳангоми чаронидани чорво ва дар чарогоҳҳои кӯҳистонӣ ҳушёр бошанд. Аз падару модарон ҳам хоста шудааст, ки дар ин рӯзҳо кӯдакони худро беназорат нагузоранд.

 “Ба хотири пешгирӣ аз сӯхтор бояд ба чӣ андоза дуруст кор кардани таҷҳизоти барқӣ аҳамияти вижа дод. Аз онҳое, ки хонаҳояшонро бо ангишт гарм мекунанд, хоҳиш мекунем, ки аз қабл дудбароҳо ва дуруст кор кардани бухориҳояшонро тафтиш кунанд”, – гуфта мешавад дар ҳушдор.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагон ҳам хостааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон маҳдудияти  суръат ва фосилаи муқарраршуда байни воситаҳои нақлиётро қатъиян риоя кунанд, чунки  дар ин рӯзҳо хатари сангрезу сел зиёд аст.

 Ҳафтаи гузашта низ аз 18 то 20 октябр  ҳаво дар Тоҷикистон бад шуд: дар кӯҳҳо барф заду дар водиҳо борон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button