ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

НИГАРОНИИ ГУЗОРИШГАРИ ВИЖАИ СОЗМОНИ МИЛАЛ АЗ САРНАВИШТИ ФАЪОЛОНИ ПОМИРӢ

Мери Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар масоили ҳомиёни ҳуқуқи инсон (Mary Lawlor UN Special Rapporteur HRDs) бори дигар аз сарнавишти фаъолони ҳабсшудаи помирӣ – раҳбари созмони ғайридавлатии “Қонун ва номус” ҳомии ҳуқуқ Улфатхоним Мамадшоева ва раҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, адвокат Манучеҳр Холикназаров изҳори нигаронӣ кард.

“Ман ба ҳукумати Тоҷикистон дар бораи боздоштҳои эҳтимолан худсаронаи Улфатхоним Мамадшоева ва Манучеҳр Холиқназаров нома навиштам. Ман аз таҳаввулоти марбут ба ин қазия дар ташвишам ва ба иртибот бо ҳукумат дар ин мавзӯъ идома хоҳам дод”, навиштааст Мери Лолор  рӯзи 21 октябри соли 2022 дар Твиттер.

Хонум Лолор дар бораи муҳтавои номааш ба мақомоти Тоҷикистон тафсилоти дигар надодааст.

Қаблан моҳи июли соли 2022, якбора 5 гузоришгари вижаи Созмони Милал, аз ҷумла Мери Лолор  дар робита ба парвандаҳои Улфатхоним Мамадшоева ва Манучеҳр Холикназаров ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нома навишта буданд. Онҳо дар он нома аз боздоштҳои эҳтимолан худсаронаи ин ду фаъоли ақалияти помирӣ ва иттиҳомоти ба зиддашон эълоншуда, ҳамчунин аз тасмими задани муҳри махфӣ ва ба ин васила барои ҷомиа дастнорас кардани маводи парвандаҳои зидди фаъолони помирӣ изҳори нигаронӣ накарда, инро мухолиф ба меъёрҳои байналмилалӣ дар мавриди кафолати додгоҳҳои одилона номида буданд. Дар номаи гузоришгарони Созмони Милал аз истифодаи беш аз ҳадди нирӯ аз ҷониби мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ изҳори ташвиш карда мешуд.

Дар номаи гузоришгарони Созмони Милал бархе тафсилоти чӣ гуна ҳабс шудани Мамадшоева ва Холиқназаров низ зикр шудааст.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 17 майи соли 2022 ВКД Тоҷикистон Мамадшоеваро ба даст доштан дар ташкили тазоҳуроти як рӯз қабл дар Хоруғ айбдор кард. Мамадшоева инро рад кард ва ба журналистон гуфт, ки ӯ дар рӯзи он эътироз дар хонааш дар Душанбе қарор дошт.  Ҳамон рӯз нафарони либоси мулкӣ дар тан ба 4 журналист дар пайи мусоҳибаҳояшон бо Мамадшоева ҳамла оварда, видеокамера ва телефонҳои онҳоро кашида гирифтанд ва якеро заданд. Баъди шикояти журналистон, ВКД дар робита ба ин ҳамла таҳқиқро сар кард, вале то ҳол ягон нафари дастдошта дар ҳамла ба журналистонро “наёфтаанд”.

18 май Мамадшоева аз сӯи корманди КДАМ ва Додситонии кул дастгир шуд. Манзилашро кофтукоб карданд ва телефону ноутбукашро мусодира карданд.

19 май ба зидди Мамадшоева бар асоси моддаи 307 бо иттиҳоми даъватҳои оммавӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ айб эълон карданд.  Ба парвандаи ӯ муҳри махфӣ зада шуд. Ба ин далел, муҳокимаи ӯ пушти дарҳои баста хоҳад гузашт ва адвокаташ ҳам дар бораи ин парванда суҳбат карда наметавонад.  Гузоришгарони Созмони Милал инро мухолифи меъёрҳои байналмилалии марбут ба кафолати додгоҳи одилона номиданд.

24 май телевизиони давлатии Тоҷикистон филмеро намоиш дод, ки дар он Мамадшоева ба ташкили эътирозҳо дар Хоруғ ҳамроҳ бо лидери ғайрирасмии помириҳо Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки рӯзи 22 май кушта шуд, “иқрор” мекунад. Мамадшоева дар боздоштгоҳи КДАМ дар ш. Душанбе ҷой карда шудааст.

Манучеҳр Холиқназаров аз ҷумла 13 узви “комиссияи 44” буд, ки рӯзи 28 май дастгир ва бозпурсӣ шуданд. Ӯро аввал додситонии вилояти Бадахшон бо иттиҳоми “гирифтани пул аз созмони мамнӯи Паймони миллии Тоҷикистон” бозҷӯӣ мекард, вале сипас ӯро ба боздоштгоҳи ВКД ва 6 июн аз Хоруғ ба Душанбе бурда, дар боздоштгоҳи КДАМ ҷой карданд. Холиқназаров бар асоси моддаи 187 ба иштирок дар фаъолиятти созмони ҷиноӣ айбдор мешавад ва ба ӯ то 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Маълум нест, ки оё ӯ ба адвокат дастрасӣ дорад ё на?

Эътирозҳо дар Хоруғ ва Рӯшон 14 майи соли 2022 бо талаби таҳқиқи парвандаи баъди боздошташ ба таври мармуз кушта шудани лидери маҳаллӣ Гулбуддин Зиёбеков оғоз ёфт. 18 май ВКД аз шурӯи “амалиёти зиддитеррористӣ” дар Бадахшон хабар дод. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуда, ба гуфтаи фаъолон, беш аз 200 кас дастгир шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран ҳалокати 32 нафар, аз ҷумла 29 нафар аз тазоҳургаронро дар Бадахшон тасдиқ кард ва гуфт, парвандаҳо и 109 нафар алакай ба додгоҳ рафта,  ҳукми 77 нафари онҳо алакай эълон шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button