ВидеоКоррупсия

ТАСАРРУФИ ДУЮНИМ МИЛЛИОН СОМОНӢ ТАНҲО АЗ ҲИСОБИ МАОШ ВА ТАНҲО ДАР СЕ БОҒЧА (!!!)

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 24 октябри соли 2022 хабар дод, ки кормандони ин ниҳод танҳо дар се боғчаи кӯдакони шаҳри Роғун ва танҳо аз ҳисоби фонди маош тасарруфи беш аз дуюним миллион сомонӣ, ё тақрибан 250 ҳазор доллар маблағҳои давлатиро ошкор кардаанд.

Маркази матбуоти Агентӣ дар иттилоияи кӯтоҳе хабар дод, ки тасарруфи ин маблағҳои ҳангуфт, ҳангоми тафтиши шуъбаи “Амонатбонк” дар шаҳри Роғун ошкор карда шуд.

“Дар асоси Нақшаи тафтишу санҷишҳои молиявии Агентӣ барои солҳои 2021-2022 филиали БДА Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун мавриди санҷиши молиявӣ қарор дода шуд.  Зимни санҷишҳои мутақобила дар Муассисаҳои боғчаи бачагонаи №1, №20 ва №21 шаҳри Роғун муайян карда шуд, ки аз ҳисоби фонди музди меҳнатӣ кормандон зиёда аз 2,5 млн сомонӣ тасарруф карда шудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Агентии мубориза бо коррупсия.

Тафсилоти дигаре дар ин бора оварда нашудааст. Ин ҳам гуфта нашудааст, ки оё ягон кас барои тасарруфи ин маблағҳои бузург боздошт шудааст ё на?

Агентии мубориза бо коррупсия танҳо хабар додааст, ки: “Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои санҷиши молиявӣ барои қабули қарори қонунӣ ба сохторҳои дахлдори Агентӣ пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад.”

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамеша аз ҷониби Агентии мубориза бо коррупсия дар радифи соҳаҳои аз ҳама фасодзадаи ҷумҳурӣ ном бурда мешавад. Корафтодагон мегӯянд, ба хусус ҳангоми муроҷиат ба муасиссаҳои таълимие, чун кӯдакистонҳо ва боғчаҳои кӯдакон дучори ҳолатҳои фаровони коррупсия мешаванд.

Ҳоло вазифаи мудири боғчаи кӯдакон аз мансабҳои пурхаридор ба шумор меравад ва шоҳидон мегӯянд, бархе нафарони қалбдаст барои ба даст овардани ин мақом дар шаҳрҳои бузургтари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар пойтахт  аз 25 ҳазор то 50 ҳазор доллар ришва медиҳанд. Маълум аст, ки мансабро ба чунин маблағҳои ҳангуфт бо мақсади беҳбуди кор намехаранд, балки он нафари даст ба мансаб ёфта пеш аз ҳама кӯшиш мекунад, ки пораи барои харидани ин мансаб харҷкардаашро ҷуброн кунад. Аз ҷумла аз ҳисоби даст бурдан ба пуле, ки аз буҷа барои кӯдакони ин боғча ё кӯдакистон ҷудо карда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button